Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози ҳамсари Баҳром Иноятзода дар назди додгоҳи Кӯлоб


Эълони ҳукми раиси пешини Кӯлоб

Ҳамсари Баҳром Иноятзода – шаҳрдори пешини Кӯлоб – дар назди бинои додгоҳи минтақа эътироз кардааст. Дилором Самиева гуфтааст, аз он ки моҳҳо боз барои мулоқот бо шавҳараш иҷозат намедиҳанд, норозист. Дар Додгоҳи минтақаи Кӯлоб сабаби роҳ надодани пайвандони Иноятзодаро барои дидор бо ӯ шарҳ надоданд.

Аммо як мақоми додгоҳ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ тасдиқ кард, ки Дилором Самиева пас аз нисфирӯзии 30-юми декабр ба назди бинои додгоҳ рафта, ҳудуди ним соат бо садои баланд дод задааст. "Фарёд мекашид, ки "маро ҳамроҳ бо шавҳарам зиндонӣ кунед, беинсофҳо". Посбонҳо ӯро аз назди бино дур карданд", -- гуфт мусоҳиби мо.

Пайвандони Дилором Самиева гуфтанд, пас аз ин ҳодиса фишораш баланд шуда, баъди хӯрдани дору феълан имкони суҳбат карданро надорад.

Муҳаббат Иззатова, хоҳари Баҳром Иноятзода, гуфт, аз моҳи июн то ин дам ба онҳо иҷозаи мулоқот надодаанд. "Охир, як бор бинем, ки ӯ чӣ ҳол дорад. Ҳамсараш ба ҷон омад ва имрӯз рафт. Мегӯянд, аз "боло" иҷозат нест. "Боло" кӣ аст? Мисли тӯби футбол шудаем, намедонем, додамонро ба кӣ бигӯем", -- гуфт ӯ.

Дар Додгоҳи минтақаи Кӯлоб дар ин бора ҷузъиёт надоданд.

Баҳром Иноятзодаро рӯзи 20-уми ноябри имсол 12 сол аз озодӣ маҳрум карданд. Ӯ бар асоси шаш моддаи қонуни ҷиноӣ, аз ҷумла суистифода аз ваколатҳои мансабӣ, гирифтани пора, аз худ кардани молу мулки ба зимааш гузошташуда ва ғайриқонунӣ додани қитъаи замин айбдор шуд. Худаш ҳукмро ноодилона хонд.

Пайвандони Баҳром Иноятзода гуфтанд, аз ҳукми додгоҳи минтақаи Кӯлоб розӣ нестанд ва барои бозбинии он ба Додгоҳи олии Тоҷикистон шикоят кардаанд.

"Худаш ариза навиштааст. Ҳама айбномаро нуқта ба нуқта баррасӣ карда, исбот кардааст, ки гуноҳ надорад. Боз бубинем, ки Додгоҳи олӣ чӣ тасмим мегирад. Баъди соли нав Додгоҳи олӣ бояд баррасӣ кунад", -- гуфт хоҳараш Муҳаббат Иззатова.

Номи Баҳром Иноятзода дар моҳи феврали имсол, замоне пурсарусадо шуд, ки моликони ширкати "Комил-2010", мансуб ба писари Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқа ва қудои президенти Тоҷикистонро танқид кард.

Баҳром Иноятзода аз камтарин роҳбарони шаҳру ноҳияҳо аст, ки дар замони дар сари кор буданаш дастгир мешавад. Ӯро рӯзи боздошташ бо фармони президенти Тоҷикистон аз вазифа барканор карданд.

Додгоҳи минтақаи Кӯлоб, инчунин, Хурсандмурод Хуррамов, ронандаи Баҳром Иноятзодаро ба 8 сол зиндон маҳкум кард. Ёвари пешини ӯ Фирӯз Қурбонов 7 сол ва Хуршед Ашӯрмадов, мудири анбори шаҳрдории Кӯлоб, 7 сол аз озодӣ маҳрум гардиданд. Пештар додситон барои Иноятзода чаҳордаҳ сол, Хуррамов нӯҳ сол ва Қурбонов панҷ сол зиндон талаб карда буд.

XS
SM
MD
LG