Cоли гузашта ҳангоми сохтмон дар нерӯгоҳи барқи обии Роғун 3 нафар ба ҳалокат расидааст. Дар ин бора дирӯз Хадамоти назорати давлатии бехатарии кор дар нишати хабарӣ маълумот дод. Ба гуфтаи Санъат Раҳим, раҳбари ин хадамот ҳамчунин ҳангоми пешбурди корҳои бунёди дар нерӯгоҳ 15 нафар сохтмончиён маҷрӯҳ шудаанд. Ин мақомодор мегӯяд, ин ҳодисаҳои нохуш бинобар риоя накардани талаботи бехатарӣ ба амал омадаанд. Ӯ аз ҷумла афзуд, дар умум соли гузашта дар корхонаҳо ва иншооти мухталифи дар ҳоли сохтмон дар Тоҷикистон 31 садама рух додааст. 8 нафар қурбонии ҳолати фавқулода ва 33 шаҳрванд маҷрӯҳ шуданд. Мақомот мегӯянд, ба ҷабрдидагон ва оилаҳои қурбониён кӯмаки яквақта ба маблағи умумии беш аз 109 ҳазор доллар пардохт гардидааст. Ҳамчунин зикр шудааст, ки бинобар хунукназарӣ дар вақти кор, нисбати 20 роҳбари корхонаҳо чораҳои маъмурӣ андешида шуда ба маблағи 8000 доллар ҷарима шуданд.