Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қаҳвахонаҳои боз, вале бе муштарӣ дар рӯзҳои моҳи Рамазон


Шаҳрдории Душанбе дар рӯзи аввали моҳи Рамазон дастуре дод, ки дар сурати риоя нашудани он, алайҳи моликони ошхонаву тарабхонаҳои пойтахт чораандешӣ мешавад.

Дар ин дастур омадааст, "бо зиёд гардидани ташрифи меҳмонон ва сайёҳон ба шаҳри Душанбе", тарабхонаҳо бояд дар ин моҳ аз соати 11-и рӯз ба кор шуруъ кунанд ва хизматрасонии онҳо ба таври пурра ба роҳ монда шавад.

Дар ин дастур ки сомонаи расмии шаҳрдорӣ нашр кардааст, таъкид мешавад, ки "дар ҳолати иҷро нагардидани талаботи мазкур, нисбати соҳибмулкони тарабхонаҳо тадбирҳои дахлдор андешида мешаванд". Аммо мушахас нест, ки мақомоти шаҳрдорӣ чӣ чораҳоро дар назар дорад.

Моҳи шарифи Рамазон имсол дар Тоҷикистон рӯзи 6-уми май фаро расид. Ҳоло тӯли рӯз, ки шахси рӯзадор аз хӯрдану ошомидан дурӣ меҷӯяд, дар Тоҷикистон 17 соатро дарбар мегирад.

Тарабхонаҳо баста нестанд, муштарӣ надоранд

Дар зимн, боздиди мо аз чанд ошхонаву тарабхонаи пойтахт дар зуҳри рӯзи аввали Рамазон маълум кард, ки дари аксар қаҳвахонаву ошхонаҳои Душанбе боз буд, аммо мисли рӯзҳои қабл пуродам набуданд. Масъулини ошхонаҳо мегӯянд, реҷаи корашон тағйир нахӯрдааст ва фақат мизоҷонро бештар ҳангоми ифтор интизор мешаванд.

Аниса Каримова, як масъули тарабхонаи ғизоҳои туркӣ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "дуруст, ки дар ин моҳ мизоҷони мо коҳиш меёбад, аммо намешавад ба хотири рӯзадорон дари тарабхонаро баст". Ӯ бо ишора ба зани ҳомиладоре, ки дар ин тарабхона хӯрок мехӯрд, таъкид кард, ки барои афроде, ки узр доранд, кори худро дар ин моҳ ҳам тибқи маъмул пеш мебаранд.

Аммо ба гуфтаи Ҷамшед, як мусоҳиби дигари мо, ки дар ошхонаи ғизои миллӣ кор мекунад, дар рӯзҳои рамазонӣ бо таваҷҷуҳ ба кам шудани мизоҷон, номгӯи ғизо ва ҳаҷми онро бозбинӣ мекунанд. Дар рӯзи аввали моҳи Рамазон ошхонаи онҳо ҳамагӣ се фармоиш гирифтааст. "Рӯзҳои дигар то як халта биринҷро ош мепухтем ва то нисфирӯзӣ тамом мешуд. Ҳеҷ гап нест, як моҳ давом мекунад. Боз мизоҷон фароиш медиҳанд",-афзуд ӯ.

Эҳтиром ба Рамазон дар ҷомеаи Тоҷикистон

Гаштугузори мо дар хиёбонҳои Душанбе нишон дод, ки танҳо нуктаҳои хӯрокҳои сарироҳии тезтайёр баста аст. Бархе аз сокинон, ки рӯза нагирифтаанд, мегӯянд, талош мекунанд ба эҳтироми моҳи Рамазон, аз хӯрдани ғизо дар сари роҳу нуқтаҳои серодам худдорӣ кунанд. Ҳарчанд ба гуфтаи Фируза Одинаева - як сокини пойтахт, "доштани руза кори иҷборӣ нест ва набояд ба нафари дигар кор гирифт".

Ҳамин тавр дар ин рӯзҳо мисли рӯзҳои маъмулӣ, фурӯшгоҳу боғҳои пойтахт ҳам серодам нест. Дар ҷомеаи Тоҷикистон эҳтиром ба рӯзадорон зиёд аст, бархе ҳам ба ин боваранд, ки дар ин рӯзҳо бояд реҷаи кори ошхонаҳо ҳам танзим шавад.

Дар зимн, ба гуфтаи бархе аз мусоҳибони мо, дар моҳи Рамазон нафақат дар тарабхонаву боғу хиёбонҳо, балки дар рафтору гуфтори одамон ҳам тағйирот эҳсос мешавад. Навруз Муродов, як донишҷӯи тоҷик гуфт, "дар ин моҳ мардум ба ҳам меҳрубонтар мешаванд ва кӯшиш мекунанд амалҳои хубро анҷом диҳанд. Масалан озордиҳӣ, гаппартоӣ дар кӯчаҳо кам мешавад".

Назорати ҳукумат аз болои мазҳаб

Солҳои ахир ҳукумат назоратро аз болои мазҳаб ва рукнҳои он шадидтар кард. Аз ҷумла, либоси миллиро тарғиб карда, ришдорону ҳиҷобпӯшонро зери назорат қарор доданд. Нуфузи рӯҳониёнро дар ҷомеа то ҳадде коҳиш доданд.

Аммо мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки дар моҳи Рамазон майли сокинон ба иҷрои рукнҳои динӣ боз ҳам бештар мешавад. Баъзе таҳлилгарон мегуянд, маҳз ба ҳамин далел ҳам чанд соли ахир шаҳрдорӣ дар ин моҳ бо дастури расмӣ мехоҳад, дари ошхонаву тарабхонаҳо баста нашаванд.

Бар пояи Қонуни асосӣ, Тоҷикистон як кишвари дунявӣ аст, вале 90 дарсади сокинонаш мусалмон ҳастанд. 70 дарсади аҳолии ин кишварро ҷавонон ташкил медиҳанд ва таваҷҷуҳи ҷомеа, аз ҷумла ҷавонон ба иҷрои рукнҳои мазҳабӣ ҳам баъди пошхӯрии Шӯравӣ бештару ошкортар шуд.

Нақши мазҳаб дар миёни тоҷикон

Бар асоси назарпурсӣ 99,5 дарсади ҷавонони тоҷик худро мусалмон дониста ва ҷойгоҳи дини исломро дар зиндагии худ муҳим арзиёбӣ кардаанд. Як пурсиши афкори умум дар ду соли пеш муайян карда буд ки 32 дарсади ҷавонон ва ё ҳар нафари сеюм фароизи дини Ислом, аз ҷумла намозу рӯзаро иҷро мекунанд. Ин пажӯҳишро соли 2017 маркази таҳлилии "Шарқ" анҷом додааст.

Рамазони имсол ба аввали моҳи май рӯзҳои на чандон гарм рост омад. Бино ба пешгӯии ҳавосанҷҳо, ҳарорати ҳаво ҳам дар Тоҷикистон дар ин давра поин меравад ва барои рӯзадорон ҳам шароити сабуктарро фароҳам мекунад.

Ба ҷуз афроди бемор ва дар ҳоли сафар, занҳои ҳомиладор ва афроди пиру нотавон ҳам барои рӯза доштан маҷбур нестанд, аммо онҳо муваззафанд, ки барои ҳар рӯзи моҳи Рамазон таоми як каси фақирро муҳайё созанд ё 300 сомонӣ барои 30 рӯз фидя диҳанд.

XS
SM
MD
LG