Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ниҳодҳои Косово як шаҳрванди Тоҷикистонро боздошт кардаанд


Ситора Атомамадоваро дар ин ҷо нигоҳ медоранд
Ситора Атомамадоваро дар ин ҷо нигоҳ медоранд

Мақомоти Косово шаҳрванди Тоҷикистон, Ситора Атомамадоваро боздошт кардаанд ва ба ӯ хатари ихроҷ аз Косово таҳдид мекунад. Вакили ҳуқуқии ӯ мегӯяд, зидди Ситора ҳеч иттиҳоми расмӣ эълон нашудааст, аммо расонаҳои маҳаллӣ 5-уми ноябр гуфтанд, Атомамадова дар ҷосусӣ ба манфиати Русия гумонбар мешавад.

Ситора Атомамадова, ки беш аз 20 сол дар Косово зиндагӣ мекардааст, замоне боздошт шуд, ки барои дарёфти шаҳрвандии Косово иқдом кард. Вале мақомоти Косово парвонаи истиқомати ӯро дар Косово бозпас гирифтанд. Ҳоло Ситора дар боздоштгоҳи хориҷиён дар Вранидолл, наздикии Приштина, пойтахти Косово, нигаҳдорӣ мешавад.

Вакили ӯ Лабинот Вата ба Бахши Косовои Радиои Озодӣ гуфт, Вазорати корҳои дохилии Косово нисбат ба Ситора Атомамадова ҳукми ихроҷ содир кардааст, вале “ягон далели он ки вай як хатари амниятист, вуҷуд надорад ё (аз тарафи ниҳодҳо) баён нашудааст”.

Ҳамзамон Лабинот Вата мегӯяд, “қонун ба ниҳодҳои амниятӣ ин ҳақро медиҳад, ки ӯро бе эълони сабаб ӯро хатар ба амният шуморанд.” Вакил инчунин гуфт, Атомамадова аз болои ҳукми ихроҷ ва беэътибор шудани парвонаи истиқоматаш шикоят бурдааст ва мунтазири қарор аст. Баробар бо ин Ситора Атомамадова аз ниҳодҳои Косово дархости паноҳандагӣ кардааст.

Вранидолл
Вранидолл

Додситонии Косово дар суҳбат бо Бахши Косовои Радиои Озодӣ тасдиқ карданд, ки зидди Ситора Атомамадова ҳеч гуна парванда боз нашудааст. На Вазорати корҳои дохилии Косово ва на Полиси Косово дар бораи ин қазия маълумот надоданд.

Бахши Косовои Радиои Озодӣ ҳамчунин аз Оҷонси Амнияти Косово, ки бар пояи қонун масъули тафтиши амниятии хориҷиён аст, пурсид, оё дар бораи ин қазия назаре додааст. Ба ин дархост то ҳоло, яъне замони нашри ин мақола посух нарасидааст.

Ситора Атомамадова кист ва дар Косово чӣ мекард?

Талошҳои мо барои гуфтугӯ бо худи ӯ бенатиҷа буданд, вале ин маълумотро дорем, ки ӯ аз боздоштгоҳ бо наздикони худ тамос гирифтааст.

Бародари Ситора, Сангин Атомамадов, ки дар ИМА зиндагӣ мекунад, рӯзи 14-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, аҳли хонавода аз қазияи Ситора ошуфта ва нигаронанд. Онҳо гуфтаанд, бовар надоранд, ки Ситора бо ягон ниҳоди Русия тамос ё ҳамкорӣ дошта бошад ва иттиҳоми матбуоти маҳаллии Косово дар бораи ҷосусӣ ба манфиати Русия ягон асос надорад.

Ситора Атомамадова соли 1972 дар шаҳри Хоруғ, маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зода шуда, ба гуфтаи наздиконаш, хатмкардаи бахши забони инглисӣ, дар аввали соли 2000 аз Тоҷикистон рафт.

Вакили Ситора Атомамадова, Лабинот Вата мегӯяд, иҷозаи истиқомати Ситора дар Косово аз соли 2001 сар шуда, вай ҳамчун тарҷумон ва парастор дар созмонҳои маъруфи байнулмилалӣ, аз ҷумла дафтари Созмони Милал дар Косово ва Сипоҳи посдорони сулҳи НАТО дар Косово кор кардааст.

Радиои Озодӣ бо ин ниҳодҳо муроҷиат намуд, то маълумоти мазкурро тасдиқ кунанд ва мунтазири посух аст.

Маркази нигаҳдории хориҷиён дар Косово
Маркази нигаҳдории хориҷиён дар Косово

Илова бар ин вакил изҳор дошт, ки Атомамадова аз тарафи Вазорати корҳои дохилии Косово чандин бор барои тарҷумонӣ дар парвандаҳои паноҳандагони афғонистонӣ даъват шудааст. Вакил илова кард, ки Ситора донандаи хуби чанд забон аст, дар Косово моликият дорад ва тайи солҳо бо ҷомеаи ин ҷо ҳамгироӣ пайдо кардааст.

Ба гуфтаи вакилаш, баррасии қазияи Ситора Атомамадова мумкин аст, моҳҳо идома кунад. Дар се соли охир 6 шаҳрванди Тоҷикистон аз кишварҳои гуногуни Аврупо ихроҷ ва истирдод шуда, ҳамаи онҳо дар Тоҷикистон маҳкум ба зиндон гаштаанд.

Ҷумҳурии Косово давлати нимаэътирофшудаи балканист, ки қаблан бахше аз Югославии собиқ буда, дар соли 2008 истиқлоли худро аз Сербия эълон кард. Ҳарчанд аксари кишварҳои узви СММ истиқлолияти онро эътироф кардаанд, Тоҷикистон дар як саф бо Русия ва аксари кишварҳои пасошӯравӣ ва ҳамчунин бархе аз давлати Аврупо онро ба расмият нашинохтаанд. Дар панҷ соли охир 550 нафар аз Косово ихроҷ карда шудаанд.

ШАРҲ. Хабари аввал дар бораи боздошт шудани Ситора Атомамадова дар Косово рӯзи 12-уми ноябр зери унвони “Як зани тоҷик дар Аврупо бо гумони ҷосусӣ барои Русия боздошт шуд” ба нашр расида, ба далели пурра набудани маълумот ва нақли қавли расонаҳои камэътимоди Косово аз сафҳа гирифта шуд. Ин нусхаи такмилшудаи матлаб бо нақли қавл аз вакил ва наздикони зани боздоштшуда аст.

XS
SM
MD
LG