Ин говҳоро чанд сол пеш аз кишварҳои аврупоӣ барои парвариш дар шароити Тоҷикистон оварда буданд.
Видеоро ин ҷо тамошо кунед.
Бахтиёр Раҳмонов, мудири хоҷагии чорвопарварии “Афзали Зарзамин” ба намоишгоҳ говҳоеро овард, ки нисбат ба говҳои маҳаллӣ азимтар ва гаронвазн буданд. Ӯ соли 2015 аз Олмон беш аз сад зот гов овард ва ҳоло шумораашон ба 400 сар расидааст.
“Говҳои мо бо вазни 45 кило таваллуд мешаванд ва ба муддати як сол ба 500 ё 700 кило мерасанд. Аз ҳама вазни рекордие, ки то се сол парвариш кардаем, ба як тоннаву 700 кило расидааст. Говҳое, ки ба намоишгоҳ овардем, аз 1 тоннаву 50 кило то 1 тоннаву 100 кило вазн доранд”, -- гуфт Раҳмонов.
Мусоҳиби мо афзуд, ин зотҳо аз сергуштӣ ва ширдиҳӣ дар ҷаҳон беҳтарин шинохта шудаанд ва ҳоло дар гӯшаҳои гуногуни Тоҷикистон низ парвариш мешаванд. Вале изофа кард, ки зотпарварон дар соли равон “аз ҳисоби камҳосилию хушксолӣ дар масъалаи таъмини хӯроки чорво мушкилӣ" доштанд.
"Аввали баҳор аз ҳисоби беобӣ ҳамаи намуди ҳосилҳо дер шуд, вале барои саломатии гов, таваллуди гӯсола ва барои зисту зиндагониаш пандемия таъсир накард”, -- гуфт Бахтиёр Раҳмонов.
Ҳусейнхуҷа Музаффаров, чорвопарвар аз Исфара низ ба ин намоишгоҳ говҳои фаронсавии худро овард. Ӯ ҳамроҳи бародаронаш ҳоло 40 сар зоти ин ҳайвони хонагиро парвариш мекунанд, ки дар вазну андоза шабеҳи говҳои олмонӣ ҳастанд.
Ӯ гуфт: “Говҳое, ки овардем, яксолааш 600 кило вазн дорад ва аз ҳам калонаш тақрибан як тонна аст. Ин говҳоро аввал аз Фаронса оварда будем ва ҳоло аз он говҳо зот гирифта, парвариш дорем”.
Намоиши говҳои яктоннаӣ дар вилояти Суғд дар ҳолест, ки сокинон соли гузашта борҳо аз гароншавии нархи гӯшт шикоят карданд. Нархи ин маҳсулот дар як соли ахир дар дӯконҳои гӯштфурӯшӣ то 10 сомонӣ гарон шуд.
Савдогарон сабаби гаронии нархи гӯштро ба кам будани гов ва нархи баланди алафу кунҷора рабт медиҳанд.
Коршиносон мегӯянд, чарогоҳҳо аз ҷониби наздикони мансабдорон ва афроди доро соҳибӣ шудаанд ва шароити чорвопарварӣ барои сокинони одӣ мушкил шудааст.