Чанде аз донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Вуҳани Чин, маркази асосии пайдоиши вируси нав, гуфтанд, ки ин рӯзҳо бештари вақтро дар хобгоҳ мегузаронанд ва бидуни зарурат ба берун намебароянд. Бино ба иттилои охирин, шумораи қурбониёни вирус дар Чин ба беш аз 50 нафар ва шумораи гирифторон ба тақрибан ду ҳазор нафар расидааст.
Дар ҳамин ҳол, бархе дигар аз донишҷӯёни тоҷик дар Чин дар номае ба Радиои Озодӣ навиштаанд: "Вазъият дар ин мамлакат муташанниҷ аст. Мехостем, ба ватан баргардем, аммо нархи билети ҳавопаймо ба Душанбе бениҳоят гарон шудааст ва имкони бозгаштро надорем."
Донишҷӯён гуфтаанд, "мехостем сабаби боло рафтани нархи билетро фаҳмем. Хуб мешуд, ба ҳамин масъала рӯшанӣ меандохтед, зеро ҷавонони мисли мо кам нестанд." Мақомоти Тоҷикистон охири ҳафтаи гузашта эълон карданд, ки парвози ҳавопаймоҳо аз Душанбе ба Чин муваққатан қатъ шудааст.
Радиои Озодӣ бо ду донишҷӯи тоҷик, ки дар Донишгоҳи геологии шаҳри Вуҳан таҳсил доранд, ҳамсуҳбат шуд.
Мубориз Неъматиён, унвонҷӯи тоҷик, рӯзи 26-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, маъмурияти донишгоҳ аз онҳо хостааст, бе зарурат ба берун набароянд ва агар аз бинои хобгоҳ хориҷ шуданд, ниқоб (маска)-и тиббӣ бигиранд.
Неъматиён вазъияти шаҳрро чунин тасвир кард: "Ҳоло дар назди аксар биноҳо, аз ҷумла хобгоҳ ҳарорати бадани одамонро месанҷанд. Дар сурати кашф шудани ягон нишонаи вирус зуд шахсро бистарӣ мекунанд," -- гуфт ӯ.
Ба қавли ҳамсуҳбати мо, шумори донишҷӯёни тоҷик дар Вуҳан хеле зиёданд ва танҳо дар Донишгоҳи геологии Чин дар ин шаҳр 17 нафар таҳсил доранд.
Сокинони Чин айни замон соли навро ҷашн мегиранд ва ба гуфтаи донишҷӯёни тоҷик аксарияти мағозаву идораҳо то ду ҳафтаи дигар таътил аст. Неъматиён мегӯяд, даромаду баромади одамон ба шаҳр айни замон манъ шудааст.
"Дар шаҳр аз соати 5-и бегоҳ то 9-и шаб соати комендантӣ эълон шудааст. Мақомот дар ин соатҳо ба воситаи мошину ҳавопаймо ва чархбол ба кӯчаву хиёбонҳои шаҳр дору мепошанд," -- иброз дошт ӯ.
Меҳроҷ, донишҷӯи дигари тоҷик, ки низ дар Донишгоҳи геологии Чин дар Вуҳан таҳсил мекунад, гуфт, овозаи хуруҷи вирус ва беморӣ волидони онҳоро сахт нигарон кардааст. Ӯ мегӯяд, "дӯстон тавассути паёмрасонҳо ба мо занг мезананд ва гоҳе шӯхиомез мепурсанд, ки оё зинда ҳастем ё не. Дар ин ҷо вазъият он гуна бад нест, ки тасвир мешавад. Бале, дар кӯчаҳо одам кам аст ва дари аксар идораву мағозаҳо баста, аммо ин ба хотири соли нави чинӣ аст."
Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, аҳолии Вуҳан 11 миллион аст, аммо танҳо 2 миллион нафари онҳо сокинони бумиянд.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар пасманзари густариши вируси хавфнок дар Чин эълон намуд, ки то кунун касе бо чунин беморӣ дар кишвар сабт нашудааст. Бо ин вуҷуд, Вазорати тандурустӣ бо фиристодани номаи расмӣ аз Вазорати умури хориҷӣ ва Кумитаи рушди cайёҳӣ хост, дар сафари сайёҳон ва шаҳрвандони дигари Тоҷикистон ба Чин маҳдудият ҷорӣ кунанд.
Дар Тоҷикистон феълан тамоми парвози хатсайрҳо ба самти Чин ва аз Чин ба Тоҷикистон қатъ шудааст.