Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар моҳи декабри соли 2018 ӯро шартан ба якуним сол аз озодӣ маҳрум карда буд. Оқои Юлдошев ба сӯхтор дар манзили ҳамсояаш дар ҷамоати Ёва, айбдор мешавад.
Масъулони Ҳизби демократ мегӯянд, ки Абдуҷаббор Юлдошев аз зинаҳоии болоии додгоҳ бозбинии парвандаашро талаб карда буд ва бо бетағйир мондани ҳукми қаблӣ, ӯ ба ҳабс гирифта шуд.
Маъруфҷон Бурҳониён, раиси додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рӯзи 13-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳабси Юлдошев барои кӯтоҳмуддат аст ва ҳукми пешини додгоҳ нисбат ба ӯ бетағйир мондааст. "Бозбинии кассатсионӣ ҳукми қаблиро иваз накард.
Қаблан иҷрои ҷазо то бозбинии кассатсионӣ мавқуф гузошта шуда буд. Акнун маъмурияти иҷрои ҷазои сукунат аз рӯи низомномаи дохилии худ Юлдошевро ба маҳбас андохтанд, вале 1-2 ҳафта давом мекунад. Баъд ӯ ҷазояшро дар озодӣ адо мекунад, фақат дар вақтҳои таъйиншуда ба маҳбаси сукунат рафта, аз қайд мегузарад".
Навбатдори маҳбаси дорои низоми сукунат ҳам рӯзи 13-уми май дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, Абдуҷаббор Юлдошев дар ин маҳбас давраи карантинро сипарӣ мекунад. Ӯ афзуд, Юлдошев чанд рӯз қабл оварда шудааст ва ҳолаш хуб аст. Маҳбаси мазкур дар мавзеи Сартуқайи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ҷойгир аст.
"Аз ӯ хабаре нест"
Табаралӣ Зиёев, муовини аввали раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон рӯзи 13-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Абдуҷаббор Юлдошев пас аз боздошти як ҳафтаина дар СИЗО-и Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ба маҳбас бурда шудаааст. "Ӯро ба зиндон бурданд ва мебоист ҷои боздошт ва шароити нигоҳдории ӯро мушаххас намуда, ба наздиконаш мегуфтанд, вале тайи ин чанд рӯз аз вай хабаре нест. Мо медонистем, ки ӯро ба боздоштгоҳ бурдаанд",-афзуд Таваралӣ Зиёев.
Абдуҷаббор Юлдошев аз ҳамсараш ҷудо гардида, танҳо зиндагӣ мекард ва дар замони таҳияи ин хабар, пайдо кардани наздикони ӯ даст надод. Ҳоло маълум нест, ки Юлдошев дақиқан кадом рӯз паси панҷара бурда шудааст.
Аскар Турсунов, вакили дифои Юлдошев ва ҳамчунин яке аз шиносҳои ӯ рӯзи 13-уми май ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ӯро ҳудуди як ҳафта қабл дида буданд. Турсунов мегӯяд, ки зерҳимояаш аз зинаи кассатсионии додгоҳ хоста буд, ки парвандаи ӯ қатъ шавад. "Вале ин талаби мо ва далелу ваҷҳҳои пешниҳодкардаи моро додгоҳ қабул накард ва ҳукми қаблӣ бетағйир гузошта шуд",-афзуд ӯ.
Муҷозоти "фармоишӣ" ва дорои "ангезаҳои сиёсӣ"?
Додгоҳ Абдуҷаббор Юлдошевро ба сар задани сӯхтор дар манзили ҳамсояаш дар ҷамоати Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров тибқи моддаи 256 -и Кодекси ҷиноятӣ, яъне "аз беэҳтиётӣ несту нобуд ё вайрон кардани молу мулк", айбдор дониста, ҷазои якуним соли ҳабси шартӣ ва пардохти ҳудуди 30 ҳазор сомонӣ зиён ба ҳамсоя, таъин карда буд.
Вале Юлдошев аз аввал то кунун муҷозоти худро "фармоишӣ" ва "дорои ангезаҳои сиёсӣ" номида буд. Ӯ иддао карда буд, ки сӯхтор аз хонаи ӯ ба ҳамсоя нагузашта, балки алангаи сӯхтор аз манзили ҳамсоя ба хонаи ӯ забона зад ва баръакс, ӯ зарар дидааст.
Абдуҷаббор Юлдошев қаблан дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ тахмин зада буд, ки чанд интиқоди ӯ ҳамчун узви Шӯрои ҷамъиятии ислоҳоти сохтори милитсия ба мақомоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз фаъолияти сехҳои мебелсозӣ, ба ин вазъият сабаб шуд. Ӯ аз он изҳори нигаронӣ карда буд, ки ин сехҳо чанд дафъа боис ба сӯхтор шудаанд. "Ба ҷойи ҳалли ин мушкил дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон ба ман ин айбро бор карданд".
Мақомот аз ӯ пардохти ҷуброни зиён ба ҳамсояашро талаб карданд. Вале ӯ мегуфт, маблағ надорад ва зиёда аз ин, худро дар ин қазия бегуноҳ донист ва умедвор буд, ки рӯзе додгоҳ ин "нофаҳмӣ"-ро поён медиҳад ва ӯро бегуноҳ эълон мекунад.
Нақши Ҳизби демократ
Ҳизби демократии Тоҷикистон дар соли 1991 аз сӯи гурӯҳи равшанфикрони тоҷик ба раҳбарии Шодмон Юсуф таъсис шуда буд. Пас аз имзои созишномаи сулҳи тоҷикон дар соли 1997 Ҳизби демократи Тоҷикистон дубора сабти ном шуд ва раҳбарии онро Маҳмадрӯзӣ Искандаров ба зимма гирифт.
Баъди муддате Искандаров дар як қатор ҷиноятҳои, ба қавли ӯву тарафдоронаш, дорои ангезаҳои сиёсӣ муттаҳам ва ба муҳлати 23 сол равонаи зиндон шуд.
Баъди ин ҳодиса, таҳаввулоти зиёде дар сохтори ҳизб, тафриқа дар сатҳи раҳбарият ва мушкилоти дигар рух дод ва соли 2015 раҳбарии ҳизбро Саидҷаъфар Усмонзода ба ӯҳда гирифт. Ӯро мунаққидон барои мавқеи рӯ ба ҳукуматаш муттаҳам мекунанд.
Мунаққидон мегӯянд, ки ин ҳизб мавқеи воқеан оппозитсионии худро аз даст дода, ба як ҳизби расмии мухолифи ҳукумат табдил шуд. Ба назари коршиносон, Ҳизби демократ нақши камранг дорад ва дар ҷомеа ҳам аз нуфузи зиёд бархӯрдор нест.