Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

5 чизи донистанӣ. Баҳси бакорат дар Тоҷикистон. ВИДЕО


5 чизи донистанӣ. Баҳси бакорат дар Тоҷикистон. ВИДЕО
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:17 0:00

Баҳси бакорат дар Тоҷикистон ҳар сол боиси бекор шудани даҳҳо ақди никоҳ мешавад. Агар домод дар шаби аввал ба бокира будани арӯс шубҳа кунад, оила аз ҳам мепошад. Гоҳе домод харҷи тӯй ва маҳрро аз хонаводаи арӯс бозпас талаб мекунад. Бархе аз хонаводаҳо дар Тоҷикистон барои пешгирӣ аз нобоварӣ арӯсро пеш аз никоҳ аз ташхис мегузаронанд. Озмоишгоҳҳои тиббиву додгоҳӣ дар ин бора санад ҳам медиҳанд, вале дар баъзе ҳолат ҳуҷҷати бакорат ҳам шубҳаи домодҳоро рафъ намекунад. Кумитаи ҳимоят аз ҳуқуқи занони Созмони Милали Муттаҳид соли 2018 аз Тоҷикистон хост, ки ба таҷрибаи "ташхиси бакорат" қабл аз издивоҷ хотима диҳад, зеро он ҳуқуқи духтаронро поймол мекунад. Мақомот мегӯянд, он маҷбурӣ нест. Панҷ чизи донисттаниро дар ин бора дар навор бинед.

Бахшҳо

XS
SM
MD
LG