Мақомоти расмӣ мегӯянд, дар натиҷаи сел дар ноҳияи Хуросон як нафар ба ҳалокат расида, чандин манзили сокинон осеб дидааст. Намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода дар Тоҷикистон гуфтанд, ки ҳодиса шоми 14-уми май рух дод.
Умеда Юсуфӣ, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон рӯзи 15-уми май дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳалокшуда "як сокини 55-солаи ҷамоати Ҳилолии ноҳияи Хуросон" аст. Мақомот дар бораи шахсияти ӯ ва чигуна ҳалок шуданаш шарҳ намедиҳанд.
Даҳҳо сокини ноҳияи Хуросон шаби гузаштаро аз тарси омадани сел ва лағжиши кӯҳ дар берун рӯз карданд. Ин сокинон мегӯянд, манзили аксарашон хароб шудааст ва ҷойи рафтан надоранд. Борони зиёд ва пур шудани селроҳа шаби 14-уми май асосан ба сокинони ҷамоатҳои Садриддин Айнӣ ва Ҳилолии ноҳияи Хуросон зарар расонд.
Хурсандмурод Охунов, омӯзгори 50-солаи деҳаи Парсеси ҷамоати Садриддин Айнӣ мегӯяд, аз боғу ҳавлӣ, замини кишташ танҳо боми хонааш намоён аст ва дигар нишоне аз манзилаш боқӣ намондааст.
"Талаб мекунам, ки кумак кунад, кӯдакҳо гурехтанд, худатон ҳамаро мебинед, ҳоҷат ба гап нест. Борон зад ва куҳро шуста ба инҷо овард, хонаҳои ҳамсояро низ бинед, чизе намондааст,”-мегӯяд Хурсанмурод Охунов.
Файзмаҳмад Бобоев, сокини дигари ноҳияи Хуросон ҳам гуфт, аз хонааш танҳо як сандуқро берун овардаанд. Ба гуфтаи Бобоев, "ҷонамонро гурезондем, соати 5 омад, ягон чизамон намонд."
Хуросон аз ноҳияҳои осебпазир дар баробари офатҳои табиӣ бахусус сел аст. Солҳои гузашта низ селхезӣ ба ин ноҳия зарари зиёд расонда буд. Бори ахир дар моҳи марти имсол як сокини ноҳияи Хуросон дар вақти омадани сел ҳалок шуда буд. Мирзоқул Раҳмонқулови 59-сола ба гуфтаи мақомот дар таллу теппаҳо ба кишоварзӣ машғул будааст, ки зери сел монда, ба ҳалокат расид.
Мақомоти кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар ноҳияи Хуросон мегӯяд, дар пайи омадани сели шоми 14-уми май, ҳудуди 10 хона комилан хароб шуда, чизе боқӣ намондааст, вале сокинон мегӯянд, ки хисороти расида аз ин зиёд аст.
Муродҷон Муҳиддинов, намояндаи кумитаи ҳолатҳои фавқулода гуфт, ки сарбозони ин ниҳод корҳои бартарафкуниро мегузаронанд. Ҷаноби Муҳиддинов гуфт, “комисия ҳоло муайян мекунад, мо бартарафкуниро анҷом медиҳем, зарар ҳисоб нашудааст, ҳоло масоҳатро низ гуфта наметавонам.”
Сокинон мегӯянд, ки дар ду ҷамоат зиёда аз 50 чорвои мардум нест шуда, ҳамзамон чанд мошин зери хок мондааст.
Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ҳамчунин хабар додааст, ки шаби гузашта дар чанд минтақаи дигари Тоҷикистон низ омадани сел ба қайд гирифта шуд. Умеда Юсуфӣ, сухангӯи ин идора гуфт, дар шаҳри Ваҳдат низ бар асари боло рафтани сатҳи оби рӯдхонаҳои Элок ва Кофарниҳон 200 метр роҳи мошингард, як пули мошингузар ва се ҳавлии сокинон пурра тахриб шудааст.
Ба иттилои сухангӯи КҲФ, тибқи пешбинии ҳавошиносон ҳавои номусоид дар кишвар то 19-уми май боқӣ мемонад.
Далери Абдулло, сухангӯи намояндагии ширкати IRS, масъули роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ ҳам гуфт, рӯзи гузашта дар 10 мавзеи ин роҳ селфароӣ рух додааст.