Имсол моҳи Рамазон дар Тоҷикистон 6 май оғоз мешавад. Аз ҳоло қимати гӯшту равған, шакар, сабзавот ва орд дар бозорҳои пойтахт то андозае афзудааст. Нархи як кило гӯш то 50 сомонӣ боло рафта, қимати як халта орд, ки як моҳ пеш то 160 сомонӣ буд, ҳоло ба 180-185 сомонӣ баробар шудааст.
Солҳои гузашта мақомот барои дар як сатҳ нигоҳ доштани нархҳо дар моҳи Рамазон талош карда буданд, аммо ба қавли сокинону таҳлилгарон «ин иқдом чандон муассир набуд». Масъулони баъзе аз бозорҳо гуфтанд, шояд имсол ба соҳибкорон баъзе сабукӣ диҳанд.
Хабарнигорони Радиои Озодӣ аз роҳгузарон дар Душанбе пурсиданд, ки чаро нархҳо дар остонаи моҳи Рамазон боло рафтааст ва онҳо чӣ кор хоҳанд кард? Матни ҷавобҳоро дар зер хонед:
- "Дар ҷумҳурии мо одат шудааст, ки пеш аз моҳи Рамазон ва то хатми он нархи ҳамаи маҳсулот боло равад. Ба кадом далел, намедонам."
- "Фурӯшандаҳо бовар доранд, ки қимат ҳам бошад, халқ мехарад. Барои ҳамин, нархро боло мебардоранд. Мардум ҳам кӯшиш мекунанд, ки дар ин моҳ маҳсулотро ба ҳар қимате бошад, бигиранд."
- "Шароит надорам. Мехоҳам, ки нархҳо арзон шавад. Орду раған қимат аст. Мо ҳам кӯдак дорем, зиндагӣ дорем."
- "Кишварҳои дигарро мебинед, ки дар моҳи Рамазон арзонӣ кардаанд. Танҳо дар кишвари мо дар Рамазон ҳама чиз гарон мешавад."
- "Ба ҷои онки арзон кунанд, нархро бардоштаанд. Пештар як кило гӯшт 42 сомонӣ буд, ҳоло 48 сомонӣ шудааст."
- "Нархи ҳама чиз як ё ду баробар афзудааст. Дар бозор ва дар нуқтаҳои савдо. Ҳукуматро зарур аст, ки сахт назорат кунад."
- "Агар пул бошад, гаронӣ зиён надорад. Пул дошта бошам, барои худу фарзандон харҷ мекунам, албатта. Аммо агар пул набошад, ин мушкили ҷиддӣ аст. Ман барои тағйири вазъ коре карда наметавонам. Зӯри ман ба чӣ мерасад? Ман як сокини одӣ ҳастам."
- "Ҳукумат биёяд ва назорат кунад. Агар нарх аз ҳад баланд шуд, таҳқиқ кунад ва фурӯшандаҳоро ҷарима бандад. Ба ҷои онки дар моҳи Рамазон хайрашон бештар шавад, нархро ба осмон мебардоранд."
Видеояшро дар инҷо бинед:
Навиштани назари худро фаромӯш накунед.