Дар Тоҷикистон бо ҳадафи пешгирӣ аз вуруди вируси нав назоратро дар марз бо Чин "пурзӯр кардаанд". Дар як ҳафтаи ахир бар асари хуруҷи коронавирус дар Чин беш аз сад нафар ҷон бохта, зиёда аз 1700 нафар сироят ёфтаанд. Чин яке аз ҳамсояҳои девор ба девори Тоҷикистон ва яке аз манбаъҳои ворид кардани маҳсулоти сохтмонӣ, либос ва хӯроку ашёи дигари зарурӣ ба кишвар аст.
Мақомоти Тоҷикистон рӯзи 28-уми январ дар ҷаласае дар Душанбе роҳҳои пешгирӣ аз вуруди вируси навро ба кишвар баррасӣ намудаанд. Азим Иброҳим, муовини сарвазири Тоҷикистон, рӯзи сешанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, 27 нуқта дар марзи Тоҷикистону Чин зери назорат гирифта шудааст, то аз вуруди афроди гирифторшуда ба коронавирус ҷилавгирӣ намоянд.
Дар посух ба суоли он ки хатари вируси нав то куҷо ба Тоҷикистон таҳдид мекунад, муовини нахуствазир гуфт: "Вақте дар Австралия ин вирус сабт шудааст, эҳтимоли вуруди он ба Тоҷикистон низ шояд ҷой дошта бошад. Агар муносибат ва додугирифти иқтисодӣ бештар бошад, дар ин ҳолатҳо метавонад мушкилот эҷод кунад. Аз маводи ғизоие, ки аз Чин ба Тоҷикистон ворид мешавад, танҳо чойи хушк будааст ва дигар молҳои ниёзи мардум. Ба ниҳодҳои дахлдор супориш дода шуд, ки ҳатто дар ин ҳолат ҳам эҳтиёткор бошанд."
Азим Иброҳим илова кард, ки дар ҳолати зарурӣ мумкин аст Тоҷикистон муваққатан марзро бо Чин бандад.
Тоҷикистон то кунун парвози ҳавопаймоҳо аз Душанбе ба шаҳрҳои Чинро муваққатан қатъ кардааст. Инчунин, Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар фурудгоҳҳои кишвар таҷҳизот насб карда, мусофиронеро, ки аз Чин меоянд, аз назар мегузаронанд.
Кумитаи рушди сайёҳӣ ҳам бо фиристодани мактуб аз ширкатҳои ҷаҳонгардӣ хост, то аз фиристодани шаҳрвандони Тоҷикистон ба Чин муваққатан даст кашанд.
Бо вуҷуди нигарониҳо аз вируси нав мақомоти тоҷик мегӯянд, то ҳол гирифторӣ ба ин вирус дар кишвар сабт нашудааст. Аммо аз ҳоло эҳтимоли ворид шудани вирус аз Чин ба Тоҷикистон бархе аз сокинони кишварро ба ташвиш гузоштааст. Чин яке аз манбаъҳои асосии вуруди мол ба бозори Тоҷикистон аст ва тоҷирони зиёде ҳам ба он кишвар равуо мекунанд.
Тибқи охирин хабарҳо шумораи гирифторшудагон ба вируси нав аз 1700 нафар бештар шудааст. Пештар аз эълони омори нав дар бораи беморон, Муғулистон, Кореяи Шимолӣ, Қирғизистон гуфтанд, ки марзҳояшон бо Чинро мебанданд. Ҳонк Конг ва Малайзия гуфтанд, ки сокинони вилояти Вуҳанро, ки вирус дар онҷо пайдо шуд, аз ҳаққи вуруд ба қаламравҳояшон маҳрум мекунанд.
Маркази ҷилавгирӣ ва назорати бемориҳо дар Амрико рӯзи 27-уми январ ба мардум тавсия дод, ки бидуни зарурат ба Чин сафар накунанд. Ҳукумати Канада низ аз мардумаш хост ба вилояти Ҳубей, маркази густариши беморӣ нараванд.
Мақомоти Чин мегӯянд, ки вируси нав қавитар шудааст ва зуд аз инсон ба инсон сироят мекунад. Ба ширкатҳои сайёҳӣ тавсия додаанд, ки сафари ҷаҳонгардон ба маконҳои диданиро лағв кунанд. Олмон рӯзи 27-уми январ аз сирояти беморӣ ба як нафар дар қаламраваш хабар дод.
Бемории мазкур мисли зукоми маъмулӣ ва ё бемории илтиҳоби шуш аст. Мавридҳои сирояти вируси нав дар Камбоҷа, Шри Ланка, Малайзия, Кореяи Ҷанубӣ, Тайван, Таиланд, Канада, Непал, Виетнам, Арабистони Саудӣ, Сингапур, Ҷопон, Амрико Фаронса ва Австралия сабт шудааст.