Дар деҳаи Чорбоғи ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон сохтмони беш аз 60 хона барои мардуми аз сел зарардида ҷараён дорад. Ҳар рӯз чанде аз омӯзгорону кормандони идораҳои дигари давлатӣ ва сокинон ба он ҷо рафта, хишт болои хишт мегузоранд, ки то фаро расидани сардиҳо зарардидагонро аз хаймаҳои муваққатӣ ба манзилҳои нав кӯчонанд.
Мақомот пайваста гузориш медиҳанд, ки сохтмони хонаҳо бо ташаббуси онҳо сурат мегирад. Сокинон мегӯянд, агар дар оғоз масъаларо ҷиддӣ матраҳ намекарданд ва аз бетаваҷҷуҳии мансабдорон эътироз наменамуданд, мумкин буд, бе замину хонаи нав мемонданд. Онҳо изҳори умедворӣ мекунанд, ки ғамхориҳои мақомот давомдор хоҳад буд, на намоишкорона.
Онҳо мегӯянд, пеш аз ин ҳодиса ва роҳбандӣ, рӯзи 24-уми март низ, деҳаи Ҳалқаҷари ноҳияи Хуросонро сел зада буд. Ҳарчанд он вақт зарар мисли ҳодисаи баъдӣ зиёд набуд, аммо саривақт ёрӣ низ расонда нашуд. "Мардум он вақт мушкилашонро байни худ ҳал карданд. Ҳамаи вазниниро ба дӯши худ гирифтанд. Касе ёрӣ накард. Агар онҳо низ мушкилашонро ба расонаҳо мегуфтанд, шояд касе мадад мекард", - мегӯяд яке аз сокинон.
Дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Хатлон рӯзи 28-уми июн гузориш дод, ки сохтмони боми яке аз хонаҳоро дар деҳаи Чорбоғ аллакай ба анҷом расонданд. "Девори 56 манзили сохташаванда пурра бардошта шудааст. Дар 26 хона бардоштани бом ва болопӯш оғоз гардидааст", -- хабар дод дафтари матбуоти вилоят.
Як сокини ҷамоати Садриддин Айнии ноҳияи Хуросон, мегӯяд, аз кумакҳое, ки то ин дам барои зарардидагон шудааст, хушҳоланд. Вале, ба қавли ӯ, ба мушкили онҳо замоне таваҷҷуҳ шуд, ки мардум эътироз карданд: "Ба мардуми деҳаи Партсъезд, ки эътироз карданд, ёрӣ расонданд. Ҳоло шароиташон хуб аст. Боз журналистон дар бораи ҳодиса навиштанд. Ба додашон расиданд."
Шаби 14 ва 15-уми май дар чанд деҳаи ноҳияи Хуросон сел омад ва даҳҳо хонаро пурраву баъзеи дигарро қисман вайрон кард. Ба киштзору роҳҳо низ зарар расонд ва боис ба марги ду нафар шуд. Дар маҷмуъ зарари расидаро аз сел ҳудуди 7 миллион сомонӣ ҳисоб карданд.
Зарардидагон мегӯянд, дар се рӯзи аввали ҳодиса касе ба сарнавишти онҳо таваҷҷуҳ накард, дар ҳоле ки хонаву дари худро аз даст дода буданд ва шабҳоро дар манзили наздикон дар маҳаллаҳои дигар рӯз мекарданд. Баъди он ки 17-уми май барои чанд соат шоҳроҳи Бохтар-Душанберо бастанд, раиси вилояти Хатлон ва муовини нахуствазир ба суроғашон рафтаанд.
Ҳамчунин Иттиҳоди Аврупо рӯзи 5-уми июн ба сокинони осебдида аз сел дар Бохтару Хуросон 80 ҳазор евро ҷудо кард. Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон эълон намуд, ки то ин дам ба даҳҳо хонавода дар ноҳияи Хуросон маводи зарурӣ, аз ҷумла рахти хобу белу каланд ва ашёи дигар додааст.
Эътирози сокинони зарардидаи ноҳияи Хуросон, ки ба бовари онҳо яке аз сабабҳои зуд расондани ёриҳо ва сохтмони хонаҳои нав шуд, барояшон бе мушкил анҷом наёфт. Айни замон мақомоти интизомӣ ба зидди чаҳор нафар барои ташкили эътироз парванда кушодаанд.
Як манбаи Радиои Озодӣ қаблан гуфта буд, ки "парвандаро муфаттишони Прокуратураи генералӣ таҳқиқ доранд. Инҳо ҷавононе будаанд, ки дар рӯзи эътироз иштирок аз мардум хостаанд, роҳро ба сӯйи Душанбе банданд."
Ҳоло сокинон интизоранд, ки ҳарчи зуд боми хонаҳо пӯшонда шавад ва онҳо ба зиндагии тоза шуруъ кунанд. Чун, ба гуфтаи онҳо, кор танҳо бо чаҳор девори хиштӣ ба поён намерасад, бояд об биёранду боғ созанд ва дарахт шинонанду ҷиҳози хона бигиранд. Аммо чизи муҳиме, ки онҳо аз мақомот мехоҳанд ин аст, ки роҳи омадани сел ва лағжиши кӯҳҳоро бигиранд, вагарна ҳар сол чунин ҳол ба сари мардум хоҳад омад.
Дар вилояти Хатлон тақрибан 400 минтақаи хавфнок вуҷуд доштааст, ки ҳар сол хатари омадани селу лағжиши кӯҳ таҳдид мекунад. Хуросон аз ноҳияҳои осебпазир дар баробари офатҳои табиӣ бахусус сел аст. Солҳои гузашта низ омадани сел ба ин ноҳия зарари зиёд расонда буд. Бори ахир дар моҳи марти имсол як сокини ноҳияи Хуросон дар вақти омадани сел ҳалок шуда буд.