Президенти Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ хостааст, эътирозгароне, ки дар тазоҳуроти чанде пеш ба зидди якбора боло рафтани нархи сӯзишворӣ дастгир шуданд ва агар беяроқ буданду танҳо андешаи худро гуфтаанд, озод карда шаванд.
Рӯҳонӣ рӯзи 4-уми декабр дар суханронии телевизионии худ гуфт: "Бахшандагии динӣ ва исломӣ бояд нишон дода шавад ва касони бегуноҳе, ки ба болоравии нархи сузишворӣ норозигӣ карданд ва яроқнок набуданд ... бояд раҳо карда шаванд."
Норозигиҳо 15-уми ноябр, пас аз он рӯй доданд, ки ҳукумат болоравии нархи сӯзишвориро то 200 дар сад эълом кард. Аммо ин тазоҳурот аз сӯи нерӯҳои амниятӣ тез хомӯш карда шуданд ва мақомот ҳамазамон як ҳафта интернетро бастанд.
Ҳафтаи гузашта созмони ҳомии ҳуқуқи Amnesty International гуфт, дар ин задухӯрдҳо наздик ба 208 нафар кушта шуданд ва ин "далели он аст, ки нерӯҳои амниятии Эрон ба як куштори даҳшатбор даст задаанд."
Сухангӯи мақомоти додгоҳии Эрон Ғуломҳусейн Исмоилӣ рӯзи 3-юми декабр бисёр будани шумораи кушташудагонро инкор кард ва онро «дурӯғгӯи маҳз» номид.
Ҳасани Рӯҳонӣ рӯзи 3-юми декабр ба ҳайати комиссия супориш дод, барои шаҳрвандоне, ки дар рафти эътирозҳо зарари шахсӣ ё молӣ дидаанд, товони имконпазирро баррасӣ кунанд.