Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Гапи озод" – баҳси ошкоро дар Радиои Озодӣ. ВИДЕО


Шумораи аввали барнома рӯзи 2-юми сентябр пахш мешавад
Шумораи аввали барнома рӯзи 2-юми сентябр пахш мешавад

Радиои Озодӣ ба зудӣ намоиши барномаи наверо оғоз мекунад, ки Шумо ҳам метавонед дар он ширкат кунед ва ё дар таҳияи он саҳм гузоред.

Барнома бо номи "Гапи озод" баҳси ошкоро доир ба мавзӯи доғи рӯз ё ягон мушкилот дар ҷомеа аст ва мутахассисону донишмандон ва ё афроди огоҳ дар бораи ин ё он масъалаи муҳим гап мезананд ва агар роҳи ҳалле буд, пешниҳод мекунанд.

Шумораи аввали "Гапи озод" рӯзи 2-юми сентябр пахш мешавад ва дар бораи як санаи таърихист, ки ба гуфтаи иддае тоҷиконро аз мероси зиёд маҳрум кард ва ба ақидаи дигар ба таъсиси Тоҷикистони ҳозира ва мустақил асос гузошт. Он ҳам 100-умин солгарди инқилоб дар аморати Бухоро ё ғасби аморат аз тарафи Русияву сипас ба кишварҳо тақсим кардани он аст.

Меҳмонони барномаи аввал инҳоянд:

Нуралӣ Давлат, рӯзноманигор

Ҷонибеки Асрориён, фарҳангшинос ва таърихшинос

Ҷалолиддини Аҳмад, коршинос

Моро ҳамроҳӣ кунед, то аз ин баҳс бенасиб намонед.

"Гапи озод"-барномаи нави Радиои Озодӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:12 0:00

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG