Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситони кулли Тоҷикистон ҳам аз "илтиҳоби шуш" халос шудааст


Юсуф Раҳмон чанд сол боз додситони Тоҷикистон аст.
Юсуф Раҳмон чанд сол боз додситони Тоҷикистон аст.

Вазорати тандурустӣ мегӯяд, Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистонро, ки як ҳафта пеш гирифтори “илтиҳоби шуш”шуда буд, муолиҷа карда ва аз бемористон ҷавоб додаанд. Вазорат шоми 16-уми май бо нашри як баёнияи расмӣ гуфт, ки Юсуф Раҳмонро рӯзи 9-уми май бо “ташхиси илтиҳоби дутарафаи шушҳо” дар Маркази миллии илмии узв ва бофтаҳои инсон, яке аз шифохонаҳои муосири Тоҷикистон бистарӣ кардаанд.

Ба қавли вазорат, Юсуф Раҳмон “ба хизматрасонии тиббии маркази мазкур баҳои баланд дода ва ба раҳбарони вазорати тандурустӣ ва шифохона изҳори сипос кард. Аксарият бовар доранд, ки “илтиҳоби шуш”-е, ки вазорати тандурустӣ мегӯяд, бар асари сирояти ҳамон коронавируси нав аст, ки бемории COVID-19 бармеангезад, вале мақомот онро эълон намекунанд.

Аз ин пештар вазорат гуфт, раиси Маҷлиси намояндагонро, ки гирифтори “илтиҳоби шуш” шуда буд, рӯзи 15-уми май аз шифохона ҷавоб доданд. Дар Тоҷикистон то кунун ҳеҷ вақт дида нашудааст, ки якбора афроди зиёде якбора ба “илтиҳоби шуш” гирифтор шуда бошанд.

XS
SM
MD
LG