Тармаву лағшиши хок дар маҳалли яке аз корхонаҳои навтаъсиси тилло дар Тоҷикистон мумкин аст, истихроҷи ин фуллузи гаронбаҳоро дар кишвар ба таври чашмгир кам кунад.
Мақомоти ширкати чинии CNG, соҳиби корхонаи тиллои Покруд дар Тоҷикистон мегӯянд, тарма ва лағжиши хок дар моҳи феврал баъзе аз иншооти корхонаро вайрон кард ва мумкин аст, ширкат нақшаи истеҳсоли тилло дар соли 2017-ро иҷро карда натавонад.
Яке аз мутахассисони корхонаи Покруд рӯзи 9-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, барфи зиёде, ки моҳи феврал дар маҳҳали кону атрофи он борид, сабаби «резиши тарма ва лағжиши хок шуд ва сето хати баландшиддати нерӯи барқ зери тарма монда вайрон шуданд.” Вале гуфт, ӯ иншооти асосӣ дар корхона ба мисли хатти коркард ва тиллогудозӣ осеб надидаанд.
Ба сабаби офатҳои табиӣ, муддати кор камтар мешавад ва мумкин аст, тилло камтар истеҳсол шавад.
Барфи зиёде, ки охири моҳи феврал дар саросари Тоҷикистон ва бахусус кӯҳҳо борид, ба гуфтаи мусоҳиби Радиои Озодӣ “ҳаракати мошинҳо ба самти корхонаро қатъ кард ва нерӯи барқ ҳам дар корхона қатъ шуд.” Ӯ афзуд, ҳоло корхона фақат бо истифода аз дизелҳои дохилӣ кор мекунад.
Ҳеҷ яке аз кормандони корхона дар натиҷаи фалокати табиӣ осеб надидаанд, аммо қатъи барқу вайрон шудани чанд иншоот ба гуфтаи мусоҳиби Радиои Озодӣ бешак ба истеҳсоли тилло дар Покрут таъсири чашмгир мегузорад ва мумкин аст, нақшае, ки онҳо доштанд, иҷро нашавад. Кони Покруд дар дараи Ромит, дар ноҳияи Ваҳдат ва начандон дур аз пойтахти Тоҷикистон ҷойгир аст ва ба ҳисоби геологҳои тоҷик тақрибан 134 тонна тилло дорад.
Абдувоҳид Касиров, муовини сардори раёсати маъдан ва сангҳои гаронбаҳо дар вазорати саноат ва технологияҳои навин дар Тоҷикистон рӯзи 9-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, дар воқеъ тарма, пояҳои хати баландшиддати барқеро вайрон кард, ки корхонаро бо нерӯ таъмин мекунад, вале айни замон корҳо барои ҳарчӣ зудтар барқарор кардани онҳо идома дорад.
Ӯ афзуд: “Тарма се пояи хати баландшиддати барқро вайрон кардааст. Якеро дар наздикии корхона ва дутои дигар дуртар аз он. Мо ҳафтаи гузашта ба онҷо сафари корӣ доштем, ҳоло корҳо барои барқарорсозӣ идома доранд.”
Ба гуфтаи ӯ, бо мусоидати ширкати “Барқи тоҷик” ва ширкатҳое, ки дар ин соҳа кор мекунанд, қарор аст, дар муддати як моҳ пояҳои хати баландшиддати барқ аз Қазоқистон харидорӣ ва насб шаванд. Ҳамаи ин ба гуфтаи мутахассиси корхонаи Покруд, корҳо барои истихроҷи тиллоро суст кардааст.
“Онҳо нақшаи корӣ пешниҳод мекунанд, ба вазорат ва Хадамоти назорати бехатарии корҳо дар соҳаи саноатро, ки дар давоми соли 2017 чӣ қадар тилло истихроҷ мекунанд. Ба сабаби офатҳои табиӣ, муддати кор камтар мешавад ва мумкин аст, тилло камтар истеҳсол шавад. “ - афзуд мусоҳиби Радиои Озодӣ. Абдувоҳид Касиров ҳам ба Радиои Озодӣ гуфт, ки паёмади офати табиӣ барои корхонаи муҳими истихроҷи тилло дар Тоҷикистон то дар сатҳи ҳукумат ҳам баррасӣ шудааст ва мумкин аст, нақшаи истеҳсолии ширкат бознигарӣ шавад.
Азбаски дар Тоҷикистон омор дар бораи истеҳсоли тиллоро махфӣ медоранд, нақшаи Покруд барои истеҳсоли тилло дар соли 2017 эълон нашудааст, аммо ширкати “Сhina Nonferrous Gold Limited”, ки захираи тиллои Покрудро истихроҷ мекунад ва гуфтааст, ки дар марҳилаи аввал дар як сол то 2 тонна тилло тавлид мекунад ва қарор аст, соли 2018 ҳаҷми истеҳсол ба 4 тонна бирасад.
Корхонаи мазкурро моҳи июни соли 2016 бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба истифода доданд ва дар он бештар аз 900 нафар кор мекунанд. Покруд ягона ширкати истихроҷи тилло дар Тоҷикистон аст, ки ҳамаи саҳмияҳояш ба Ҷумҳурии Мардумии Чин тааллуқ доранд.
Ҳоло маълум нест, ки имсол корхона чӣ қадар тилло истеҳсол хоҳад кард, вале мутахассиси ширкат ба Радиои Озодӣ гуфт, раҳбарияти ширкати чинӣ таъсири офати табиӣ ба корро арзёбӣ дорад ва мумкин аст, натиҷаҳои арзёбӣ дар моҳҳои наздик маълум шавад. Аммо маълум аст, ки суст шудани корҳо ба даромад ба буҷаи Тоҷикистон таъсири манфӣ мегузорад ва дар замоне, ки буҷа назар ба ҳар вақти дигар ба даромади изофӣ эҳтиёҷ дорад.
Истихроҷи тилло барои иқтисоди Тоҷикистон бисёр муҳим аст ва қисми зиёди тиллои ҳосилшударо барои зиёд кардани захираи тилову асъори кишвар мехаранд. Бино ба гуфтаи мутахассисон дар Тоҷикистон 15 майдони мушаххасшудаи тилло вуҷуд дорад ва дар онҳо ҳудуди 400 тонна тилло нуҳуфтааст.