Масъулони Раёсати корҳои дохилии Душанбе зидди блогере, ки барои санҷиши "садоқати дӯстдоштааш" ӯро барои мулоқот ба партовгоҳ бурда, аз ин рӯйдод видеои "пранк" ё "фанд" нашр кардааст, парвандаи маъмурӣ кушодаанд. Мақомот мегӯянд, навор шаъну эътибори духтаронро паст задааст. Аммо муаллиф гуфтааст, ин танҳо бозӣ буд ва ба ин восита мехостанд дар шабакаи Ютуб тамошобини зиёд ҷалб карда, пули бештар ба даст оранд.
Баррасии қазия идома дорад ва маълум нест, блогер барои нашри фанди шӯхиомез ҷарима хоҳад шуд ё ҳабс.
Санҷиши навор дар заминаи нигаронии баъзе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ шуруъ шудааст. Онҳо гуфтанд, агар аз як тараф блогерҳо аз мушкили ҷомеа мегӯянд, аз сӯйи дигар барои пайдо кардани маҳбубият дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ба даст овардани маблағ ба ҳарими хусусии дигарон дахолат карда, ҳуқуқи онҳоро поймол мекунанд.
Дар се моҳи ахир бори дувум аст, ки блогерҳои тоҷик барои пахши наворҳои, ба қавли мақомот, беобрӯкунандаи занон муҷозот мешаванд. Дар ҳодисаи аввал ба блогерон аз 10 то 25 ҳазор сомонӣ ҷарима ё як сол корҳои ислоҳӣ таҳдид мекард ва онҳо бар асоси қонуни афв аз ҷавобгарӣ озод шуданд. Онҳо ба ҷамъоварӣ ва паҳн кардани иттилоъ дар бораи зиндагии шахсии занони танфурӯш айбдор мешуданд.
Ҳафтаи гузашта дар шабакаи Ютуб Аҳлиддин Беқулов "фанд" ё "пранк"-еро нашр кард, ки дар он духтари дӯстдоштаашро ба мулоқот ба партовгоҳи шаҳри Душанбе бурдааст. Баъд аз он ки чашми духтарро мекушояд, ӯ худро дар партовгоҳ мебинад ва ҷавонро дашном дода, аз "маҳалли мулоқот" мегурезад. Блогер дар охири навор фирори дӯстдоштаашро ҳамчун бевафоии духтарон ба писарон маънидод кардааст.
Мақомоти корҳои дохилии Душанбе гуфтанд, Аҳлиддин Беқулови 29-сола ва Моҳрӯ Зиёдуллоеваи 21-сола сокинони пойтахт ҳастанд. Ба гуфтаи мақомот, "пурсиш муайян кардааст, ки навор бо иҷозаи духтар сабт шуда, мехостаанд, бо ин роҳ машҳур ва бо гузоштани он дар сомонаҳои иҷтимоӣ пул ба даст оранд."
Як мусоҳиби мо дар идораи корҳои дохилӣ гуфт, ҳарчанд ин видео бо ризояти ҳарду ҷониб таҳия ва ба интернет роҳ ёфтааст, "меъёрҳои ахлоқиро вайрон карда, шаъну шарафи шаҳрвандонро паст задааст". Бахше аз корбарон низ мегӯянд, паҳнкунандагони "фанд-видеоҳо"-и тоҷикӣ ба масъалаҳои одоб ва ахлоқ камтар диққат медиҳанд. Аксари чунин "фанд"-ҳо пур аз душномҳои қабеҳанд.
Ҳоло шабакаҳои иҷтимоӣ дар баробари ин ки минбаре барои баёни фикру мулоҳиза ва баррасии мушкилоти мардум аст, барои гуруҳи дигар роҳи машҳур шудан ва ба даст овардани маблағ гардидааст. Талошҳои мо барои пайдо кардани пайвандони Аҳлиддин Беқулов то ин дам бенатиҷа буд, то асли қазияро аз ӯ бипурсем. Аммо ба иттилои дарёфтӣ ӯ қаблан барои ташкили студияи бе иҷоза ҷазо гирифтааст.
Видеоблогери тоҷик Диловар Сафаров дар миёни корбарони Ютуб бо суҳбатҳои кӯтоҳ ва тарбиявии худ машҳур аст. Муносибати зану шавҳар, азҳампошии оилаҳо, нобаробарии ҷинсӣ, муҳоҷират ва ёди модар аз мавзуъҳоест, ки блогери тоҷик дар наворҳои кӯтоҳи худ матраҳ мекунад. Аммо ба назари Сафаров, "ончӣ блогерони ҷавон дар шабакаҳои иҷтимоӣ мегузоранд, бо ҳадафи маъруф шудани онҳо дар миёни мардум асту бас."
"Барои мисол, агар нафаре дар зери наворҳои гузоштаи ман зан ё модарро дашном диҳад, то ӯро пайдо накунам, виҷдонам ором намегирад. Барои баъзе блогерон муҳим нест. Муҳим он аст, ки видеояшонро тамошо кунанд ва онҳо машҳур шаванд", -- афзуд Сафаров.
Блогери дигари тоҷик гуфт, "на ҳамеша наворҳо даромад меоранд", вале муҷозоти блогерон боис шудааст, ки "дар Тоҷикистон худсонсурӣ ҷорӣ шавад ва блогерон эҳтиёткор шаванд". Мусоҳиби мо афзуд, аз ҳар наворе, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн мекунад, 50 ё 100 сомонӣ фоида мегирад.
"Ҷойи кор нест, касе ба ту пул намедиҳад. Ин ягон кори ғайриқонунӣ нест. Агар ба зиндагии шахсии касе кор нагиред, ҷиноят ҳам нест. Дар кишварҳои дигар ин кор маъмул аст. Ин ки ҳар видео санҷиш ва блогерон муҷозот мешаванд, кори хуб нест", -- афзуд ӯ.
Ҳоло дар шабакаи Ютуб садҳо ҷавони тоҷик сафҳаҳои худро доранд ва пайваста дар он видео нашр мекунанд ва бинандагонро беист ба обуна шудан ба саҳифаи худ ва "лайк" гузоштан ташвиқ мекунанд.
Саҳифае, ки дар YouTube беш аз ҳазор обуначӣ ва дар як соли охир тамошобинон видеоҳои ӯро на кам аз 4 ҳазор соат тамошо кардаанд, имкони даромад гирифтанро дорад. Дар ҳавзаи пасошӯравӣ айни замон маъмурияти YouTube барои ҳазор тамошо ё биниш аз 20 то 50 сент медиҳанд.
Баҳори имсол идораи давлатии "Тоҷикфилм" ба унвонии маъмурияти шабакаи YouTube нома навишта, дархост кард, ки бе мувофиқа бо онҳо видеоҳои блогерони тоҷикро нашр накунанд. Масъулони “Тоҷикфилм” мегӯянд, аз муҳтавои видеоҳои бархе аз блогерҳо "шармашон меояд". Мақомоти андоз мегӯянд, онҳо мисли ҳар шаҳрванди дигари Тоҷикистон бояд молиёт супоранд. Иддаое, ки блогерон қабул надоранд ва мегӯянд, он чизеро сабту нашр мекунанд, ки бештар ба худу муштариёнашон писанд аст. Баъзе аз видеоблогерон чунин кӯшишҳои мақомотро навъе фишор ва кӯшиши ҷорӣ кардани сензура ё сонсур медонанд, ки қонунҳои Тоҷикистон манъ кардаанд.