- Бар асоси қонун сайёҳони хориҷиву дохилӣ низ муваззаф ҳастанд, ки якдолларӣ хироҷ пардозанд. Қонун баъди тасвиб шудан аз сӯи аъзои Маҷлиси Миллӣ ва ризояти раиси ҷумҳур ба иҷро медарояд.
Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон, далели асосии чунин тасмимро “ғанӣ кардани будҷаи давлатӣ” донист. Ҳарчанд коршиносон мегӯянд, ин тасмим метавонад як фоида биорад ва сад зарар.
“Ин лоиҳа бо мақсади иҷрои протоколи ҷаласаи ҳукумат аз 21-уми январи имсол дар бораи пайдо кардани манбаъҳои иловагии ғанӣ кардани будҷа омода шудааст”, - гуфт вазири молия дар порлумон.
Ӯ афзуд, ҳоло дар Тоҷикистон 145 ширкати сайёҳӣ фаъол аст ва ҳангоми фурӯши бастаҳои сайёҳӣ аз онҳо хироҷ ба маблағи як доллари амрикоӣ барои як рӯз ситонда мешавад.
Тасвиби ин қонун аз тарафи порлумони Тоҷикистон дар ҳолест, ки нархи имсолаи ҳаҷ беш аз 35 ҳазор сомонӣ, муодили беш аз 3700 доллари амрикоӣ муқаррар шудааст. Дар иҷлосияи порлумон гуфтанд, аз зоироне, ки то мавриди иҷро қарор гирифтани қонун маблағро супоридаанд, хироҷ ситонда намешавад. Аммо баъди ба иҷро даромадани қонун, Хадамоти зиддиинҳисорӣ нархномаи ҳаҷро бозбинӣ хоҳад кард.
Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагон дар хитоб ба мақомоти Вазорати молия ва Хадамоти зиддиинҳисорӣ гуфт, тасмимҳои ахири онҳо, аз ҷумла, дар робита ба гарон кардани арзиши обу барқ ва интернет “кишварро шармсор кард”.
Ӯ аз мақомоти ин ниҳодҳо ва, инчунин, Кумитаи дини Тоҷикистон пурсид: “Мардуми Тоҷикистон солҳои зиёд барои анҷоми сафари ҳаҷ маблағ ҷамъ мекунанд. Шумо арзиши ин сафарро боз ба 50 доллар зиёд мекунед. Оё фикри мардумро мекунед ё не? Агар довталаби сафари ҳаҷ пеш аз сафар фавтад, ин маблағ баргаронида мешавад ё не?”
Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дини Тоҷикистон, ки дар ин ҷаласаи порлумонӣ ширкат дошт, гуфт: “Ин пардохти ҳатмии давлатӣ ба будҷа аст ва ин маблағ баргардонида намешавад. Зеро ин маблағ барои анҷоми корҳои расмиёт гирифта шуда, ба будҷа ирсол мегардад. Дар гузашта ҳолатҳое буданд, ки довталабони Ҳаҷ дар охир аз сафар худдорӣ мекарданд ва мо ҳамаи маблағи харҷи онҳоро бармегардонидем. Аммо, ин маблағи ҳатмии пардохти давлатӣ мебошад”.
Баъзе аз коршиносон гуфтанд, хироҷи ҳатмӣ дар баъзе аз кишварҳо вуҷуд дорад, вале Тоҷикистон наметавонад пойи худро аз кӯрпааш бештар дароз кунад.
Меҳрубон Бурҳонов, иқтисоддони тоҷик, гуфт, “ситонидани хироҷ аз зоирон ва сайёҳон ба ҳеҷ ваҷҳ наметавонад будҷаро ғанӣ кунад. Мақомоти Тоҷикистон ба ҷойи боло бурдани нархи интернет ва хироҷситонӣ аз сайёҳон бояд фазои сармоягузорӣ дар кишварро беҳтар карда, сатҳи андозбандиро пойин оваранд. Дар ин сурат, ба иқтисоди Тоҷикистон маблағҳои бештаре аз ин хироҷситониҳо ворид мешавад. Дуруст аст, ки дар баъзе аз кишварҳои ҳатто пасошӯравӣ чунин таҷриба рӯи даст гирифта шудааст, вале мо ҳатто инфрасохтори хуби сайёҳӣ надорем, ки барои он аз хориҷиҳо хироҷ ситонем”.
Ҳар сол аз Тоҷикистон беш аз 6 ҳазор нафар ба ҳаҷ мераванд. Харҷи сафари ҳаҷ барои як нафар беш аз 3 ҳазору 700 доллар таъйин шудааст.
Соли гузашта Арабистони Саудӣ қимати будубоши зоирони тоҷик дар Мино, яке аз маконҳои зиёрат дар шаҳри Маккаро то 50 доллар боло бурд.