Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҷаммӯи норозиёнро дар Хуросон пароканда карданд. Сокинон: Мушкил ҳал нашуд. ВИДЕО


Таҷаммӯи норозиён дар ноҳияи Хуросон. 17-уми майи 2020
Таҷаммӯи норозиён дар ноҳияи Хуросон. 17-уми майи 2020

Нирӯҳои пулис таҷаммӯи сокинони зарардида аз селро дар ноҳияи Хуросон пароканда кардаанд. Даҳҳо нафар аз ду деҳаи ноҳияи Хуросон, ки бар асари омадани сел хонаву дар ва заминҳои худро аз даст доданд, рӯзи 17-уми май ба нишони эътироз роҳи Бохтар-Душанберо бастанд. Бархе аз мардуми ҷамъомада дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, онҳо мехоҳанд, мақомоти ноҳия ҳарчи зуд ба сарнавишташон таваҷҷуҳ карда, барои барқарор намудани хонаву дар ёрӣ расонанд.

Мақомоти ноҳияи Хуросон мегӯянд, бояд аввал хисороти хонаҳои зарардида ҳисоб шавад ва бар асоси он ба мардум ёрӣ пешниҳод мегардад.

Ба гуфтаи сокинон, бар асари омадани сел бори чандум аст, ки хонаву заминҳои кишташон хароб мешавад ва мақомот ҳам ба ҷуз ваъда амалан кумак намекунанд.

Бахтиёри Ҷабборзода, сокини деҳаи Ҳалқаҷари ноҳияи Хуросон, гуфт, вақте аз деҳа берун мешуданд, раиси ноҳия хостааст бо мардум сӯҳбат кунад ва онҳоро аз роҳ гардонад. Вале, ба гуфтаи ӯ, “мардум дигар ба ваъдаҳояш бовар намекарданд ва ба ҳарфҳояш гӯш надода, ба самти роҳи Душанбе ҳаракат мекарданд. Дафъаи пеш ҳам ваъда дода буд, ки ҳамаро барқарор мекунад, аммо накард.”

Шоми 14-уми май дар натиҷаи омадани сел дар ноҳияи Хуросон ду нафар ба ҳалокат расида, манзили чанде аз сокинон зарар дид. Мақомоти Идораи ҳолатҳои фавқулода дар ноҳияи Хуросон мегӯянд, ҳудуди 10 хона пурра вайрон шудааст, вале сокинон мегӯянд, хисороти расида аз ин зиёд аст.

Бахтиёр Ҷабборзода, сокини деҳаи Ҳалқаҷар гуфт, то ҳанӯз касе аз ҳоли онҳо напурсидааст: “Мо дар даромадгоҳи деҳа панҷуним гектар замин дорем. Бори дувум аст, ки пахта мекорем ва сел мебарад. Аз тамоми ниҳодҳо омада, рӯйхат мекунанд. Мегӯянд, ёрӣ мекунем, аз андоз озод мекунем, аммо дар ниҳоят чизе намешавад.”

Ба гуфтаи Акбар, сокини дигари ноҳияи Хуросон, рӯи якшанбе бо умеди дарёфти кумак барои барқарор кардани хонаҳои вайроншуда ва заминҳояшон таҷаммуъ карданд. “Мақомот нирӯҳои пулисро даъват карданд ва мардумро ба хонаҳо ҷавоб доданд. Ҳозир ҳама дар хона аст”, - мегӯяд Акбар.

Дар наворҳое, ки рӯзи якшанбе ба дасти Радиои Озодӣ расид, дар миёни издиҳом чанде аз маъмурони милиса ва сарбозон ба чашм мерасанд. Бархе аз шоҳидон гуфтанд, барои пароканда кардани мардум нирӯҳои вижа даъват шудаанд.

Чанде аз ронандагон, ки аз Бохтар ба Душанбе сафар доштанд, шикоят карданд, ки ба сабаби баста будани роҳ хеле мунтазир монданд.

Раҳматулло Сафарзода, раиси ноҳияи Хуросон, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ, гуфт, бо мардум ҳамроҳ буд ва намояндагони ҳукумати вилояти Хатлон баъди эътироз ба ноҳия омадаанд. Сафарзода гуфт, талаби асосии мардум, ки аз сел зарар дидаву хонаҳояшон пур аз лой шудааст ё пурра вайрон гардидааст, дарёфти кумак барои сохтмони хонаҳояшон ва ҳамчунин замин буд.

“Онҳо мехостанд бифаҳманд, ки акнун ҳолашон чӣ мешавад? Бо онҳо суҳбат карда, фаҳмондем. Барои онҳое, ки хонаҳояшон зери лой мондаанд, ба ҳукумат мактуб навишта, замин ҷудо мекунем. Барои тоза кардани хонаҳое, ки пур аз лой шудаанд, кумак мекунем”, - афзуд раиси ноҳияи Хуросон

Аммо сокинон мегуянд, ба ин ваъдаҳо чандон бовар надоранд, чун ба гуфтаи онҳо баъди омадани сел дар моҳи марти имсол ҳам мақомот барои тоза кардани селроҳа ва бартараф кардани зарари сел чаҳор тонна сӯзишворӣ ваъда доданд, вале то ҳанӯз аз маводи сӯхт дарак нест.

Ба гуфтаи сокинон, онҳо қаблан бо як мактуб ба чандин ниҳод муроҷиат карда, хостори таъсиси як кумисюни вижа барои санҷиши вазъ дар ноҳияи Хуросон шуданд, аммо то ҳанӯз ин хоҳиши онҳо беҷавоб мондааст.

Талаби даҳҳо сокини ду деҳаи аз сел осебдидаи Хуросон барои барқарор кардани хонаҳояшон ва аз мақомот дар ҳолест, ки Вафо Ашӯров, як масъули Идораи ҳолатҳои фавқулода рӯзи 17-уми май, ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳанӯз хисороти воридшуда аз сел ҳисоб нашудааст: “Ҳоло, ки зарари расидаро ҳисоб накардаанд, дар бораи кумак чизе гуфта намешавад.”

Хуросон аз ноҳияҳои осебпазир дар баробари офатҳои табиӣ, бахусус сел аст. Солҳои гузашта низ омадани сел ба ин ноҳия зарари зиёд расонда буд. Бори ахир дар моҳи марти имсол як сокини ноҳияи Хуросон дар вақти омадани сел ҳалок шуда буд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG