Баъди занозаниву муноқиша дар Олмон, маъмурони пулис аз ҷавонони тоҷик аз ҷумла 3 блогери шинохтаву начандон шинос забонхат гирифтаанд, ки дигар ба ҳам наздик нашаванд, вагарна ҷазо мегиранд.
Муноқишаи шаби 17-уми феврал, ки ба тирандозӣ бо туфанги газӣ печид, дар чанд рӯзи ахир дар шабакаҳои иҷтимоӣ васеъ баҳс мешавад ва баҳси он то ба нишасти хабарии вазири корҳои дохилии Тоҷикистон ва нашри баёнияе хосе аз тарафи Ҳизби наҳзати исломӣ кашид. Дар умум аз ду тараф дар ин муноқиша 8 нафар ширкат доштаанд.
Музаффар Давлатов, яке аз блогерони тоҷик, ки бо номи “Борода ТҶ” дар Ютуб шинохта шудааст, дар баёнияе видеоие дар Ютуб мегӯяд: “Ҳашто варақ доданд, ки дар он навиштагӣ аст, ҳар чаҳори мо набояд ба маҳалле равем, ки тарафи муқобил зиндагӣ мекунад, вагарна ба 4 соли зиндон маҳкум мешавем.”
Яке аз тарафҳои дигари моҷаро Шерзод Маҳмадҷонов рӯзи 21-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, чунин чизе дар парвандае, ки ба онҳо доданд, навишта нашудааст, вале муфаттишон гуфтаанд, “ба шарте шуморо аз боздоштгоҳ раҳо мекунем, ки дигар ба Музаффар наздик нашавед.”
Дар натиҷаи даъвову кашмакаш ва занозанӣ, ки видеояш ҳам ба шабакаҳои иҷтимоӣ чарх мезанад, Музаффар Давлатов, аз гардану дастонаш маҷруҳ шудааст. Блогерҳои “рақиб”-и ӯ Шерзод Мамадҷонов ва Сулаймон Орзуев ва яке аз ҳамроҳони дигари онҳоро пулиси Олмон баъди муддати кутоҳе аз бозпурсӣ раҳо кардааст, вале таҳқиқи парвандаи муноқиша идома дорад.
Музаффар Давлатов ва Шерзод Мамадҷонов (Борода ТҶ ва Абдураҳмон09) бо нашри видеоҳое дар Ютуб якдигарро ба сар задани муноқишаву занозанӣ муттаҳам кардаанд ва Музаффар Давлатов иддао кардааст, ки ин афрод пайравони Ҳизби мамнуи наҳзати исломӣ ҳастанд ва мехостанд, ӯро бикушанд. Иддаое, ки Шерзод Мамадҷонов ва Сулаймон Орзуев рад мекунанд.
Сабаби даъвову кашмакаш чӣ буд?
Сабаби моҷарову занозанӣ ҳам ихтилофоти назар байни ин блогерон будааст, ки зоҳиран ба ҳамдигар хусумати қадимӣ доранд. Музаффар Давлатов, умдатан аз масоили сиёсӣ дурӣ меҷӯяд ва дар бораи мавзуъҳои иҷтимоӣ суҳбат мекунад, баръакси Абдураҳмон09 ва ШефТҶ, ки дар каналҳояшон бештар видеоҳои сиёсӣ ва динӣ дида мешавад.
Сулаймон Орзуев, ки дар Ютуб канале бо номи “Шеф ТҶ” дорад, баъди сафари Музаффар Давлатов ба Тоҷикистон ва ситоиши ӯ аз “пешрафт кардани Душанбе ва мисли Дубай” шудани он, видеое нашр карда ва дар он Музаффар Давлатовро “фосиқ” ва дурӯғгуе номидааст, камбизоативу нақзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистонро нодида гирифта, пешрафтҳои набударо таъриф мекунад.
Сулаймон Орзуев дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки баъди ин видео “Борода ТҶ” бо нашри як видеое, ки баъдан аз Ютуб пок кардааст, ӯро дашномҳои зиште дод, ки таҳаммул карданашон номумкин аст. Ӯ афзуд: “Пеш аз онки видео сабт кунад, дар поёни видеои ман аҳлу авлоди маро дашномҳои бад дод. Баъди ин мо гуфтем, ки як рӯз меравем, суҳбат мекунем (дар бораи Тоҷикистон) ва дар видео ва мебинем, кӣ ҳақ асту кӣ ноҳақ.”
Барои ин суҳбати рӯ ба рӯ Сулаймон Орзуев ва се ҳамроҳи дигараш аз чаҳор шаҳри Олмон -- Бергкамен, Киерспе, Гуммерсбах, Дюсселдорф, роҳи аз 50 то бештар аз 100 километриро тай карда ва ба шаҳри Зост, маҳалли зисти Музаффар Давлатов омадаанд.
Дар видеоҳое, ки ҳар ду тараф нашр кардаанд, дида мешавад, баҳси лафзӣ ба дашному гиребонгирӣ ва сипас бо тирандозӣ мекашад. Яке ҳам дар ин миён маъмурони пулисро даъват мекунад. (Радиои Озодӣ бинобар вуҷуди дашному ҳақорат дар видео онро нашр намекунад.)
Талошҳои Радиои Озодӣ барои гуфтугӯ бо Музаффар Давлатов натиҷа надод, ҳарчанд ӯ ба такрор иддао мекунад, ки ҳадафи чаҳор ҷавоне, пайравону аъзои Ҳизби наҳзати исломӣ ҳастанд, “куштани ӯ буд”.
Вазир чӣ гуфт ва Ҳизби наҳзат чӣ гуфт?
Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилои Тоҷикистон рӯзи 19-уми феврал дар нишасти хабарие дар Душанбе гуфт, аз мақомоти Олмон дар бораи муноқишаи ҷавонони тоҷик ҷузъиёт хостаанд вале ба қавли вазир, “вақте як нафаре аз онҳо аз Тоҷикистон ба Олмон баргашта аз пешрафт мегӯяд, кори ӯ ба блогерони Ҳизби наҳзати исломӣ маъқул намешавад.”
Аммо Ҳизби наҳзати исломӣ рӯзи 17-уми феврал бо нашри як баёнияе гуфт, ки ин афрод узви ҳизб нестанд ва гуруҳҳои тарафдори ҳукумат бо истифода аз ин ҷанҷол ба сиёҳ кардани ин ҳаракати мамнуъи исломӣ дар Тоҷикистон пардохтаанд.
Дар баёнияи ҳизб омадааст: “Дар фазои маҷозӣ шахсиятҳои гуногуне мустақилона амал мекунанд ва мубориза бар зидди зулму беадолатиро ҳаққи худ медонанд, аммо аксарияти онҳо ба наҳзат рабте надоранд ва масъулияти амал ва гуфтаҳои онҳо бар дӯши худашон аст. Ногуфта намонад, ки робитаҳои хешовандӣ ва шахсии инсонӣ наметавонад, муайянкунандаи робитаи сиёсии афрод ва рабти онҳо ба ҳизбу гурӯҳҳои мухталиф бошад.”
Зоҳиран ишораи ҳизб ба Сулаймон Орзуев аст, ки писари яке аз аъзои фаъоли Ҳизби мамнуи наҳзати исломӣ дар хориҷ аз Тоҷикистон аст. Ҳарду ҳам Сулаймон Орзуев ва ҳам Шерзод Мамадҷонов ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки узви ҳизб нестанд ва ақидаҳои худро мустақилона баён мекунанд.
Танқиди ҳарду ду тараф дар Фейсбук
Дар ин миён бисёре аз корбарон дар Фейсбук ҳарду тарафро ба шиддат маҳкум кардаанд, ки ба ҷойи истифода аз имконоти васеи пешрафт дар Олмон бо баҳсҳои пуч, гиребони ҳамдигарро мегиранду омодаанд, яке хуни дигареро бирезад.
Дар ин миён Фаридуни Раҳнавард, хабарнигори тоҷик, ки ҳоло муқими Амрикост, муноқишаи 8 ҷавони тоҷик дар Олмонро "хурӯсҷанг” ва ё "набард"-и чанд блогери тоҷике номидааст, ки аз Ютуб ба суҳбати телефонӣ ва сипас ба “тирпарониву кордкашӣ” дар Олмон расидааст.