Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кумитаи Байналмилалии Олимпӣ Лукашенкоро ба хашм овард


Александр Лукашенко 23 сол боз раиси Кумитаи миллии олимпии Белорус аст.
Александр Лукашенко 23 сол боз раиси Кумитаи миллии олимпии Белорус аст.

Александр Лукашенко раҳбари Ҷумҳурии Белорус, Кумитаи Байналмилалии Олимпиро “дастаи ҷинояткорон” номид, чун ин кумита ӯро аз ҳаққи ҳузур дар Бозиҳои олимпии Токио маҳрум кард.

Қарори маҳрум кардани ӯ ва писараш аз ҳузур дар бозиҳо зоҳиран ба далели саркӯби бераҳмонаи тазоҳуроти мухолифон аст, ки мехоҳанд, Лукашенко ба истеъфо биравад. Хабаргузории давлатии “БелТа” рӯзи 8-уми декабр аз қавли Александр Лукашенко навиштааст: “Мо бояд ба додгоҳ биравем. Бигзор Бах, раиси Кумитаи Байналмилалии Олимпӣ ва дастаи ӯ бигӯянд, ки гуноҳи ман чист, магар ин аст, ки кишварамро муҳофизат мекунам.”

Пештар аз ин Кумитаи Байналмилалии Олимпӣ рӯзи 7-уми декабр гуфт, ки Лукашенко, писараш Виктор ва як мақоми баландпояи Кумитаи олимпии Белорусро муваққатан аз ҳаққи фаъолият дар кумита маҳрум ва пардохти пул ба ҳисоби онро қатъ кард. Кумитаи Байналмилалии Олимпӣ гуфт, сабаби ин қарор он аст, ки раҳбарони Белорус варзишгарони кишварро аз таъқибҳои сиёсӣ эмин нигаҳ надоштаанд.

Александр Лукашенко 23 сол боз, раиси Кумитаи олимпии кишвараш аст ва худро пирӯзи интихоботи рӯзи 9-уми август эълон кардааст. Мухолифону кишварҳои ғарбӣ гуфтаанд, ки интихобот бо тақаллуб сурат гирифт. Мақомоти интизомӣ аз замони оғози тазоҳуроти мухолифон дар он моҳ, то кунун 27 ҳазор нафарро дастгир кардаанд.

XS
SM
MD
LG