Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Насим Олимзода, вазири пешини тандурустӣ мансаби нав гирифтааст


Насим Олимзода
Насим Олимзода

Вазири пешини тандурустии Тоҷикистон, ки баъд аз эътирофи мавҷудияти коронавирус дар кишвар аз мақом барканор шуда буд, соҳиби мансаби нав гардидааст.

Пас аз ним сол Насим Олимзодаро мудири Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии гастроэнтерологияи Тоҷикистон таъйин кардаанд. Ин пажӯҳишгоҳ соли 1965 барои табобати бемориҳои системаи ҳозима ва ҷигар зери раҳбарии академик Ҳамид Мансуров таъсис ёфтааст.

Насим Олимзода рӯзи 5-уми майи имсол, баъд аз эътирофи расмии мавҷудияти коронавирус дар Тоҷикистон аз мансаб ронда шуд.

Он замон намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ Вазорати тандурустӣ ва мақомоти дигарро бештар барои он танқид мекарданд, ки чанд мавриди шубҳаовари марги сокинонро ба илтиҳоби шуш рабт дода, мавҷудияти коронавирусро рад карданд.

Насим Олимзодаи 56-сола беш аз се сол дар мансаби вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон фаъолият дошт. Як муддат муовини вазир буд.

Ӯ доктори илми тиб буда, соли 1988 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистонро хатм кардааст. Корро дар бемористони вилоятӣ дар Кӯлоб оғоз намуда, баъдан дар Маркази ҷумҳуриявии бемориҳои дили Вазорати тандурустии Тоҷикистон идома додааст.

XS
SM
MD
LG