Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сардухтури бемористони Суғдро аз вазифа сабукдӯш кардаанд


Даромадгоҳи бемористони вилоятии Суғд
Даромадгоҳи бемористони вилоятии Суғд

Собирҷон Собиров, сардухтури бемористони вилоятии Суғд, аз мақомаш сабукдӯш карда шудааст. Як манбаъ дар бемористон гуфт, "ин кор рӯзи шанбеи 2-юми май сурат гирифт". Ҳоло ба ҷойи ӯ Баҳодур Муъминовро таъин кардаанд. Муъминов то ин дам сардухтури бемористони касалиҳои сироятӣ дар Хуҷанд буд.

Маъруфҷон Ҳоҷибоев, муовини сардори Раёсати тандурустии Суғд ва раҳбари ситоди мубориза бо COVID-19 дар вилоят гуфт, дар ин бора хабар надорад.

Собирҷон Собиров рӯзи 4-уми май дар суҳбат бо хабарнигори "Азия-Плюс" гуфтааст, бо хоҳиши худ ариза навишту аз кор рафт. "Барои хидмат ба мардум дар ҳама ҷо ва дар ҳар замон омода ҳастам", - гуфтааст ӯ, вале ҷузъиёти аз вазифа рафтанашро ошкор накардааст.

Як ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ ба далели фош нашудани номаш сабаби сабукдӯш шудани Собирҷон Собировро ошкор кард. Вай 4-уми май гуфт, мақомот ба Собиров дастур додаанд, ки пеш аз боздиди эҳтимолии намояндагони СҶТ аз ин бемористон маризонро ба хонаҳояшон ҷавоб диҳад, вале ӯ рад кардааст.

"Собиров гуфтааст, наметавонад ба ҳайси табиб беморонро ҷавоб диҳад. Агар хоҳанд, вазифаашро гиранд. Ночор аризаи аз кор рафтанро навиштааст. Мақомот бо ин роҳ ӯро аз вазифа сабукдӯш кардаанд", - нақл кард манбаъ.

Мақомоти тандурустӣ то ба ҳол сабаби сабукдӯш шудани сардухтури бемористони вилоятии Суғдро шарҳ надодаанд.

Ин дар ҳолест, ки яке аз мусоҳибони дигари Радиои Озодӣ гуфт, бархе аз беморонро аз шифохонаи вилоятӣ ба хонаҳояшон ҷавоб додаанд. Ба қавли ӯ, "баъзе аз ҳамсояҳои мо дар ин бемористон бистарӣ буданд. Ба хонаҳояшон ҷавоб доданд. Онҳо таб доранд, 37-38 дараҷа. Бо мошини "Ёри таъҷилӣ" омада хабар мегиранду мераванд".

Бемористони вилоятии Суғд, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд, охири моҳи апрел ба шифогоҳи махсуси беморони пневмония табдил шуд.

Мақомот мегӯянд, ҳоло дар кишвар беш аз 3 ҳазор нафар зери назорати табибон ҳастанд, вале маълум нест чӣ қадари онҳо дар бемористони вилоятии Суғд бистарианд.

Ба иттилои расмӣ дар кишвар 128 кас ба коронавирус сироят шуда, ду нафар аз ин бемории ҳамагир фавтидааст. Мақомот танҳо рӯзи 30-юми апрел гуфта буданд, ки даҳ нафар аз гирифторон дар вилояти Суғд ҳастанд. Дар рӯзҳои баъдӣ дар бораи каму зиёд шудани сафи беморон дар вилоят чизе нагуфтанд.

XS
SM
MD
LG