Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Блогерон пас аз гиряи яке аз занон, худро гунаҳкор донистанд. ВИДЕО


Чаҳор блогери тоҷик, ки ба нашри навор дар бораи занони "танфурӯш" муттаҳам дониста мешаванд, дар нахустин мурофиаи додгоҳӣ гуфтанд, дар ин қазия худро гунаҳкор меҳисобанд. Ин дар ҳолест, ки онҳо пештар гуфта буданд, ҷиноят содир накардаанд, балки воқеиятро гуфтаанд.

Моҳи июни имсол пас аз нашри як навор дар бораи занҳои "танфурӯш" аз сӯи чаҳор блогери тоҷик -- Рустам Ашӯров, Беҳрӯзи Шарифӣ, Шаҳриёр Ҷалилов ва Юсуфҷони Давлатмурод -- ба зидди онҳо бо моддаи 144-и Кодекси ҷиноӣ парванда боз гардид. Ин банди қонун барои "ғайриқонунӣ ҷамъ ва паҳн кардани маълумот дар бораи ҳаёти шахсӣ", аз 10 то 25 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё як сол корҳои ислоҳиро пешбинӣ мекунад.

Мурофиаи додгоҳии блогерон рӯзи 15-уми октябр дар Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии пойтахт, зери раёсати додрас Аҳмад Бобозода баргузор гардид. Оғози парванда ба зидди чаҳор блогер дар пайи шикояти 6 зане, ки дар парванда "ҷабрдида" номида шудаанд, сурат гирифтааст.

Аз 6 ҷабрдида, се нафар дар мурофиаи додгоҳӣ ҳузур доштанд. Шахсияти ҷабрдидаҳо ба Радиои Озодӣ маълум аст, вале бо далелҳои ахлоқӣ аз онҳо ном гирифта намешавад. Яке аз ин ҷабрдидаҳо ҳангоми баромадаш иброз дошт, шабе, ки ба кӯча баромад, намедонист, блогерон онҳоро пинҳонӣ сабт мекунанд.

Гузориши видеоӣ дар ин ҷост:

Блогерҳо дар нашри навори занҳои "сабукпо" худро гунаҳкор донистанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:36 0:00

Ин зан гуфт, шаби сабти навор Беҳрӯз, яке аз блогерҳо ӯро ба дохили мошин даъват намуда, дар бораи нархи корашон пурсидааст. "Лекин аз ин бехабар будем, ки дар мошин сабт мекунанд. Мо ду нафар будем ва нархро 200 сомонӣ гуфтем. Ҳамроҳам розӣ нашуд, Гуфт, ки бача риш дорад, метарсам. Баъдан ин бача ба мо пул доду гуфт, ин корро накунед, равед ба хонаҳоятон".

Ҷабрдидаи дигар дар вақти баромади худ иброз дошт, ки нашри навори блогерон ба зиндагияш таъсири бад расондааст. Вай гуфт, ҳатто домодаш аз Русия тамос гирифта, дар бораи навор аз вай пурсидааст. Ин ҷабрдида афзуд, соҳиби ду фарзанд буда, дар Душанбе, дар манзили иҷора зиндагӣ мекунад.

Зимни мурофиаи додгоҳӣ вақте айбдоркунандаи давлатӣ ба пурсиши ӯ оғоз намуд, ин зан ба гиря даромад ва натавонист бештар ҳарф занад. Ин ҷабрдида пас аз анҷоми мурофиаи додгоҳӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, набояд блогерон ин корро мекарданд, зеро ӯ "аз маҷбурӣ шабона ба кӯча мебарояд".

"Зиндагӣ мушкил аст, чӣ кор кунем, баъди ин навор моро шинохтанд ва шиносҳо аз ҳар ҷо ба мо занг заданд", -- гуфт ӯ.

Дар пайи баромади занҳо, блогерони тоҷик дар мурофиаи додгоҳӣ гуфтанд, худро гунаҳкор мешуморанд ва иқрор мекунанд, ки кори хато кардаанд. Онҳо шарҳи бештар надоданд, ки иштибоҳашон чӣ будааст. Танҳо яке аз онҳо ишора намуд, ки "ҳадаф аз навор паст задану пул кор кардан набуд".

Шаҳриёр Ҷалилов
Шаҳриёр Ҷалилов

Шаҳриёр Ҷалилов, яке аз блогерони тоҷик дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, намедонист, ки пас аз навор нисбат ба онҳо парванда боз шуда, то ба додгоҳ кашида мешаванд. Блогерҳо нахостанд, дар бораи парвандаашон бештар сӯҳбат намоянд.

Дар мурофиаи додгоҳӣ муттаҳамон ва ҷабрдидаҳо адвокат надоштанд ва додрас ба онҳо ба такрор таъкид менамуд, ки метавонанд, вакили мудофеъ гиранд. Ё бе адвокат низ фикру андешаҳои худро баён карда метавонанд.

Моҳи июн блогерони тоҷик бо ҳадафи анҷом як навори таҷрибавӣ, занҳоеро, ки аз онҳо "фоҳиша" ном мебурданд, дар хиёбонҳои пойтахт савори мошин карда, аз онҳо дар бораи нарху хизматрасониашон пурсон шуданд. Онҳо ҳамчунин ба занон маблағ пешниҳод карда, хостаанд он шаб кор накунанд ва ба хона назди фарзандонаш баргарданд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон навори таҷрибавӣ ва сербинанда дар шабакаҳои иҷтимоиро дар бораи кору зиндагии ин занон "ғайриахлоқӣ" хонд ва 4 ҷавонеро, ки дар сабту нашри он ширкат кардаанд, ба паҳн намудани маълумот дар бораи ҳаёти шахсӣ муттаҳам кард.

Дар изҳороти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар бораи ин амали блогерон гуфта шуд, "ба истилоҳ блогерон... бо мақсади ба даст овардани манфиатҳои пулӣ ба таҳияи барномаҳои интернетӣ даст зада, бо вайрон кардани меъёрҳои ахлоқӣ ва этикаи касбии журналистӣ ба паст задани шаъну шарафи шаҳрвандон чунин тарзи фаъолиятро ба роҳ мондаанд".

Аммо Рустам Ашуров, блогери тоҷик қаблан ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки ҳадаф аз сабти ин навор тағйири муносибат бо чунин занон барои тарки ин кор ба онҳо кӯмак кардан ва ҳамчунин рушди видеоблогинг дар Тоҷикистон буд, на беобрӯ сохтани занон ва паст задани шаъну шарафи онҳо. Сабти навор бо ин занон ва сӯҳбат бо онҳо дар бораи нарху наво ва шароити хизматрасонӣ идеяи Рустам будааст.

Ин блогери тоҷик мегӯяд, онҳо аз қабл медонистанд, ки ин навор дар ҷомеа дар баробари бинанда, вокуниши зиёд ва ҳатто тунд ба бор меорад, вале интизори кашидани корашон то додгоҳро надоштанд. Ба қавли, Рустам дар шабакаҳои иҷтимоӣ пур аз наворҳои беобрӯкунандаи занон бо чеҳраҳояшон нашр шудааст, ки касе то ҳол барои он муҷозот нашуда буд.

Навори блогерони тоҷик ва бархӯрди мақомот ба он дар шабакаҳои иҷтимоӣ вокунишҳои мухталиф ба бор овард. Ин қазия ҳам баҳси ҳимоягар доштани танфурӯшон дар миёни милисаҳоро доғ кард. Аксари корбарони интернет ба ин айбе, ки ба блогерони ҷавон нисбат дода мешавад, норозиянд ва мегӯянд, мақомот бояд ба ҷойи парвандаи ҷиноӣ ба ҷавонон, ба мушкили танфурӯшӣ ва аз байн бурдани ин падида бештар таваҷҷӯҳ мекард.

Кори блогер ва хабарнигорони мардумӣ ба гуфтаи мусоҳибони Радиои Озодӣ, аз ошкор гуфтану намоиши мушкилу мавзӯъҳои доғи ҷомеа иборат аст. Аммо пас аз ин қазия бархе ба ин боваранд, ки блогерҳо дар Тоҷикистон дар иҷрои ин кори худ худсонсурӣ хоҳанд кард ва эҳтиёткор мешаванд.

XS
SM
MD
LG