Александр Лукашенко, ки 26 сол ба Белорус ҳукумат карда, моҳҳои ахир бо эътирозҳо рӯ ба рӯст, гуфт, ки пас аз қабули Қонуни асосии нав аз қудрат хоҳад рафт.
Ба навиштаи “Белта”, Лукашенко рӯзи 27-уми ноябр ҳангоми боздид аз як бемористон дар Минск гуфтааст, “тибқи Қонуни асосии нав дигари раиси ҷумҳур нахоҳам буд.” Аммо ӯ таърихи дақиқи тасвиби Конститутсия ва канорагириашро аз қудрат мушаххас нагуфтааст.
Лукашенко дар гузашта низ чанд бор эҳтимоли тағйири Қонуни асосии Белорусро матраҳ карда буд, вале мухолифон бовар доранд, ки ҳадафи ӯ “ба даст овардани вақт ва боқӣ мондан дар қудрат ҳамзамон бо саркӯби эътирозҳо аст”.
Мақомоти Белорус мехоҳанд, дар охири моҳи декабри имсол ё моҳи январи 2021 ислоҳҳоро ба Конститусия баррасӣ кунанд.
Пас аз эълони натиҷаҳои интихоботи президентии рӯзи 9-уми август, Белорус шоҳиди эътирозҳои густарда шуд. Кумисюни марказии интихобот гуфт, Лукашенко 80 дарсади раъйи мардумро ба даст овард. Норозиён мегӯянд, дар интихобот тақаллуби густарда сурат гирифтааст. Ба бовари онҳо, дар ин интихобот номзади мухолифон, Светлана Тихановская, баранда шуд.
Дар давоми эътирозҳо Александр Лукашенко борҳо гуфтааст, ки қасди рафтан аз қудратро надорад. Ду ҳафта пеш низ гуфт, қудратро ба ҳеч шахс ё гурӯҳе вогузор нахоҳад кард.
Иттиҳоди Аврупо ва Амрико натиҷаҳои интихоботи президентии Белорус ва пирӯзии Александр Лукашенкоро эътироф накардаанд.