Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагӣ барои баргардондани 575 зану кӯдаки тоҷик аз Сурия ба Душанбе


Манобеъ дар ниҳодҳои расмии Тоҷикистон гуфтанд, нақшаи аз Сурия ба ватан овардани занону кӯдакони тоҷик, ки Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милал вазъи онҳоро “ваҳшатнок” тасвир карда буд, омода шудааст. Вале ҳозир нашуданд, ҷузъиёти нақшаро ошкор кунанд.

Дар гузашта мақомот гуфта буданд, азбаски Тоҷикистон дар Сурия намояндагии расмӣ надорад ва инчунин баъзе аз шаҳрвандон дар минтақаҳои зери назорати давлат ва бархеи дигар дар дасти гурӯҳҳои курд ҳастанд, корро мушкил мегардонад. Дар чанд паноҳгоҳи Сурия беш аз ним ҳазор зану кӯдаки ҷангҷӯёни тоҷики гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” сабт шудаанд.

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон рӯзи 5-уми октябр дар баёнияи расмӣ гуфт, фиристодаи кишвар бо баъзе аз мақомҳои Сурия мулоқот ва “масъалаи шахсият ва шумораи шаҳрвандон, роҳҳои баргардондани онҳо ба ватан ва мубориза бо терроризму экстремизм”-ро баррасӣ намудааст.

То ин дам чанде аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Узбекистону Қазоқистон чандин шаҳрванди худро аз ин кишвар берун овардаанд. Тоҷикистон таҷрубаи берун овардани кӯдакони ҷангҷӯёнро аз Ироқ дорад. Вале Бағдод беш аз чиҳил зани тоҷикро умрбод ва муддати тӯлонии зиндон маҳкум кардааст.

Зубайдулло Зубайдзода, сафири Тоҷикистон дар Кувайт ва Ироқ, ки ҳоло бо супориши ҳукумат дар Димишқ қарор дорад, рӯзи 5-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, бо намояндагони ҳукумати Башор Асад ва гурӯҳҳои мусаллаҳи мухолифин сӯҳбат кардааст. Вай низ ҳозир нашуд, ки нақшаи баргардондани шаҳрвандони Тоҷикистонро аз Сурия шарҳ диҳад, вале гуфт, “ба зудӣ иҷрои он оғоз мешавад”.

Дафъаи дувум аст, ки намояндагони Тоҷикистон ба Сурия мераванд. Дар ин кишвар Тоҷикистон сафорат надорад ва ҳукумат ин масъаларо ба сафорати Тоҷикистон дар Кувайт вобаста кардааст.

Пештар мақомоти Тоҷикистон хабар дода буданд, ки дар паноҳгоҳҳои зери назари Созмони Милали Муттаҳид 575 зан ва кӯдаки ҷангҷӯёни тоҷики гуруҳи "Давлати исломӣ"-ро пайдо кардаанд. Як манбаи боварбахши Радиои Озодӣ рӯзи 12-уми сентябри имсол гуфт, аксари онҳо дар паноҳгоҳи "Ал-Ҳол" ҳастанд.

Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милал дар гузорише вазъи онҳоро “ваҳшатнок” тасвир карда буд. Ба иттилои Созмони Милал, занону кӯдакон аз камбуди хӯрок ва дору азият мекашанд.

Занону кӯдакони ҷангҷӯёни тоҷик баъд аз озодшавии минтақаи Боғус, охирин ноҳияи зери назорати ДОИШ, дар баҳори имсол ба паноҳгоҳи "Ал-Ҳол" оварда шудаанд. Дар ин паноҳгоҳ дар маҷмуъ 10 ҳазор хориҷӣ нигаҳдорӣ мешаванд.

Дар гузориши Созмони Милал гуфта шудааст, садҳо нафар аз гуруснагӣ ва бемориҳои сироятӣ ҳалок шуданд. Дар чанд моҳи ахир 290 кӯдак фавтидааст. Созмони Милал мегӯяд, бояд фавран роҳи ҳалли ин мушкилро пайдо кард, вагарна ҳалокати кӯдакону занон бештар хоҳад шуд.

Чанд ҳафта пеш як зани тоҷик дар паноҳгоҳи "Ал-Ҳол" ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ду тифлаш "дарунрав шудаанд". Баъдан тамос бо онҳо гум шуд. Дигар телефонашон фаъол нест.

Фотима, як ҳамсари ҷангҷӯи тоҷик, ки дар паноҳгоҳи Рож дар Сурия қарор дорад, гуфт, то ҳафтае пеш бо занони тоҷик дар паноҳгоҳи “Ал-Ҳол” тамос дошт. Ӯ гуфт, ҳарбиёни курд дар он ҷо тафтиш карданд ва телефони тамоми паноҳҷӯёнро мусодира намуданд.

Қаблан мақомоти Тоҷикистон аз Ироқ беш аз 80 кӯдаки тоҷикро ба ватан оварда, баъзеи онҳоро ба наздикон ва бархеи дигарро ба ихтири интернатҳо супурданд.

Аз соли 2014 тақрибан 1900 шаҳрванди кишвар, аз ҷумла занону кӯдакон ба қаламравҳои Сурияву Ироқ рафтаанд. Додгоҳи Бағдод ҳамсарони ҷангҷӯёни ДИИШ-ро барои "убури ғайриқонунии марз" ва "ҳамзистиву кӯмак ба террористон" ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум кардааст. Аз ҷумла, 43 зани тоҷик, ки дар зиндонҳои Ироқ мебошанд, аз 15 соли зиндон то ҳабси абад маҳкум шудаанд.

XS
SM
MD
LG