Муаллифон: Влад Лавров, Ирен Велска, Катарина Сабадос ва OCCRP Тоҷикистон
05.06.2018
Дар чандин қаторҳои курсиҳои пластикии кабуд нишаста, садҳо марду занон бо либосҳои рангоранги миллӣ ба президенти худ бодиққат гӯш мекарданд. Эмомалӣ Раҳмон, ки дар воситаҳои ахбори кишвари худ “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ” номида мешавад (истифодаи ин унвон мувофиқи қонун ҳатмист), бо эълони муҳим машғул буд: Коргоҳи нави коркарди тилло барои фаъолият кушода шуд.
Ҳамроҳи ду духтараки хурд, президент навори сурхро бурид, ки рамзи кушода шудани иншооти “Пакрут” дар Ваҳдат, ноҳияе тахминан 120 километр ба шимоли шарқ аз пойтахт Душанбе. Гузориши расмии воситаҳои ахбор ваъда дод, ки коргоҳи нав барои аҳолии маҳаллӣ ҷойҳои кор бо маоши хуб таъмин мекунад ва барои рушди иқтисоди Тоҷикистон кумак мерасонад.
Бо назардошти ҳукмронии деринаи Раҳмон аз болои ин кишвари авторитарии Осиёи Марказӣ, боиси тааҷҷуб набуд, ки дар эълони июни соли 2016 таъкид шуд, ки бунёди коргоҳ “бо дастгирии президент” имконпазир шуд.
Вале таҳқиқи нави Лоиҳаи гузоришдиҳии ҷинояткории муташаккил ва фасод (OCCRP) нишон медиҳад, ки дастгирии президент Раҳмон бо нархе дастрас шуда буд. Тавре, ки маълум шуд, баъди солҳои шакку шубҳа, ширкати хориҷие, ки коргоҳро сохтааст – ширкати дар Англия қайдшуда бо моликони чинӣ – ба ширкати домоди президент Шамсулло Соҳибов “ҳаққи барор” пардохта буд.
Ширкати China Nonferrous Gold Limited (CNG), ки саҳмияҳояш дар Бозори маблағгузории алтернативии (AIM) Биржаи фондии Лондон савдо мешаванд, барои дарёфти иҷозатномаи истихроҷи тилло дар кишвар ҳадди ақал 2,7 миллион доллари ИМА пардохтааст. (Он вақт, ширкат фаъолияти худро зери номи Kryso Resources PLC пеш мебурд.)
Баъди ҳуҷҷатҳои дарёфткардаи хабарнигоронро муоина кардан, Даниел Балинт-Курти, Сардори шуъбаи таҳқиқоти созмони Global Witness, ташкилоти ғайридавлатии зиддифасодӣ дар Лондон, гуфт, ки пардохти мазкур метавонад ғайриқонунӣ бошад ва бояд аз ҷониби мақомот таҳқиқ карда шавад.
“Эҳтимоли зиёд аст, ки чунин пардохт бар хилофи қонуни Британияи Кабир оиди ришва аст, хусусан бинобар дар Британияи Кабир қайд будани ширкати Kryso Resources.
На худи Соҳибов ва на ҳукумати Тоҷикистон ба дархости шарҳҳо посух надоданд.
Моҷарои Kryso Resources дараҷаи олудагии ширкатҳои хориҷӣ, аз ҷумла ширкатҳои кишварҳои ғарбиро дар фасоде нишон медиҳад, ки кишварҳои тараққикунандаи хурди ғайридемократӣ, хусусан чунин кишварҳои дорои захираҳои зиёди маъданиро азият медиҳад.
Воқеан, Kryso Resources якумин ширкати хориҷии куҳкане намебошад, ки барои дастрас кардани сарватҳои зери силсилакуҳи Ҳисор пардохтҳои шубҳанок кардааст.
Тиллои зери куҳҳо
Тоҷикистон кишвари қашшоқтарини Осиёи Марказӣ мебошад. Иқтисоди он аз миллионҳо долларҳои интиқолҳои пулӣ аз муҳоҷирони корӣ вобаста аст, ки дар Русия меҳнати вазнин мекунанд. Вале кишвар сарватҳои зиёд дорад.
Ин ҳатто дар давраи шӯравӣ маълум шуда буд, вақте, ки геологҳо аз Маскави дурдаст якумин бор қаторкуҳи Ҳисорро тадқиқ карда буданд.
Вале моҷароҷӯёни хориҷӣ танҳо баъди миёнаи солҳои 1990, баъди ҷанги шаҳрвандӣ, ки баъди ба даст овардани истиқлолияти Тоҷикистон рӯй дода буд, кандани тилло дар дили Осиёи Марказиро кӯшиш карданд.
Яке аз онҳо Крейг Браун буд, як муҳосиби ҷавон аз Зеландияи Нав, ки барои кор дар ширкати Nelson Resources, як ширкати истихроҷи маъдан бо саҳмияҳо дар биржаи фондии Торонто, ба Душанбе омад.
Дар Тоҷикистон, Браун натанҳо ҷои кор ва зан пайдо кард, ӯ инчунин тамосҳои баландпояе пайдо кард, ки ба ӯ имконияти мустақилан амал карданро доданд.
То соли 2001, ӯ то унвони раиси молияи дигар ширкати канадагӣ бо номи Gulf International Minerals расид, ки инчунин дар ҷустуҷӯи тилло дар Тоҷикистон манфият дошт.
Се сол пас, мувофиқи гузориши Globe and Mail аз соли 2004, тамосҳои тоҷикии Браун фоида оварданд. Акнун ҳамчун мушовири Gulf International Minerals International кор карда, ӯ тавонист аз ҳукумати кишвар иҷозатномаи муҳими тадқиқи тиллои Пакрутро дарёфт кунад. Вале ӯ дар ҷазираҳои Багам ширкати офшорие таъсис дода, чунин амал кард, ки иҷозатнома на ба номи ширкати Gulf International Minerals, балки шахсан ба номи худаш навишта шавад.
Мувофиқи таҳқиқи мустақили Deloitte, баъдан Браун кӯшиш кард, ки иҷозатномаро ба корфармои худ бо нархи 3,2 миллион доллар бифурӯшад. Ӯ ними ин маблағро ба раиси амалиётии ширкат Аластаир Ралстон-Асул (ки кӯшиш кард розигии ду узви шӯрои ширкатро бо ришва бихарад) пешниҳод кард.
Вале ин созиш баъди аз ҷониби шӯрои ширкат ошкор шуданаш барҳам хӯрд, ва шӯро аз Deloitte таҳқиқ дархост кард. Ралстон-Саул бо шармандагӣ аз кор озод шуд ва Браун бе пул, вале бо иҷозатномаи гарон дар даст монд.
Таҳқиқи Deloitte инчунин як нуқсони дигареро пайдо кард – “пардохтҳои нақд ба шаҳрвандони Тоҷикистон” бидуни ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда. Мутобиқи натиҷаҳои тадқиқот, ин пардохтҳо дар ҳисоботиҳои хароҷотӣ ҳамчун “пардохтҳо барои ҳамкорӣ” навишта шуда буданд. Бинобар норасоии ҳуҷҷатҳо, Deloitte натавонист муайян кунад, ки оё ин пардохтҳо нақзи қонуни Канада оиди додани ришва ба мақомоти хориҷӣ буданд.
Тоҷикистон муҳити тиҷории хеле душвор аст. Мутахассисони минтақа ба хулоса омаданд, ки ин кишвар барои сармоягузорони хориҷии ҳалолкор ҷои мувофиқ намебошад. “Аксари сармоягузорони байналмилалӣ Тоҷикистонро ҳамчун ҷой барои тиҷорат намебинанд... сармоягузорони хурду калони ношуд дар ҳамаи сатҳҳо қурбонии фасод мешаванд”, гуфта мешавад дар телеграммаи дипломатии ИМА аз соли 2008, ки аз ҷониби WikiLeaks интишор шуда буд.
Шояд ҳамин аст сабабе, ки чандин сол пас, ширкати навбатии Браун, Kryso Resources, ба домоди президент миллионҳо равона кард. Ин дафъа, ба ҷои “пардохт барои ҳамкорӣ”, ин амалиёт унвони “ҳаққи барор”-ро мегирад. Вале худи принсип – додани пул ба тамосҳои бонуфуз барои таъмини натиҷаи дилхоҳ – тағйирнопазир монд.
Тамоси Kryso
Kryso Resources – соли 2004 дар Британияи Кабир таъсис ёфтааст – дуюм кӯшиши Браун барои истифода бурдани майдони Пакрут шуд. (Ӯ ҳатто якчанд раҳбари ширкати корфармои пешинаи худро даъват кард, то онҳо дар ширкати нави ӯ аъзои шӯро шаванд.)
Вале ин дафъа, ба ҷои иҷозатномаро фурӯхтан, Браун қарор кард, ки майдонро худаш меканад.
Баҳри дастрас кардани сармояи кофӣ барои лоиҳаи гарону тӯлонӣ, ӯ саҳмияҳои ширкати худро дар AIM, бозори Биржаи фондии Лондон барои саҳмияҳои байналмилалии серхатар ва сердаромад, ба фурӯш гузошт.
“Бозорҳои AIM дар [Лондон] хусусан мушкилиҳои зиёд доранд”, мегӯяд Ник Матиасон, муассиси Finance Uncovered, созмоне, ки ба хабарнигорон ва фаъолон дар таҳқиқ кардани ҳиллаҳои молиявии ғайриқонунӣ кумак мерасонад. “Бисёр ширкатҳои соҳаи куҳкании дорои манфиятҳо дар кишварҳои клептократӣ дар онҷо сармоя ҷамъ мекунанд. Ҳамин тариқ, [онҳо] нишонаи бовиҷдонӣ дарёфт мекунанд.”
Kryso Resources оғози қавӣ ёфт. Эъломи ширкат аз соли 2004 – ҳуҷҷате, ки барои моил кардани сармоягузорон барои харидани саҳмияҳои ширкат таҳия мешавад – ба таври возеҳ мегуфт, ки ширкат аллакай аз сатҳи муайяни дастрасӣ дар дохили кишвар баҳра мебарад.
“Роҳбарияти иҷроияи ширкат собиқаи исботшудаи фаъолият дар Тоҷикистонро доранд”, гуфта мешавад дар ин ҳуҷҷат. “Роҳбарият боварӣ дорад, ки Kryso Resources якумин ширкати хориҷие мебошад, ки дар кишвар манфияти 100-фоизии куҳканӣ ва тадқиқот дорад.”
Муаллифон кӯшиш карданд, ки дар эълом возеҳ гуфта шавад, ки Kryso Resources дорои иҷозатномаи тадқиқи Пакрут мебошад, ки кони тилло ва 6300 гектари атрофи онро фаро мегирад.
Дар аввал, Kryso Resources барои қитъаи иҷозатномавии Пакрутро фаъолона тадқиқ кардан маблағи кофӣ ҷамъ карда, даҳҳо сӯрох парма кард ва барои арзёбии фоиданокии лоиҳа тахминҳои нав дарстрас кард. Баробари ин, ширкат аз ҷумла дунболи имкониятҳои дигар шуда, дар макони наздик лоиҳаи тадиқиқи кони никелро оғоз кард.
Буҳрони молиявии соли 2008 ба дарёфти сармоя барои Kryso Resources таъсир расонда, ширкатро маҷбур кард, ки “фаъолияти худро коҳиш диҳад” ва аз паси ҷустуҷӯи манбаҳои иловагии сармоя шавад. Вале дере нагузашта, як ширкати давлатии Чин бо номи China Nonferrous Metals International Mining Co ба наҷот омада, ба ширкат миллионҳо доллар қарз дод, то он фаъолияти худро идома диҳад.
Ва дар инҷо ширкати Kryso Resources бо як мушкилии дигар дучор шуд – мушкилие, ки бо истифодаи яке аз тамосҳои Браун ҳал мешавад.
Ҳафт сол баъди тадқиқот – ва ваъдаҳои ба зудӣ оғоз ёфтани истеҳсоли тилло – Kryso Resources маҷбур шуд, ки дар ҳисоботи нимсолаи соли 2011 ба саҳмдоронаш хабари нохушро расонад: Ширкат дучори таъхири эҳтимолӣ дар гирифтани иҷозатномаи пурраи конканӣ шудааст, ки барои аз марҳилаи тадқиқот пеш рафтан лозим аст. Иҷозатномаи мазкур, ба гуфти ширкат, нақшаҳои онро дарҳол ба ҳаракат медарорад. Дар ҳисобот эзоҳ оварда шудааст, ки аризаи дарёфти иҷозатнома интизори тасдиқ “дар сатҳи президентӣ” мебошад.
Чуноне ки маълум шуд, хатаре, ки онҳо аз аввал медонистанд, ба вуқуъ пайваст.
Соли 2004 буд, ширкат дар эъломи худ қайд карда буд, ки қобилияти ширкат барои таъмини истеҳсолоти пурра “аз қарори ҳукуматҳо ё идораҳои мувофиқи давлатӣ вобаста аст”. Қариб дар ҳар як ҳисоботи солонаи минбаъдаи худ, Kryso Resources таъкид мекард, ки маваффақияти ширкат аз илтифоти мақомдорон вобаста аст.
“Ҳукумати Тоҷикистон масъалаҳои ба мисли пешниҳоди иҷозатномаҳои тадқиқот ва коркард, содирот ва андозбандиро ба тартиб медарорад, ки ин метавонад ба қобилияти ширкат баҳри иҷрои фаъолияти тадқиқотӣ, истихроҷӣ ва куҳканӣ таъсири манфӣ расонад”, гуфта шудааст дар ҳисоботи ширкат аз соли 2010.
Баъдан, масъала ногаҳон ҳал шуд.
Боҷ барои муваффақият
Ноябри 2011, президент Раҳмон дар оқибат розигии худро медиҳад, ва ду моҳ гузашта, Вазорати энергетика ва саноат ба ширкати Пакрут (ширкати фаръии Kryso Resources) иҷозатномаи истихроҷи тилло бо муҳлати то соли 2030 судур кард, ки ба ширкат имкон медиҳад, дар як сол зиёда аз 1,3 миллион тонна маъдан истихроҷ кунад.
Чӣ тавр Kryso Resources тавонист мушкилиро ин қадар зуд ҳал кунад?
Ҳамин ҷоест, ки “ҳаққи барор” ба кор меояд.
Ҳисоботи солонаи ширкат аз соли 2012 таъкид мекунад, ки ҳамон моҳи январ – моҳе, ки ширкат иҷозатномаро дарёфт кард – ширкат “бо мақсади иҷрои уҳдадорӣ” дар андозаи 2,7 миллион доллар “марбут ба боҷи барор баҳри судури иҷозатномаи лоиҳаи кони Пакрут” ба ҶДММ “Анбат Сервис” 8,2 миллион саҳмия дод.
Дар асл, ин маъное дорад, ки мувофиқи маслиҳати пешакӣ, Kryso Resources ба Анбат Сервис дар ивази дарёфти иҷозатномаи истихроҷи канданиҳои фоиданок пардохтеро (маблағаш номаълум) ваъда карда буд. Бо пешниҳоди саҳмияҳояш ҳамон моҳи январ, ширкат қарзи 2,7 миллион доллари боҷи мазкурро пардохт.
Агар пардохт пурра бо пули нақт иҷро мешуд, он махфӣ мемонд, ва дар ин ҳолат Kryso Resources маҷбур намешуд, ки онро интишор кунад. Сабаби дар ҳисоботи солона ифода шудани пардохт ин аст, ки қисми ин боҷ бо саҳмияҳо пардохта шуда буд.
Анбат Сервис чист ва чӣ тавр он тавонист мушкилии иҷозатгирии Kryso Resources-ро баъди беш аз як соли талошҳои бенатиҷа ҳал кунад?
Гузориши матбуотии Kryso Resources Анбат Сервисро ба таври одӣ ҳамчун як ширкати машваратии тоҷикистоние шарҳ дода, ба он барои “хизматрасониҳои машваратӣ оиди ҳуқуқ, молия ва таблиғот дар кишвар”, ки ширкати мазкур “дар чорчӯбаи раванди ботафсили дарёфти иҷозатнома” ба Kryso Resources пешниҳод кард, изҳори миннатдорӣ кард.
Вале ба хабарнигорони OCCRP маълум шуд, ки Анбат Сервис воқеан ширкати фаръии Фароз, як ширкати бузурги тоҷикистонӣ бо манфиятҳо дар нафт, газ, саёҳат ва савдои хориҷӣ мебошад. Молики Фароз Шамсулло Соҳибов мебошад, ки шавҳари духтари президент Рухшона аст. Дар давоми камтар аз як даҳсола – ва бо дастгирии шахсии президент Раҳмон – ширкат бозингари ҳукмфармои як қатор соҳаҳои саноати Тоҷикистон шуд.
Чӣ тавр хабарнигорон ба Фароз тааллуқ доштани Анбат Сервисро ошкор карданд? Тафсилот дар инҷо.
Боиси ҳайронӣ нест, ки ширкати дучори мушкилиҳо дар дарёфти иҷозатномае, ки таваҷҷуҳи президентро талаб мекунад, ба Анбат Сервис, ширкати дохили шабакаи мустаҳками Соҳибов, миллионҳо пардохт мекунад. Чунин муносибатҳо дар кишваре, ки тамоми системаи сиёсиаш ва ҳамаи тиҷорати бузург аз ҷониби оилаи президент идора мешаванд, як заруратанд.
Тавре, ки телеграммаи дипломатии ИМА аз соли 2008, ки аз ҷониби WikiLeaks ифшо шуда буд, мефаҳмонад, “... ҳукумат боварӣ дорад, ки хориҷиҳо бояд омада, сармоягузорӣ кунанд, вале бидуни ягон гарав, яъне тоҷикистониёни дорои тамосҳои хуб бояд тамоми тиҷоратро ба манфияти шахсии як гуруҳи хурд идора кунанд.”
Вақте ки хабарнигорон аз Браун оиди муносибатҳояш бо Соҳибов пурсон шуданд, ӯ гуфт, ки Соҳибовро шахсан аз чорабиниҳои ҷамъиятӣ дар Сафорати Тоҷикистон дар Лондон мешиносад, чун мунтазам ҳамроҳи зани тоҷикаш дар чунин чорабиниҳо иштирок мекард. Он вақт, Соҳибов дар сафорати кишвар ҳамчун намояндаи тиҷоратӣ дар Шоҳигарии Муттаҳида кор мекард. Ӯ моҳи январи 2017 Лондонро тарк кард ва барои дарёфти шарҳ дастнорас буд.
"Бачаи лондонӣ"
Қариб ним сол баъди пардохти “боҷи барор” аз Kryso ба Анбат, Соҳибов дар Лондон хонаи калони дорои 3 хобгоҳ харид.
Хона дар ошёнаи панҷуми иморати Арт Декои назди истгоҳи метро Ланкастер Гейт, як қадам аз Ҳайд Парк, Уэст Энд ва маркази савдои бошукуҳи Селфридҷес ҷойгир аст.
Дорои истгоҳи автомобилии зеризаминӣ ва борбардор, бино ба маҳаллаҳои баобрӯи Лондони Ғарбӣ хеле наздик аст, ки макони писандидаи сарватмандони наву деринаи Британия, ва инчунин олигархҳо аз кишварҳои мухталифи собиқ шӯравӣ аст.
Соҳибов хонаро соли 2014 фурӯхт. Мутобиқи арзиёбиҳои амволи ғайриманқул, соли оянда нархи хона 2,1 миллион доллари ИМА буд.
Вақте ки аз Браун оиди андармонии иҷозатномаи Kryso Resources пурсиданд, ӯ раванди ангезандаи рафту омади такрорӣ ба идораҳои давлатӣ, шумораи зиёди вохӯриҳо бо вазирон ва дар ниҳоят дархости кумак аз сафири Тоҷикистонро тавсиф кард.
Дар мавриди Соҳибов бошад, Браун ӯро ҳамчун “бачаи хуб, соҳибкоре” шарҳ дод, ки фаъолона ба хориҷиён барои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон кумак мерасонд. “Агар касе ба ягон мушкилӣ дучор мешуд”, ба хотир меорад Браун, “ӯ онҳоро дар идораи худ пешфоз мегирифт, ва кӯшиш мекард, ки масъаларо ҳал кунад, бо телефон занг мезад.”
Бинобар ин, ӯ гирифтани ягон гуна кумак аз Соҳибов дар робита бо иҷозатномаи андармондаи Kryso Resources-ро рад кард.
Браун инчунин, бо такя ба созишномаи ошкор накардани маълумоти махфӣ, аз шарҳ додани муносибатҳои ширкати худ бо Анбат Сервис дасткашӣ кард.
Балинт-Курти, муфаттиши созмони Global Witness, ин додугирифт шубҳанок донист. “Агар ба домоди президенти Тоҷикистон тааллуқ доштани ҶДММ “Анбат Сервис” воқеият бошад, ин хатари бузурги фасодӣ аст”, гуфт ӯ.
Ӯ таъкид кард, “муҳим аст, ки роҳбарияти AIM ва мақомоти Британияи Кабир ин додугирифт, ва инчунин гирандагони боҷи барорро таҳқиқ кунанд”.
Иҷозатномаро ба даст оварда, Браун барои ташаббуси навбатиро оғоз кардан тайёр буд. Соли 2013, сармоягузори давлатии Чин, ширкати Nonferrous Metals International Mining Co – саҳмияҳои ӯ ва дигар коргари собиқи Gulf International Minerals-ро харида, иштироки худро дар ширкат то 38 фоиз афзоиш дод ва номи ширкатро аз “Kryso Resources PLC” ба “China Nonferrous Gold Limited” иваз кард.
Маълум нест, ки оё Анбат Сервис саҳмияҳои гирифтаашро фурӯхтааст, ва агар фурӯхта бошад, Соҳибов аз ин чӣ даромад гирифтааст.
Сохтори моликони ширкат махфӣ аст. Зиёда аз нисфи саҳмияҳои ширкат дар дасти ба истилоҳ “ширкатҳои номиналӣ” қарор доранд, ва ин маъное дорад, ки соҳибони воқеии онҳо номаълуманд.
Браун аз Kryso resources баромад, вале муносибати ӯ бо Соҳибов ҳоло оғоз меёфт.
Созиши нави куҳканӣ
Танҳо як моҳ баъди додани саҳмияҳо ба Анбат Сервис, Браун якҷоя бо Соҳибов ширкати нави куҳканӣ таъсис дод. Муносибати тиҷории байни ин ду мард пинҳонӣ буда, тавассути ширкати офшории дар Ҷазираҳои Виргини Британия қайдшуда амалӣ мегашт. Ба мисли Kryso Resources, ин ташаббус инчунин истифодаи тамосҳои Соҳибовро баҳри дарёфти иҷозатномаи истихроҷи канданиҳои фоиданок дар бар мегирифт.
Ин дар Panama Papers, ихроҷи маълумоти сабтҳои дохилии ширкати ҳуқуқии офшорӣ Mossack Fonseca, ки аз ҷониби нашрияи олмонии Suddeutsche Zeitung дарёфт шуда, баъдан дастраси Иттиҳоди байналмилалии рӯзноманигорони таҳқиқотӣ (ICIJ – International Consortium of Investigative Journalists) ва OCCRP шуд, ошкор мешавад.
Сабтҳо нишон медиҳанд, ки Соҳибов ва Браун дар Ҷазираҳои Виргини Британия ду ширкати алоҳида таъсис доданд (Glatto Management аз Соҳибов ва Ibstock Equity Limited аз Браун), ва ин ширкатҳо муассисони ширкати Primus Resources шуданд, ки дар Британияи Кабир қайд шудааст.
Браун нақши Glatto Management-ро дар ин ташаббус ҳамчун мусоидаткунанда шарҳ дод. Ӯ гуфт, “онҳо барои мушкилиҳои туро ҳал кардан даводав мекунанд, ва одатан бояд ҳаққи онҳоро пардохт кунӣ – онҳо соатбайъ пул меситонанд”.
Браун фаҳмонд, ки намояндагони ширкат ба ӯ гуфтанд, “мо бар ивази кумак барои дарёфти иҷозатнома дар ширкат саҳм мегирем.”
Чунин ба назар мерасад, ки маслиҳат амалӣ шуд.
Ҳамон моҳи июл, дар рӯзномаи расмӣ лоиҳаи қарори ҳукумат оиди судури иҷозатномаи тадқиқотӣ ба номи ширкати нави фаръии Primus Resources, Кони Нур, барои ҷустуҷӯи тилло дар конҳои Уқобхона ва Пиндар, тахминан 140 километр шимоли Душанбе, нашр шуд.
Браун ба хабарнигорон гуфт, ки дар бораи ин майдон аз таҷрибаи пештараи худ дар Тоҷикистон дар солҳои 1990 фаҳмида буд. Ӯ гуфт, он вақт коркарди кон бинобар паст будани нархи тилло аз ҷиҳати иқтисод номатлуб буд.
Вале бо вуҷуди он, ки Браун муҳимияти кумаки Glatto Management-ро дар гирифтани ин иҷозатнома иқрор кард, ӯ арз кард, ки аз хабари тааллуқ доштани ширкати мазкур ба Соҳибови домоди президент, шахсе, ки аз Браун барои ташаббуси дигараш “боҷи барори” хеле гарон гирифта буд, ба тааҷҷуб афтодааст.
Ҳайратовар аст, ки Браун арз кард, ки гӯё ҳеҷ гоҳ намедонист, ки Соҳибов молики ягонаи Glatto Management аст. Ӯ фаҳмонд, ки дар робита бо лоиҳаи Primus Resources ӯ бо марде бо номи Азамат Қосимов, директори кулли Фароз, ҳамкорӣ мекард, ва онҳоро Соҳибов шинос карда буд.
“Ман намедонистам, ки ин ширкати [Соҳибов] аст, фикр мекардам, ширкат аз Азамат аст”, гуфт Браун. “Ман аслан намедонистам, дар пушти ширкат кӣ меистад.”
Бо вуҷуди ин, ҳуҷҷатҳои Glatto Management нишон медиҳанд, ки ҳангоми таъсис дода шудани ширкати Primus Resources, ширкати Glatto Management натанҳо ба Соҳибов тааллуқ дошт, балки аз тарафи ӯ идора карда мешуд. Қосимов танҳо як сол пас директори ширкат шуд, баъд аз оне, ки Соҳибов ин вазифаро тарк кард.
Мутаассифона барои Браун, кони бадбахти тилло бори дигар номатлуб баромад – вале ин дафъа на бинобар нархҳои тилло.
Браун фаҳмонд, ки соли 2012, ҳукумати Тоҷикистон қонуни наве қабул кард, ки аз ширкатҳо талаб мекунад, ки ҷамъиятҳои маҳаллиро дастгирӣ кунанд, ва ин талабот ба шарикони ширкати нави куҳканӣ эҳтимолан маъқул нашуд.
“Касе лоиҳаи тадқиқотии хурдро ба уҳда гирифта, барои сарф кардани 500 000 доллар барои сохтани мактабу беморхонаҳо розӣ намешавад”, гуфт Браун.
Билохира, ӯ Тоҷикистонро тарк кард — вале Фароз, ширкати Соҳибов, ривоҷу равнақ меёбад. Он соли гузашта барои истихроҷи канданокҳо дар худи ҳамин майдони тилло иҷозатнома гирифт. Ин ширкат ба дархости шарҳҳо посух надод.
Ширкати China Nonferrous Gold бошад, қатъи назар аз муваффақият дар дарёфти иҷозатномаи матлуби маъданковӣ, сарнавишти на он қадар хуб дид.
Як тарма ва сел дар аввали соли 2017 манбаи нерӯи конро ва якчанд биноро вайрон кард ва ба нақбҳои он зарари ҷиддӣ расонда, ба ҷидду ҷаҳди кофтокови тиллои он таъсири шадид расонд. Ширкат қарор додааст, ки истеҳсолро имсол идома диҳад. То ба ҳол, ширкат 162 килограмм тилло истихроҷ карда, онро бо нархи 5,49 миллион доллар ба Бонки миллии Тоҷикистон фурӯхтааст.
Маводи иловагӣ аз: Синеад Каролан, Элеанор Роуз, Лейла Сарсевич, Лейла Камдзич.