Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиши зарфи газ дар Ёвон 8 касро маҷруҳ кардааст. ВИДЕО, САДО


Бар асари сӯхтор дар нуқтаи фурӯши сӯзишвории "Шералиҷон" дар ноҳияи Ёвон, ки боис ба таркиши зарфи ҳомили гази моеъ шуд, 8 кас, аз ҷумла чаҳор маъмури оташнишонӣ захмҳои сабук бардоштаанд. Талафоти ҷонӣ сабт нашудааст. Ҳодиса рӯзи 23-юми июн дар ҷамоати Ҳаёти Нав рух дод.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон сабаби сӯхторро "риоя нагардидани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми холӣ кардани сӯзишворӣ аз мошини Дулан" номид.

"Дар натиҷа оташ ба зарфҳои дигар, аз ҷумла зарфи гази моеи 10-тоннаӣ гузашт ва таркиш ба амал омад", - гуфтанд дар Вазорати корҳои дохилӣ.

Ба иттилои манбаъ, маъмурони оташнишонӣ ба ҷойи ҳодиса рафта, сӯхторро хомӯш кардаанд: "Дар натиҷаи сӯхтор 4 шаҳрванд ва 4 корманди хадамоти оташнишонӣ ҷароҳатҳои сабуки ҷисмонӣ бардоштанд. Талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст."

Корбарони Радиои Озодӣ ду наворе фиристоданд, ки дар яке саҳнаи оташ гирифтан ва баъдан мунфаҷир шудани бушкаи сӯзишворӣ дида мешавад.

Таркиш дар як нуқтаи сӯзишворӣ дар Ёвон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:07 0:00

Ба қавли шоҳидон, эҳтимол сӯхтор аз гази моеъ сар зада, баъдан ба қисматҳои дигар печидааст.

Сӯхтор дар нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар Ёвон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:59 0:00

Дар гузашта низ дар Хатлон чанд ҳолати сӯхтор дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ сабт шуда буд, ки дар натиҷа ба хонаҳои мардум зарар ворид карда, чанд нафар ҳам осеб дида буданд. Бар асари як чунин таркиш дар соли 2017 дар ҷамоати “Бустонқалъа”-и ноҳияи Кушониён Маликхон Малахови 35-сола фавтида, 21 нафар бо шумули кӯдакону наврасон ҷароҳат бардоштанд.

Он замон идораи оташнишонӣ ва дигар мақомоти интизомии Хатлон гуфта буданд, ки бояд тамоми нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар ҷойҳои дуртар аз маҳалҳои аҳолинишин бунёд шавад. Огоҳони умур мегӯяд, ки пешниҳоди кӯч додани нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ бо сар задани ҳар як ҳолати сӯхтор ё таркише ба миён меояд, вале баъдан ба боди фаромӯшӣ супурда мешавад.

XS
SM
MD
LG