Ширкатҳои амрикоии Pfizer ва олмонии BioNTech хабар доданд, ки ваксинаи сохтаи онҳо аз COVID-19 муҳофизат мекунад. Хабар умедворкунанда аст, аммо танҳо як қадаме дар раванди дуру дароз мебошад.
- ДОНИШМАНДОН МЕГӮЯНД, "НАТИҶАҲОИ АВВАЛ ХЕЛЕ ХУБАНД"
Уилям Скаффер, эпидемиологи Донишгоҳи тиббии Вандербилт гуфт, "вокуниши аввали ман, албатта, ин буд, ки ин рӯшноие дар охири нақб аст."
Доктор Эндрю Престон аз донишгоҳи Бата мегӯяд, "фикр мекунам, эҳтимол ин як гардиши ҷиддие хоҳад шуд, ки мо ҳама мунтазираш будем. Ин воқеан хабари хуш аст."
Ширкатҳо бо ҳузури беш аз 40 ҳазор ихтиёрӣ санҷиш гузаронданд, ки нисфе аз онҳо дар бадани худ масуният пайдо карданд. Пас аз муқоисаи он ки чанд нафар аз эмшудагон гирифтори COVID-19 гаштанд, пажӯҳишгарон самарбахшии ваксинаро 90 дарсад арзёбӣ мекунанд. Самарбахшии он аз ваксинаҳое, ки қаблан зидди дигар бемориҳо ихтироъ шуданд, болотар аст. Пажӯҳишгарон мегӯянд, то ҳанӯз ин ваксина аз назари бехатарӣ ҳеч душворӣ наовардааст.
- ҲОЛО ҲАМАИ МАЪЛУМОТ ДАСТРАС НЕСТ
Даври севуми санҷишҳо дар ҷараён аст. Барои арзёбии ваксина доираи одамоне, ки дар бадани онҳо санҷида шуд, ҳанӯз кофӣ нест ва тадқиқоти иловагӣ зарур аст.
Уилям Скаффер, эпидемиологи Донишгоҳи тиббии Вандербилт, мегӯяд, "ин оғози кор аст. Ҳоло намедонем, ки ин ваксина ба пиронсолон чӣ гуна таъсир мекунад. Таъсир ба занони ҳомила низ ҳанӯз омӯхта нашудааст ва тадқиқот нисбат ба кӯдакон акнун оғоз шуд."
Тадқиқот ҳамагӣ чанд моҳ пеш сар шудааст. Бит Кампман аз маркази ваксинаҳо дар Донишгоҳи беҳдоштии Лондон гуфт, “ба мо зарур аст, то донем, ки масуният чӣ қадар давом мекунад. Ҳоло мо маълумоти довталабонеро дар даст дорем, ки 28 рӯзи пеш ду бор ваксина гирифтаанд”.
- ТО ЭМГИРИИ ҲАМАГОНӢ ҲОЛО РОҲ ДАРОЗ АСТ
Pfizer ният дорад барои дарёфти иҷозаи истифодаи ваксина дар шароити изтирорӣ дар Амрико дар поёни моҳ дархост бидиҳад. Идораи назорати ғизо ва дорувори Амрико баъд аз чанд ҳафта метавонад иҷозат диҳад. Аммо барои қонеъ кардани талоботи зиёд ба ваксина вақт зарур аст.
Алберт Бурла, роҳбари кулли Pfizer, гуфт, "чанде пеш ба тавлиди ваксина оғоз кардем. Тавре гуфтам, ба бовари мо имсол 50 миллион ва соли оянда 1,3 миллиард ваксина ба даст меорем”.
Ҳар шахс ду ваксина мегирад. Дар беҳтарин сурат имсол имкони ваксиназании 25 миллион нафар вуҷуд дорад. Монеаҳо дар дастраскунии ваксина ҳам дар миён аст, хусусан вақте ваксина ба хориҷа бурда мешавад.
Доктор Эндрю Престон аз донишгоҳи Бата гуфт, “ин ваксина як мушкили изофӣ дорад. Барои нигоҳ доштани он ҳарорати ниҳоят сард зарур аст, хеле сардтар аз дохили яхдони хонагӣ. Бинобар ин, дар бисёре аз гӯшаҳои олам мушкили логистикӣ ё ҳамлу нақлро ба вуҷуд меорад.”
Наворро дар инҷо бинед:
- ҲУКУМАТҲО ДАСТРАСӢ БА ВАКСИНАРО БОЯД КОРИ АВВАЛИНДАРАҶА ДОНАНД
Pfizer бо чанде аз кишварҳо барои дастрас кардани ваксина шартномаҳо дорад ва дигар кишварҳо низ шояд ҳамин тавр кунанд. Масъулони мақомоти тандурустӣ дар рӯбарӯи интихоби cахте хоҳанд буд, ки чӣ гуна ваксинаро дастраси умум кунанд.
Уилям Скаффер, эпидемиологи Донишгоҳи тиббии Вандербилт, мегӯяд, "авлавият ба кӣ хоҳад буд? Кулли коршиносоне, ки ин масъаларо омӯхтанд, гуфтанд, нахуст ба духтуроне бояд таваҷҷуҳ кард, ки беморонро муолиҷа мекунанд. Ин аз он ҷиҳат фоидаовар аст, ки назорати кормандони тиб сабуктар аст. Чунки мо саломатии шахсонеро, ки ваксина гирифтанд, назорат мекунем. Кормандони тиб талаботи бехатариро риоя мекунанд ва агар дар бадани худ ягон дард ва ё бемориеро эҳсос карданд, хабар медиҳанд”.
Баъзе аз коршиносон мегӯянд, ба шахсони осебпазир дар баробари COVID-19 низ бояд бартарӣ дод. Хоса куҳансолон ва шахсоне, ки масунияти заиф доранд.
- МУВАФФАҚИЯТИ ЯК ВАКСИНА БАРОИ ДИГАРОН ҲАМ АЛОМАТИ ХУБ АСТ
Олимон мегӯянд, натиҷаҳои Pfizer исбот мекунад, ки ваксина метавонад дар бадани инсон масунияти қавиро дар муқобили COVID-19 ба вуҷуд орад. Ин ваксина ҳамчунон коромад будани ваксинаҳои усулан навро исбот мекунад, ки дар асоси РНК- яъне коди генетикии вирус таҳия шудаанд.
Саймон Кларк, профессори микробиологияи ҳуҷайраҳо аз донишгоҳи Рединг мегӯяд, "ин усули комилан нави таҳияи ваксинаҳо аст. Ин усулро чанд сол пеш таҷриба карда буданд, аммо чандон муваффақ набуд. Як порча маводи генетикиро бо номи РНК ва чанд нусхаи онро мегиред ва ба бадани инсон мегузаронед... Яъне на худи вирус, балки порчаҳои хурди вирусро. Системаи масунияти Шумо вирусро ҳамчун ҷинси бегона шиносоӣ мекунад ва ба зидди он масуният ба вуҷуд меорад”.
Moderna ширкати дигар ҳам ваксинаи сохтаи худро дар асоси РНК ба таври густарда месанҷад.
Баъд аз эълони Pfizer, Вазорати тандурустии Русия ҳам иддао кард, ки ваксинаи “Спутник - V” дар ин кишвар ҳам самараи беш аз 90-дарсадӣ дорад.
Кишварҳои олам талош доранд, ба ваксина ҳар чӣ зудтар дастрасӣ пайдо кунанд. Аз ин рӯ, эҳтимол якчанд ширкатҳои тавлидкунанда ҳамзамон кор хоҳанд кард, то талаботи ҷаҳонро ба ваксина қонеъ кунанд.