Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Видеои муҳоҷирон ва вокунишҳо ба "муҷозот"-и модари блогери тоҷик дар Озодӣ Онлайн. ВИДЕО


Сӯхтор дар маҳалли зисти муҳоҷирон, гилаи ронандаҳо, мактаби вайрона дар Панҷакент ва вокунишҳо ба “муҷозот”-и модари блогери тоҷик аз видеову мавуъҳоест, ки имрӯз дар “Озодӣ Онлайн” дар бораашон гап мезанем.

Барномаро бо видеое аз Русия оғоз мекунем, ки муҳоҷирон рӯзи 20-уми январ фиристоданд. Муаллифи видео дертар ба Радиои Озодӣ гуфт, сӯхтор дар яке аз гӯшаҳои шаҳри Санкт-Петербург ва дар вагонҳое, ки муҳоҷирон мезистанд, рух додааст. Дар ин ҳодиса тоҷикон осеб надидаанд.

Видеои дигар аз шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд, аз ҷамоати Моғиён, дастрас шуд. Муаллифони видео мегӯянд, мактаби ҷамоат дар ҳолати вайронӣ аст ва бояд ҳарчи зуд бозсозӣ шавад. Тасвири мактабро дар видео мебинем.

Дар гузашта низ дар бораи мактабҳои вайрона дар гӯшаҳои Тоҷикистон гузориш шудааст. Мақомот мегӯянд, онҳоро бо навбат бозсозӣ мекунанд.

"Модари писар чӣ гуноҳ дошт?"
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:26 0:00

Як гузориши Радиои Озодӣ дар бораи аз кор ронда шудани Шоҳида Маҳмадҷонова, табиби тоҷик ва модари блогер Шерзод Маҳмадҷонов сабаби баҳси дарозе дар вебсайти Радиои Озодӣ шуд. Шерзод ҳоло дар Олмон донишҷӯ аст ва бо наворҳои интиқодиаш дар бораи сатру ҳиҷоб машҳур аст.

"Таҳлилгар" дар сомонаи Радиои Озодӣ навиштааст, "Озодӣ ҳамин аст, яке танқид мекунаду дигаре таъриф. Танқид хуб аст, вагарна пешравӣ намешавад. Ҳамаи танқидгаронро ифротӣ номидан имкон надорад. Ҳукумат бояд ба танқидҳо такя карда, аз пайи беҳтар кардани вазъи иқтисоду иҷтимои давлату мардум шавад."

Корбаре бо номи "Кӯлоб" гуфтааст, "модари писар чӣ гуноҳ дошт. Бача аллакай синни 18-ро гузаштааст ва ихтиёр дар дасти худаш аст."

Нафаре, ки номашро нагуфтааст, дар сомонаи Радиои Озодӣ навишт, "нав фаҳмидам, ки ба Кумитаи дин, Дастгоҳи иҷроияи президенту Кумитаи кор бо занон занг задан ҷиноят будааст."

Чанде аз корбарон блогери тоҷикро танқид кардаанд, ки ба ҷойи омӯзиш аз пайи сатру ҳиҷоби занон шудааст. Корбаре бо номи "Донишҷӯ" навиштааст: "Донишҷӯ ба сатр чӣ кор дорад. Вазифааш хондан аст. Ҳар кас кори худашро кунад. Айби бачааш шудааст. Модараш бо сатр гаштааст, ба дигарон чӣ кор дорад. Ҳар кас бояд кори худашро кунад."

Корбари дигаре "Беном" ҳам аз блогери тоҷик пурсидааст, "Шерзод, пас, чаро ба Арабистони Саудӣ ё Покистон ё ягон режими исломӣ нарафтӣ? Дар Олмон чӣ кор дорӣ?"

"Ҳуқуқдон" ҳамаи инро фишори равонӣ номидааст.

Ва дар барнома видеоеро аз Душанбе аз паси дарвозаи Идораи Бозрасии Давлатии Автомобилӣ мебинем, ки чанд ронанда ба мо фиристодаанд. Яке аз ронандаҳо шикоят кард, ки мусофирбарӣ мекунанд ва нозирони роҳ мошини онҳоро боздошта, ба истгоҳи ҷаримавӣ меоранд, ки ҳам монеи корашон мешавад ва ҳам ҷаримаи ҳангуфт мебанданд. Муаллиф мегӯяд, ин вазъ боиси навбати тӯлонӣ дар идораи бозрасии автомобилии пойтахт ҳам шудааст.

Шумо ҳам видеову акс ва назари худро ба мо фиристед. Аз ҳар роҳе ки мехоҳед, вотсап, имо вайбер ва телеграм дорем. То дидор дар барномаи дигар.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG