Дадо – номи як гови нар ё буққаи зотии олмонӣ аст, ки чорвопарварон аз ноҳияҳои гуногуни Тоҷикистон ба суроғи ӯ меоянд.
Дар фермаи “Афзали зарзамин” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров нигаҳ дошта мешавад ва ҳар вақт номашро гирифтанд, садо баланд мекунад. Дар батни модараш ба Тоҷикистон омад ва ҳоло дуввуним сол дорад ва ба табиати Осиёи Миёна мутобиқ шудааст.
Аз насли говҳои зотии олмонӣ аст, ки фермаи “Афзали зарзамин” соли 2015-ум 124 сар аз Баварияи Олмон харид ва барои парвариш ба вилояти Суғд овард. Сабаби Дадо ном гузоштанашро, Бахтиёр Раҳмонов – мудири ферма чунин шарҳ дод:
“Як коргар доштем, номашон – Дадоҷон, говҳои бордорро нигоҳубин мекард ва вақти зода шудани буқа ҳамин ҷо буд. Баъд Русия рафт ва вақти рафтан илтимос кард, ки ҳамин буқаро ба номаш монем. Ба хотири ҳамин ҳамкорамон “Дадоҷон” ном мондем. “
Дадо 700 кило вазн дораду дар ферма аз говҳои нари маъруф аст. Шарики Дадо “Нур” ном дорад ва як 1 тонна вазн гирифтааст. Говпарварон мегӯянд, ин говҳои нарро барои наслгирӣ хуб нигоҳубин мекунанд ва насли дар дигар гӯшаҳои Тоҷикистон ҳам ҳаст.
“Аз тамоми минтақаҳои Тоҷикистон, Ҳисору Турсунзода Кӯлоб, Исфараву Конибодому Ашт омада бачаҳои онҳоро харида мебаранд. Онҳоро бо говҳои маҳаллӣ ҷуфт мекунанд ва насли беҳтар мегиранд” -мегӯяд, Бахтиёр Раҳмонов.
Мудири фермаи “Афзали зарзамин” мегӯяд, ҳар кадомаз говҳои зотии “симменталӣ”-ро, ки гӯшту шири зиёд медиҳанд, аз Олмон бо қимати 2 ҳазору 650 евро хариданд. Говҳои зотии олмонӣ назар ба говҳои маҳаллӣ ду баробар зиёд шир ва чанд баробар зиёд гӯшт медиҳанд.
Як гови ҷӯшо аз фермаи “Афзали зарзамин”-ро дар бозорҳои вилоят то 10 ҳазор сомонӣ ба фурӯш мебарорад. Аз ширу гӯшти чорвои ферма корхонаи “Афзали Суғд” беш аз 20 навъи маҳсулоти гӯштиву ширӣ тавлид мекунад. Маҳсулотро дар дохил ва дар Қирғизистон мефурӯшанд.
Баъди пош хӯрдани шӯравӣ насли говҳои зотӣ, ки дар ҳар фермаи минтақаҳо буд, тақрибан аз байн рафт. Говҳои таҳҷоӣ ширу гӯшт камтар медиҳанд. Аз ин рӯ солҳои охир фермерҳои тоҷик парвариши говҳои зотиро таҷриба мекунанд, ки даромади ба маротиб бештар медиҳад.
Фермаи “Афзали Зарзамин” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров яке аз чунин фермаҳо аст, ки дар тӯли беш аз 3 сол дар парвариши говҳо зотӣ ба пешрафт даст ёфтааст.
Чорводорӣ яке аз бахшҳои муҳими иқтисоди Тоҷикистон аст ва барои таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти ғизоӣ ва таъмини саноати сабук бо пашму чарм нақши муҳим дорад. Вазорати кишоварзӣ мегӯяд, ки то моҳи апрели имсол дар Тоҷикистон тақрибан 2 миллиону 300 ҳазор чорвои бузург будааст.
Ба гуфтаи вазорат, яке аз роҳҳои беҳтар кардани зоти чорво ва баланд бардоштани маҳсули он бордоркунии сунъӣ аст. Ҳоло дар Тоҷикистон 292 нуқтаҳои бордоркунии сунъии гов вуҷуд дорад то кунун дар ин нуқтаҳо 8018 чорвои калонро бордор кардаанд.