Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар моҳи декабр аз Душанбе ба Минск даҳ парвоз дар назар аст


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Ширкати "Сомон-Эйр" эълон кард, ки ҳавопаймоҳояш дар моҳи декабри имсол ба шаҳри Минск даҳ парвоз анҷом хоҳанд дод.

Ба иттилои масъулони ширкат, парвоз ба пойтахти Белорус бо риояи чораҳои беҳдоштӣ сурат мегирад. "Мусофироне, ки таби баланд доранд, ба дохили ҳавопаймо роҳ дода намешаванд”, -- таъкид шудааст дар изҳороте, ки рӯзи 1-уми декабр нашр шуд.

Илова ба ин, аз мусофирон нусхаи маълумотномаи гирифтор набудан ба COVID-19 (PCR-тест) бо забонҳои русӣ, белорусӣ ва ё англисӣ талаб мешавад. Аз кӯдакони то 3-сола чунин маълумотнома намепурсанд.

Парвоз ба Минск инчунин ба онҳое иҷоза дода мешавад, ки бо ҳадафи транзит ё парвоз ба кишварҳои дигар ба пойтахти Белорус сафар мекунанд. Барои ин гурӯҳи мусофирон доштани билети нуқтаи ниҳоии сафар ва маълумотномаи эмин будан аз COVID-19 (натиҷаи манфии PCR-тест) ҳатмӣ мебошад.

Бо сабаби пандемияи коронавирус ва баста шудани марзҳо дар аксар кишварҳо, парвозҳои маъмулии мусофирон бекор шуда, танҳо бар асоси қарордоди ҷудогона парвозҳои чартерӣ ва ё созишномавӣ ба самти кишварҳои алоҳида роҳандозӣ шудаанд.

Яке аз маъмултарин самтҳои сафари шаҳрвандони Тоҷикистон – шаҳрҳои Русия – ҳамоно дар низоми чартерӣ амал мекунад. Маълум нест, кай Ситоди зидди коронавирус дар Русия барои парвозҳои маъмулии мусофирон аз Тоҷикистон ба ин кишвар иҷоза хоҳанд дод.

XS
SM
MD
LG