Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Занони тоҷик дар паноҳгоҳҳои Сурия мегӯянд, ҷонашон дар хатар аст. САДО


Занони як ноҳияи наздимарзӣ дар Сурия ҳангоми ҳамлаи Туркия фирор мекунанд. Акс аз 10-уми октябр
Занони як ноҳияи наздимарзӣ дар Сурия ҳангоми ҳамлаи Туркия фирор мекунанд. Акс аз 10-уми октябр

Занони тоҷике, ки бо кӯдакони хурдсол дар паноҳгоҳи Рож ва Ал-Ҳол дар Сурия қарор доранд, мегӯянд, ҳамлаи Туркия ба хоки ин кишвар паноҳандагонро ба хатари ҷиддии гуруснагӣ ва марг рӯ ба рӯ кардааст. Ин дар ҳолест, ки ҳафтае пеш мақомоти давлатии Тоҷикистон гуфтанд, роҳҳои бозгардондани онҳоро ба Тоҷикистон баррасӣ доранд. Зоҳиран, амалиёти оғозкардаи Туркия дар ин манотиқ нақшаи мазкурро бо мушкили ҷиддӣ рӯбарӯ кардааст.

Туркия рӯзи 8-уми октябр вориди хоки Сурия шуда, ба нерӯҳои низомии курд, ки аз ҷониби ИМА ҳимоят мешаванд, ҳамла кард. Мақомоти турк иддао доранд, ки марзҳои худро аз ҳузури террористон пок мекунанд. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо ақиб кашидани неруҳои худ ба амалиёти Туркия имконият дод, вале шарт гузошт, ки ба аҳолии осоишта осебе расонида нашаванд. Оғози ҳамлаи Туркия ба минтақаҳои шимолу шарқии Сурия дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон мавҷи эътирозҳоро ба вуҷуд овард. Аммо Туркия мегӯяд, ҳадафаш танҳо аз байн бурдани воҳидҳои низомии Ҳизби Коргари Курдистон аст. Анкара онҳоро "террорист" мешуморад.

Пешрафти нерӯҳои Туркия ба дохили Сурия ва задухӯрдҳо дар ин минтақа сабаб гашт, ки роҳҳои икмолотӣ ба паноҳгоҳҳое баста шаванд, ки дар онҳо ҳазорон зану кӯдаки вомонда аз ҷангҷӯёни созмони тундрави ДИИШ нигаҳдорӣ мешаванд. Дар ин паноҳгоҳҳо, ки зери назорати СММ ва нерӯҳои курданд, наздики 600 зану кӯдаки тоҷик қарор доранд.

Занони тоҷик дар Сурия ба хатари гуруснагӣ рӯ ба рӯянд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:27 0:00
Линки мустақим



Гулнора Орифова, зани тоҷик, ки бо ду кӯдаки ноболиғаш дар паноҳгоҳи Рожи Сурия қарор дорад, рӯзи 12-уми октябр гуфт, ҷанг ба макони зисти онҳо наздиктар шудааст.

Дар ин паноҳгоҳ 30 зану кӯдаки тоҷик нигаҳдорӣ мешаванд.

Ба гуфтаи ӯ, садои тирпаронӣ ва бомбафканӣ дар 15-20 километрии паноҳгоҳи занону кӯдакони ҷангҷӯёни ДИИШ, ки ба неруҳои курд таслим шуда буданд, шунида мешавад.

Гулнора Орифова мегӯяд, чор рӯз боз роҳҳои интиқоли маводи хӯрока баста аст ва мағозаҳо холӣ шудаанд.

“Агар ин хел давом кунад, се чор рӯз пас гуруснагӣ сар мешавад. Имшаб чор панҷ бор дар қарибии хайёмаҳо заданд. Ҳар вақте мезананд, хаймаҳо меларзад”,--гуфт ӯ.

Гулнора панҷ сол пеш бо даъвати шавҳараш ба Сурия рафт. Шавҳари ӯ, зоҳиран, узви гуруҳи тундрави ДИИШ буд. Шавҳараш дар ҷангҳо кушта шуд ва худаш соле пеш ба нерӯҳои курд таслим гашт. Паноҳгоҳе, ки ӯ ва даҳҳо зани дигари тоҷик зиндагӣ мекунанд, зери назари Созмони Милали Муттаҳид қарор дорад. Посбонии паноҳгоҳҳоро нерӯҳои курд, ки Туркия ба муқобилашон амалиёт роҳандозӣ кардааст, бар душ доранд.

Марям, зани дигари тоҷик аз паноҳгоҳи Рож дар сӯҳбати катбӣ ба Радиои Озодӣ навишт, ки “роҳҳо баста аст ва маводи озуқа ҳам кам мондааст”.

Ӯ гуфт, пештар хонаводаашон барояшон пул мефиристод ва онҳо маводи ғизоӣ харидорӣ мекарданд. Ҳоло роҳҳои интиқоли пул низ баста аст.

Дар паноҳгоҳи Ал-Ҳоли Сурия, ки бузургтарин паноҳгоҳи занон -- ҳамсарони ҷангиёни хориҷии ДИИШ аст, вазъ сахттар аст.

Аз ин пеш, Созмони Милали Муттаҳид аз вазъи занону кӯдакон дар ин паноҳгоҳ изҳори нигаронӣ карда буд. Ин созмон дар гузорише гуфт, ки кӯдакону занон гуруснагӣ мекашанд.

Дар ин паноҳгоҳ 10 ҳазор зану кӯдаки хориҷӣ нигаҳдорӣ мешавад, ки дар миёнашон беш аз 400 зану кӯдаки тоҷик низ ҳаст.

Зани тоҷике, ки аз худ Фаришта ном бурд, дар тамоси телефонӣ аз паноҳгоҳи Ал-Ҳол гуфт, ки аз оғози амалиёти Туркия ҳоли бе ин ҳам бадашон бадтар шудааст.

Ӯ мегӯяд, агар созмонҳои мададрасон ба кӯмакашон нарасад, эҳтимол дар ду ҳафтаи оянда даҳҳо зану кӯдак аз беморӣ ва гуруснагӣ бифавтад.

“Ҳама дар тарсу ҳарос қарор дорем, ки ҳоло болои сарамон бомба меафтад ё замони дигар. Каму ним хурданӣ доштем, ки он ҳам тамом мешавад”,--гуфт ӯ.

Амалиёти низомии Туркия дар Сурия замоне оғоз шуд, ки мақомоти тоҷик гуфтанд, нақшаи берун кардани занону кӯдакони тоҷик аз Сурияро таҳия кардаанд.

Як манбаъ дар ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 12-уми октябр гуфт, ки ин нақша бояд рӯзҳои наздик амалӣ мешуд ва гурӯҳи аввалини занону кӯдакони тоҷикро берун мекарданд, вале амалиёти Туркия иҷрои нақшаро номумкин кардааст.

Ӯ гуфт, то амалиёти низомии Туркия поён наёбад, сафар ба дипломатҳои тоҷик ба Сурия тавсия дода намешавад.

Амалиёти артиши Туркия зидди шибҳинизомиёни курд нигаронии ҷиддии ҷомеаи ҷаҳониро ба миён овардааст. Дар ҳоле, ки Анқара ҳадафи ҳамла ба курдҳоро ташкили "минтақаи амн" барои гурезагони суриягӣ арзёбӣ кардааст, коршиносон дар Душанбе мегӯянд, мақсади асосии Туркия коҳиш додани нуфузи курдҳо дар минтақа мебошад.

Амалиёти низомии артиши Туркия ба минтақаҳои курднишин дар шимоли Сурия чанд рӯз пас аз эълони хуруҷи низомиёни амрикоӣ аз ин минтақа бо дастури президенти ИМА Доналд Трамп оғоз шуд. Худи Трамп ба хотири тасмимаш дар берун кардани низомиҳои амрикоӣ мавриди интиқод қарор гирифтааст.

Ин сеюмин амалиёти низомии туркҳо дар хоки Сурия баъди соли 2016 мебошад. Ин амалиёт ба нерӯҳои таҳти раҳбарии курдҳо, ки дар ҷанги зидди гурӯҳи "Давлати исломӣ" саҳм гузоштаанд, зарбаи шадиде мезанадва ҳам домани қаламравҳои зери назари Туркияро фарохтар мекунад. Курдҳо охирин нерӯи зидди ҳукумати Димишқ мебошанд. Туркия ҳадаф дорад, ки ин нерӯҳоро боздорад. Шимолу шарқи Сурия, ки ҳоло ҳадафи низомиёни Туркия шудааст, макони муборизаҳои чандинсолаи шӯришиёни курд буд. Қаламрави мазкур бо дарозои 480 км дар соҳилҳои ғарбии руди Фурот ва сарҳадҳои шарқии Ироқ ҷойгир аст.

XS
SM
MD
LG