Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як ҷавони тоҷик дар Юнон бо гумони узвият дар ДОИШ боздошт шудааст


Кормандони пулиси Юнон. Акс аз бойгонӣ
Кормандони пулиси Юнон. Акс аз бойгонӣ

Як ҷавони 27-солаи тоҷик, ки ба узвияти созмони мамнӯи ДОИШ муттаҳам мешавад, бо дархости пулиси байналмилалии Интерпол дар шаҳри Триполиси Юнон боздошт шудааст.

Нашрияи “The National Herald” навиштааст, ки ӯро рӯзи 4-уми ноябр боздошт кардаанд.

Ба навиштаи ин нашрия ҷавони 27-сола, падари чаҳор фарзанд буда, ҳамчун муҳоҷири ғайриқонунӣ соли 2017 вориди Юнон шудааст ва дар ин кишвар ба ӯ ҳақи паноҳандагӣ додаанд. Ӯ гуфтааст, ки дар ватанаш таҳти таъқиб қарор дошт.

Мақомоти пулис ба ин нашрия гуфтаанд, ки боздоштшуда худро домоди раҳбари мухолифини тоҷик медонад.

Ҷузъёт ва шахсияти ин ҷавон маълум нест ва ҳанӯз намояндагони мухолифини тоҷик дар ин бора назар надодаанд.

Пулиси Юнон аз мақомоти тоҷик дар бораи ин ҷавон маълумот хостааст.

XS
SM
MD
LG