Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вирус дар Чин. Тоҷикистон мехоҳад сафари шаҳрвандонро маҳдуд кунад


Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон бо ирсоли як номаи расмӣ аз Вазорати умури хориҷа ва Кумитаи рушди cайёҳӣ хостааст, то дар сафари сайёҳон ва дигар шаҳрвандони Тоҷикистон ба Чин маҳдудият ҷорӣ кунанд.

Масъулини Вазорати тандурустӣ мегӯянд, ин тасмим ҷиҳати пешгирӣ аз ворид шудани вируси наве гирифта шудааст, ки дар Чин паҳн шудааст ва нигарониҳо аз интиқоли он ба нуқтаҳои дигари ҷаҳон зиёд аст.

Мирҳомуддин Камолзода, муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон рӯзи 21-уми январ гуфт, бо таваҷҷӯҳ ба он, ки дар чанд рӯзи ахир сару садоҳо роҷеъ ба вируси чинӣ зиёд шудааст, ин ниҳод тамоми чораҳоро барои ҷилавгирӣ аз интиқоли он рӯйи даст гирифтааст.

Ӯ таъкид намуд, ки дар пайи ҳушдори Созмони ҷаҳонии беҳдошт, Вазорати тандурустӣ бо Фурудгоҳи байналмилалӣ ва хатсайрҳои заминиву ниҳодҳои дигар тамос гирифта, ин масъаларо дар миён гузоштааст.

"Дар гузаргоҳҳо нуқтаҳои санитарӣ-карантинӣ мавҷуданд, ки дар чунин ҳолатҳо мо супориш медиҳем, ки ин нуқтаҳо фаъолияи худро пурзӯр намоянду ба кори шабонарӯзӣ гузаранд. Дар фурудгоҳҳои ҷумҳурӣ таҷҳизотҳои зарурӣ насб карда шудаанд. Ҳар мусофире, ки аз Чин меояд, аз назар гузаронида шуда, дар мавриди гумонбар ба бемории сироятӣ фавран ба ҳуҷраҳои махсус фаро гирифта мешаванд ва бо нақлиёти махсус ба шӯъбаҳои бемориҳои сироятӣ интиқол меёбанд, он ҷо таҳти назорати табибон қарор мегиранд. Тибқи фармоиши вазир, тамоми сохторҳо вазифадор гардиданд, ки таҷҳизотҳои худро омода намоянд",-афзуд вай.

Ҳоло ба гуфтаи ин масъули Вазорати тандурустӣ, назорати мусофироне, ки аз Чин ба Тоҷикистон меоянд пурзӯр шудааст ва тамоми ташхисгоҳҳо барои саривақт аз санҷишу ташхиси гузаронидани ин мусофирон омодаанд.

Ҳамчунин барои ҷилавгирӣ аз интиқоли вируси чинӣ ба Тоҷикистон, ба ду ниҳоди масъул -- Вазорати корҳои хориҷа ва Кумитаи рушди сайёҳӣ мактуби расмӣ ирсол шудааст, то сафари шаҳрвандони кишвар ба Чин маҳдудият ҷорӣ шавад. Аз сокинон хоста шудааст, то пеш омадани ягон зарурат аз сафар ба Чин худдорӣ кунанд. Ин вазъ то мӯътадил шудани вазъият идома хоҳад кард.

Вазорати тандурустӣ ҳамчунин аз ин ду ниҳод хостааст, шахсият, будубош, нишонии чиниҳоеро, ки ба Тоҷикистон меоянд, дақиқ кунанд, то Вазорати тандурустӣ онҳоро то як муддат таҳти назорати худ бигирад.

Мирҳомуддин Камолзода, муовини вазири тандурустӣ афзуд, то ҳол интиқолу сирояти вирусе, ки дар Чин пайдо шудааст, дар кишвар сабт нашудааст ва таъкид намуд, ки дар маҷмӯъ пешгирии ҳама гуна бемориҳои сироятӣ аз худи шахс низ вобаста буда, сокинон бояд аз эҳтиёт кор гиранд. Ба гуфтаи ин масъули Вазорати тандурустӣ, дар мавриди рӯбарӯ шудан ба нишонаҳое чун таби баланд, дарди сар, дарди гулу, илтиҳоби шадиди роҳи нафас ва сулфаи хушк ё сулфаи намнок, бояд шаҳрвандон ба табибони маҳаллӣ зисташон муроҷиат намоянд.

​Мақомҳои Чин рӯзи душанбеи 20-уми январ аз интиқоли сареи як вируси нав ва ношинохта ба шаҳрҳои мухталифи он кишвар хабар додаанд. То ба ҳол ҳадди ақал чаҳор нафар дар пайи сироят шудан ба ин вирус ҷони худро аз даст додаанд. Ба таври расмӣ эълон шудааст, ки садҳо нафар ба ин вирус сироят шудаанд. Ин вирус, ки нахуст дар шаҳри Вуҳани вилояти Ҳубей пайдо шуд, нигарониҳоеро дар ҷомеаи байналмилалӣ ба миён овардааст.

Мақомоти Чин пас аз он ки мушахас карданд, ин вирус аз инсон ба инсон мегузарад, дар тамоми истгоҳҳои қатораву фурудгоҳҳо маъмурони тандурустиро мустақар карданд, то мусофирони гирифтори эҳтимолии ин бемориро озмоиш ва дар сурати тасдиқ шудани гирифторияшон, онҳоро зери карантин қарор диҳанд.

Рӯзи 21-уми январ бархе расонаҳо бо истинод ба мақомоти маҳаллии Чин хабар доданд, ки бозорҳо баста шуда, аз мардуми вилояти Вуҳан дархост шудааст, то ба хотири пешгирӣ аз таҷаммуъҳои ғайризарурӣ дурӣ ҷӯянд. Теъдоди зиёди намунаи беморони гирифтор ба ин вирус дар озмоишгоҳҳои чинӣ ва созмонҳои ҷаҳонии тандурустӣ баррасӣ шуда, мутахассисон ин вирусро аз хонаводаи вируси Коронавирус номидаанд. Коронавирус як навъи беморӣ аз хонаводаи вирусҳое аст, ки то ҳол 6 намуди он кашф шуда буд ва вируси ахир навъи 7-уми он гуфта мешавад.

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ қаблан аз интишори ин вирус нигаронӣ карда буд. Баъдан мақомоти амрикоӣ эълон карданд, ки дар чанд фурудгоҳи ин кишвар тадбирҳои беҳдоштӣ барои мусофироне, ки аз шаҳри Вуҳан ворид мешаванд, дар назар гирифтаанд.

Корбарони азиз

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG