Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хонаҳо барои зарардидагон. Ҳукумат ба қазияи Хуросон расидагии бесобиқа нишон дод


Хонаҳои нав дар минтақаи селзадаи ноҳияи Хуросон
Хонаҳои нав дар минтақаи селзадаи ноҳияи Хуросон

Эътирози бидуни иҷоза баъди офати табиӣ дар Хуросон алайҳи бетаваҷҷуҳии ҳукумат сабаби ҷазои маъмуриву ҷиноятӣ барои бисёре аз сокинони ноҳия гардид. Вале дар иваз, мақомот баъди эътироз дар ёрмандӣ ба осебзадагон фаъолона дастбакор шуданд.

Коршиносони мустақил ин гуна вокунишу талоши мақомотро баҳона надодан ба ҳама гуна эътирозҳои дастҷамъона, хусусан дар арафаи интихоботи президентӣ, медонанд. Намояндагони ҳукумат мегӯянд, ки зарардидагонро дар ҳама ҳолат дастгирӣ мекарданд ва раванди ба ҷавобгарӣ кашидани эътирозгарон низ дар доираи қонун сурат мегирад.

Ҳам кӯмак ва ҳам ҷазо

Талоши ҷалби таваҷҷуҳи мақомот ба мушкилии худ барои сокинони ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон бо ҷазоҳои маъмуриву ҷиноятӣ овард.

Тавре додситони вилояти Хатлон Абдураҳим Раҳимзода 16 июл дар нишасти хабарӣ гуфт, барои иштирок дар эътирози бидуни иҷоза даҳ бошандаи ноҳияи Хуросон ба ҷавобгарӣ кашида шуда, аз 5 то 15 шабонарӯз ҳабс шуданд. Вале додситон дар бораи сарнавишти 6 сокини дигари ноҳия, ки алайҳашон парвандаи ҷиноӣ боз шуд, чизе нагуфт.

Пештар радиои Озодӣ аз манбаҳои худ маълум карда буд, ки боздоштшудаҳо ба даъвати эътирози оммавӣ ва вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ гунаҳкор карда мешаванд.

Дар баробари ҷазо додан, ҳамзамон мақомот барои ҳалли мушкилоти эътирозгарон дар деҳаи Чорбоғи ноҳияи Хуросон бо ҷалби масъулон, муаллимон ва хидматчиёни давлатӣ ба сохтмони 60 хона барои зарардидагон, ки қарор аст то фарорасии хунукиҳо омода шаванд, бо суръат идома медиҳанд.

Коршиносони мустақил фаъолмандии мақомотро дар ин минтақа ба он марбут медонанд, ки онҳо мехоҳанд решаҳои иҷтимоии норизоятиро аз байн баранд ва дар баробари ин нишон медиҳанд, ки ҳеч эътирозеро қабул надоранд.

Роҳ надодан ба намунаи ибрат

Рӯзноманигор Хайрулло Мирсаидов мегӯяд, ки мақомот бо ин роҳ мехоҳанд имконоти мардумро маҳдуд кунанд, ки натавонанд нуқтаназарҳои худро изҳор намоянд. “Эътирози Хуросон дар кишвар замоне баргузор шуд, ки коронавирус авҷ гирифта буд ва аз марги даҳҳо нафар хабар мерасид. Руҳияи мардум нисбат ба мақомот дар кишвар ба андозаи кофӣ буҳронӣ буд, ҳукумат тарсид, ки мавҷи эътирозҳо ба тамоми кишвар паҳн мешавад ва ором кардани он сахт душвор мешавад”,- мегӯяд Мирсаидов. Ӯ таъкид мекунад, ки ҳабси эътирозгарон як навъ намоиш барои дигар норозиён буд, ки дар сурати такрори чунин иқдом онҳоро ҳам ҳамин гуна ҷазо мунтазир аст.

17 май даҳҳо нафар дар Хуросон иқдоми эътирозӣ ташкил доданд ва роҳи Душанбе-Бохтарро бастанд. Тазоҳурот баъди се рӯзи он буд, ки 14 май селоби шадиде хонаҳои онҳоро вайрон карда буд. Ба гуфти эътирозгарон бо ин роҳ мехостанд таваҷҷуҳи мансабдоронро ба мушкили худ ҷалб кунанд. Вале эътироз тавассути кормандони пулис пароканда карда шуд.

Дар оғози моҳи июн аз мансаби худ додситони ноҳияи Хуросон Саидҷон Сафаров барканор шуд. Дар додситонии вилоят рабти барканории ӯ ба қазияи эътироз рад карда шуд. Вале ба ин иддао на ҳама бовар мекунанд. “Барканории додситони Хурсон аз мансабаш нишон медиҳад, ки мақомот ҳатто одамони худиро, ки ба ин гуна маъракаҳо роҳ додаанд, ҷазо медиҳанд. Ин маънои онро дорад, ки дар оянда ҳар мансабдор ин гуна иқдомотро саркӯб мекунад, то вазифаашро ҳифз кунад”,- тахмин мезанад Мирсаидов.

«Ҳукумат тибқи тартибот амал кард»

Ҳарчанд мақомот мегӯянд, ки бунёди хонаҳо барои зарардидагон бо ташаббуси онҳо сурат гирифт, вале сокинон бар инанд, ки агар онҳо хостори таваҷҷуҳи мақомот намешуданд ва эътироз намекарданд, “шояд бе ҳеч чиз мемонданд” ва чизе дигар намешуд.

Саидҷаъфар Усмонзода, вакили маҷлиси поёнии порлумон ва раҳбари Ҳизби демкорат мегӯяд, ки мақомот ба вазъ тибқи тартиботи мавҷуд бархӯрд карданд. “Дастгоҳи иҷроияи президент, ки фишанги асосии фармондеҳ барои иҷрои ин ё он супориши президент аст, масолеҳи сохтмонӣ надорад. Баъд аз он ки манзилҳоро об зад чанд қадар пас сохтмон шуруъ шуд. Аввал маблағ ҷудо карданд. Давлат дар як муддати муайян кормандони тиббиро он ҷо равон кард ва аз паҳлуи дигар супориш дод, ки маблағҳо ба сохторҳои дигари иҷроия барои барқароршавии манзилҳо равона шаванд. Ин раванд худаш дуру дароз аст”,- мегӯяд вакил. Ба гуфтаи вай масъулияти асоси ба дӯши ҳукумати маҳаллист, ки натавонист сари вақт ба вазъ расидагӣ кунад.

Эътирозгарон, мегӯяд Усмонзода, нодуруст амал карданд ва миёни зарадидагон сару садо эҷод карданд, вале набояд онҳоро ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашид, ҷавобгарии маъмурӣ кофист.

Ёрии пешазинтихоботӣ?

Ҳангоми талоши инъикоси ҳаводиси марбут ба зарадидагони Хуросон 29 май "сокинони маҳаллӣ" рӯзноманигори оҷонси хабарии “Азия плюс” Абдуллоҳ Ғурбатиро латукӯб карданд. Баъднр додгоҳи ноҳия ин сокинонро ба маблағи 580 (57 доллар) ҷарима баст. Мунтақидон ҳамла ба рӯзноманигорро ҳушдор ба расонаҳо номиданд, ки чунин мавзуъҳоро доман назананд.

Доктори ҳуқуқ Шокирҷон Ҳакимов мегӯяд, ки мувофиқи қонун барои баргузории ҳамоиши эътирозӣ зарур аст, 10 рӯз пеш ба мақомоти маҳаллӣ дар мавриди шумораи эътирозгарон, шиорҳо ва ғ. ариза дода шавад. “Аммо дар замони истиқлоли Тоҷикистони ягон бор ин гуна хоҳишҳои шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои иҷтимоии онҳо қабул нашудаанд ва моҳиятан давлат меҳаросад, ки ин корҳо ҷузъи фарҳанги сиёсӣ мешавад ва минбаъд чун воситаи фишор ҳам ба ҳукумати марказӣ ва ҳам дар сатҳи мақомоти маҳаллӣ истифода бурда мешавад”, -- мегӯяд коршинос.

Вокуниши мақомотро ҳамсуҳбати мо бештар ба интихоботи пешорӯ марбут медонад. “Дар ин сол ин гуна мавзуъҳои ҳассос метавонад барои ҳукумат монеаҳои иҷтимоӣ эҷод кунад, дар ҳоле, ки номзади эҳтимолӣ худи расиҷумҳур метавонад бошад. Барои ҳамин мақомот маҷбуранд сохтмонро вусъат бахшанд, сарфи назар аз ҳама монеаҳо”,- мегӯяд Ҳакимов.

Дар натиҷаи сел шаби 14 май дар чанд маҳаллаи ноҳияи Хуросон даҳҳо хонаҳо хароб гардида ба бахши кишоварзӣ хисороти калон расид. Дар ин офатҳои табиӣ ду сокини маҳаллӣ ҷон бохтанд. Бино ба ҳисоби комиссияи ҳукуматӣ, ҳаҷми умумии осеби расида аз офати табиӣ ҳудуди 7 миллион сомониро дар бар гирифтааст.

XS
SM
MD
LG