Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкатҳое, ки маош надоданд, аз ҳаққи идомаи кор дар "Роғун" маҳрум шуданд


Ширкати бинокории "Асри нур" барои напардохтани музди ҳаштмоҳаи коргаронаш аз иҷозаи кор дар сохтмони нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" маҳрум шуд.

Ин тасмим рӯзи 18-уми январ пас аз мулоқоти вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода бо роҳбарони ширкатҳои сохтмоние, ки маоши коргаронашонро напардохтаанд, дар Роғун гирифта шуд. Гуфта мешавад, ба мисли ширкати “Асри нур” чандин ширкати паймонкори нерӯгоҳ, ки дар пардохти маош таъхир кардаанд, аз идомаи кор дар сохтмон маҳрум монданд.

Пас аз ҳушдор Вазорати молия ва ситоди нерӯгоҳ маъмурияти шаш ширкат ҳаққи заҳмати коргаронро пардохта, дубора иҷозаи фаъолият дар сохтмонро ба даст оварданд. Дар ҷамъияти саҳомии "НБО Роғун" гуфтанд, ки то дарёфти иҷозаи кор ба ҷои ширкатҳои дигар аз ҷумла "Асри нур" ширкати “Тоҷикгидроэлектромонтаж” фаъолият мекунад.

Маҳмадалӣ Одинаев, муовини сардори Ситоди сохтмонии ҷамъияти саҳомии "НБО Роғун” рӯзи 5-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, масъалаи пардохти маош аз тарафи ширкатҳои бинокорӣ, аз ҷумла “Асри нур” дар ростои ҳал шудан аст ва баъд аз ҳалли он ин ширкатҳо хоҳандҳ тавонист, корашонро дар Роғун идома диҳанд. “Масъулони ширкатҳои сохтмонӣ муваззафанд пули коргаронро диҳанд”, мегӯяд Одинаев.

Дар ширкати "Асри нур" қаблан 160 нафар коргар фаъолият доштанд. Баъд аз рад шудани парвонаи кори ширкат, танҳо чанд посбон дар маҳалли сохтмон боқӣ мондаанд, коргарони дигар рухсат шуда, мунтазири маошанд. Бархе аз коргарони ин ширкат мегӯянд, умеди худро аз дарёфти маош аз ин ширкат кандаанд ва дар ҷустуҷӯи кори дигар ҳастанд.

Толиб Раҳимов
Толиб Раҳимов

Толиб Раҳимов, раиси ширкати "Асри нур" баробари шунидани суоли Радиои Озодӣ дар бораи қарзи маоши кормандон гӯширо гузошт ва дигар ба зангҳо посух надод. Ӯ қабл аз ин дар нерӯгоҳи "Сангтуда-1" фаъолият доштааст ва баъд аз оғози сохтмони нирӯгоҳи "Роғун" ба ин ҷо омадааст. Аммо Раҳимов дар як ҷавоби расмӣ ба аризаи коргарон дар робита ба маош моҳи июн навиштааст, ки "музди корро моҳ ба моҳ ва бе маҳдудият мепардозад". Аз ин ваъда ҳашт моҳ гузашт, аммо аз маош дараке нест мегӯянд, коргарон.

Илҳом Шарифов яке аз коргарони ширкати “Асри нур” панҷ сол боз бо музди 1800 сомонӣ дар сохтмони “Роғун” кор мекунад, аммо ҳашт моҳи охир маош нагирифтааст.

“Ба мо гуфтанд, ки масъулони ширкати “Асри нур” чанд техникаро ба фурӯш мегузоранду маоши моро медиҳанд, вале мо интизор нишастаем ва ҳанӯз маош нагирифтаем”, -- гуфт Илҳом Шарифов.

Як коргари дигари ин ширкат, ки нахост номаш бурда шавад гуфт: “ба онҳо ваъда доданд, ки чанд техникае, ки беш аз як миллион сомонӣ нарх доранд мефурӯшанду музди моро пардохт мекунанд, лекин то ҷое фаҳмидем, раис ва муовини ширкат аз ин тасмими худ даст кашидаанд.” Ӯ афзуд, агар музди кор пардохта нашавад, ба додгоҳ муроҷиат мекунанд.

Темур Кенҷаев, бинокори дигар мегӯяд, бо вуҷуди он ки ним сол боз "Асри нур" маошашро надодааст, ҳанӯз мунтазир аст, ки мушкил ҳал шавад ва дубора ба кор оғоз кунад. Чун мегӯяд, музди кораш барои 15 рӯзи корӣ дар дохили нақб 2 ҳазор сомонӣ аст ва дар Тоҷикистон коре бо ин маош пайдо карда наметавонад.

Бори аввал нест, ки коргарони ширкатҳои паймонкори "Роғун" аз нагирифтани маош шикоят мекунанд. Моҳи июни имсол гурӯҳе аз коргарони нерӯгоҳ шикоят карда буданд, ки маоши панҷмоҳаи худро нагирифтаанд.

Баъдан Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон, ки ҳамзамон масъули сохтмони нерӯгоҳи "Роғун" аст, дар ҳузури коргарон ваъда дод, "ба зудӣ маош мешавад", вале коргарони "Асри нур" мегӯянд, аз он замон шаш моҳ гузашту вазъият тағйир наёфтааст.

Сохтмони нерӯгоҳи "Роғун" дар замони Шӯравӣ тарҳрезӣ ва сар шуда ёфта буд. Ба иллати ҷанги шаҳрвандӣ, надоштани пул ва ҳам мухолифати кишварҳои поёноби Осиёи Марказӣ, Тоҷикистон натавонист, онро ба поён расонад ва танҳо соли 2016 сохтмони он аз нав шуруъ шуд.

XS
SM
MD
LG