Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ғаниҷон Ғаниев қаҳрамони ҷудои Осиё миёни наврасон шуд


Варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё оид ба ҷудо миёни наврасон, ки рӯзҳои 27-28-уми июл дар Тайпейи Чин баргузор шуд, се медал (як тилло ва ду биринҷӣ) ба даст оварданд.

Паҳлавони навраси тоҷик Ғаниҷон Ғаниев дар рақобатҳо дар вазни зери 73 кило соҳиби медали тилло гардид. Ӯ ба рақобат аз даври чорякниҳоӣ шуруъ карда, бар Данни Воҷникевич аз Австралия дастболо шуд. Дар нимфинал бар Чу Чин-Лианг аз Тайпейи Чин ғолиб омада, ба финал баромад. Ғаниҷон дар даври ниҳоӣ бар намояндаи Қазоқистон Серикбол Естай дастболо шуда, барои ҷойи аввал бо медали тилло сарфароз гашт.

Ду медали биринҷиро Мансур Раҳмон дар сабқати писарон дар вазни зери 90 кило ва Аҳлия Муъминова дар рақобатҳо миёни духтарон дар вазни зери 52 кило ба даст оварданд

Ба иттилои сомонаи расмии Федеросиюни байналмилалии ҷудо (IJF) дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё миёни наврасон 159 варзишгар (94 писар ва 65 духтар) аз 17 кишвар ширкат дошт. Тоҷикистонро панҷ варзишгар дар сабқати писарон ва як нафар дар сабқати духтарон намояндагӣ карданд.

Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Қазоқистон бо касби 15 медал (4 тилло, 1 нуқра ва 10 биринҷӣ) ҷойи аввалро азони худ кард. Мунтахаби Тайпейи Чин бо касби 10 медал (3 тилло, 4 нуқра ва 3 биринҷӣ) дувум шуд. Мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ бо касби ҳафт медал (3 тилло, 2 нуқра ва 2 биринҷӣ) ҷойи севумро соҳиб гашт. Дастаи Тоҷикистон бо се медал (як тилло ва ду биринҷӣ) ҳафтум шуд.

Ҳамакнун варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё оид ба ҷудо миёни навҷавонон, ки рӯзҳои 29-30-юми июл дар Тайпейи Чин баргузор мешавад, ширкат меварзанд. Ҳашт нафар - Меҳрзод Суфиев (60 кг), Шодмон Ризоев, Ҷамолиддин Абдуллоев (66 кг), Муҳаммадшариф Наҷмиддинов (73 кг), Оламафрӯз Абдураҳмонов (81 кг), Эмомризо Анварзода (90 кг), Иброҳимҷон Элмуродов ва Шарифҷон Назриев (100 кг) - дар сабқати писарон ва Шоҳида Қаландарова (57 кг) дар сабқати духтарон иштирок мекунанд.

XS
SM
MD
LG