Хуршед Каримзода, раиси Хадамоти гумрук гуфтааст, Тоҷикистон "ширкат ва ё ташкилоти ӯгай надорад" ва имтиёзҳо дар пардохти гумрук ба ҳама баробар дода мешавад.
Каримзода дар суҳбат бо нашрияи порлумонии "Садои мардум" гуфтааст, дар раванди додани имтиёзҳо "ягон соҳа ва ширкату ташкилот "бачаи угай" набуда, тақрибан тамоми соҳа ва ашхоси ба талабот ҷавобгӯ имкони бархӯрдорӣ аз чунин имтиёзҳоро доранд."
Ин дар ҳолест, ки матбуот ва ширкатҳои хусусӣ давоми чанд сол боз аз интихобӣ будани ширкатҳои дорои ҳаққи напардохтани бархе андозҳо интиқод мекунандю. Онҳо мегӯянд, дар шароити гаронии андозҳо дар кишвар ширкатҳои наздик ба ҳукумат ва афроди баландмақом аз сабукиҳои қобили мулоҳиза бархӯрдор мешаванд.
Вале раиси Хадамоти гумрук талош кард, аз тасмимҳои мақомот ҳимоят кунад ва гуфт, дар соли 2018 беш аз 64 дар сади молу маҳсулоти воридгашта ба ҷумҳурӣ аз имтиёзҳои таъруфавӣ ва андозӣ баҳра бардоштаанд.
Ба ибораи дигар, соли гузашта молу маҳсулот бо арзиши 1 милларду 954 миллион доллар дар пардохти боҷи гумуруку андоз аз имтиёз бархӯрдор будаанд. Имтиёзҳое, ки ҳукумати Тоҷикистон дар пардохти боҷи гумрук ва андоз додаааст, 2 миллиарду 600 сомониро ташкил медиҳад.
Шарҳи раиси Хадамоти гумрук дар ҳоле нашр мешавад, ки созмонҳои байналмилалӣ ва бархе коршиносон мегӯянд, ки раванди додани имтиёз ба ширкатҳои алоҳида дар Тоҷикистон шаффоф нест ва танҳо ширкатҳои "худӣ ва наздик ба ҳукумат" аз имтиёзҳо бархурдор мешаванд.
Мунтақидон мегӯянд, давлат барои ҳамаи ширкатҳо бояд "қоидаи ягонаи" бозиро ҷорӣ кунад ва набояд ширкатҳои алоҳида аз имтиёзи андозӣ бархӯрдор гашта, дигарон зери бори андоз қомат хам кунанд.
Созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Сандуқи Байналмилалии Пул ва Бонки ҷаҳонӣ низ дар гузоришҳои худ гуфтаанд, ки имтиёз додан ба ширкатҳои алоҳида таҷрибаи хуб нест, чун дар шароити иқтисоди бозорӣ миёни ширкатҳо рақобати носолимро ба вуҷуд меорад ва аз тарафи дигар будҷаи кишвар аз даромад маҳрум мемонад.