Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Санги гӯри Интернет ва "ғорати аср". Вокунишҳо ба афзоиши қимати Интернет


Ин акси дасткоришуда дар Фейсбук мечархад.
Ин акси дасткоришуда дар Фейсбук мечархад.

Боло бурдани қимати Интернетро корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ва коршиносон дар Тоҷикистон қарори баде номидаанд, ки ба гуфтаи онҳо муаллифонашро пушаймон хоҳад кард. Чанде аз шореҳон аз ин қарор ҳимоят карданд, вале далелҳои зарурати онро матраҳ нанамуданд.

  • Рӯзи 14-уми апрел ҳукми иҷро гирифтани қарор дар бораи нархи Интернет мавзӯи доғи баҳс дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва бахусус Фейсбук буд. Яке бо шунидани ин хабар бо Интернет алвидоъ гуфтааст, яке дигар пешниҳод кардааст, ки 14-уми апрелро дар Тоҷикистон Рӯзи марги Интернет эълон кунанд.

Яке дигар, ки зоҳиран аз ин қарор бисёр асабонӣ шудааст, акси санги гӯреро бо дасткорӣ ба акси сари гӯри Интернет табдил додааст. Дар он бо забони англисӣ навиштаанд, ки 1 гигабайт Интернет дар Тоҷикистон 6 доллару 3 сентро ташкил медиҳад ва агар касе 12 гигабайт дар як моҳ бигирад, пули якмоҳаи нафақа мешавад.

Ширкатҳои мобилӣ рӯзи 13-уми апрел муштариёнашонро огаҳ карданд, ки аз ин баъд бар асоси таруфаҳои наве, ки Хадамоти зиддиинҳисорӣ хостааст, пул мегиранд. Акнун ҳар муштарӣ дар Тоҷикистон барои истифодаи як мегабайт на камтар аз 5 дирам мепардозад, қимате, ки ду баробар аз қиматҳои пешина болотар аст.

Ин дар ҳолест, ки ширкатҳои мобилӣ аз Хадамоти зиддиинҳисорӣ расман хостаанд, ки боло бурдани нархи интернетро то 1-уми майи имсол ба таъхир гузорад ва 9 созмони ҷомеаи шаҳрвандӣ гуфтанд, боло бурдани нархи Интернет "бо вазъи иҷтимоӣ ва сатҳи даромади сокинон мувофиқ нест" ва ҳуқуқи бунёдии мардум, аз ҷумла озодии баёнро маҳдуд мекунад.

Баҳс сари қимати Интернет моҳи гузашта шуруъ шуд ва бисёриҳо интизор доштанд, ки баъди танқиди зиёд, пешниҳоди созмонҳои ғайриҳукуматӣ, мақомот аз ин қарор даст мекашанд. Аммо ғайриинтизор ширкатҳои мобилӣ гуфтанд, ки ночор қиматҳоро боло мебаранд, зеро мақомот чунин қарор қабул кардаанд.

"Ҳарфи мардум арзиш надошт"

Баъди нашри ин хабар бисёре аз корбарон қарори ҳукуматро беэътиноӣ ва нодида гирифтани ҳарфи мардум номиданд ва гуфтанд, ҳамин қарор нишондиҳандаи он аст, ки дар Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ “ҳарфи мардум барои давлат арзиш надошт”.

Як нафар бо номи “Тоскуюший по раю” дар Фейсбук навиштааст, “Дар Афғонистон нархи 1GB интернет 7,9 сомонӣ аст, дар Тоҷикистон мехоҳанд 1GB интернет-ро бо қимати 70 с ба мардуми мазлум бифурӯшад. Дар Афғонистон ҷангзада нархи интернет назар бо Тоҷикистони ба ном обод 10 - маротиба интернет қиматтар (Манзур бино бар мантиқи ин шарҳ "арзонтар" аст -- Идора) мебошад. Миллати тоҷик дар назди ҳукуматаш ягон қадру манзалат надорад ва манфиатҳои як чанд нафари мансабдор аз манфиатҳои як миллати қариб 10 миллион нафарӣ боло меистодааст."

Корбаре бо номи Ниссо Мирзоева дар Фейсбук навиштааст, “Ба ақли инсонӣ намегунҷад. Мақомот ҳар коре, ки хоҳанд мекунанд, вале касе ҳаст, ки боре дар бораи мардум фикр кунад.”

Баъди гузориши Радиои Озодӣ дар бораи боло рафтани қиматҳо, дар муддати кутоҳе на камтар аз 100 нафар қарори мақомотро танқид карда ва гуфтанд, ки мансабдорон бояд аз хашми мардум битарсанд.

Як нафар корбар бо номи “Хонанда” навиштааст: Муҳтарам аъзои ҳукумат. Ин коре, ки шумо кардед, ягон маъние беш аз даромад надорад. Наход барои пешравии ҷомеа кӯшиш накунед. Бо ин коратон хашми мардумро зиёд мекунеду халос. Монед интернет арзон шавад мардум аз манбаҳои иттилооти васеъ истифода баранд. Ман ҳамчун як донишҷӯ дар донишгоҳи Uopeople тариқи онлайн таҳсил мекунам ва ҳар моҳ 160 сомонӣ барои интернет сарф мекунам, агар ҳамин ду баробар гарон шавад ба ман лозим меояд ба ҷои 160 240 сомонӣ бояд пардохт кунам ва ин дар ҳолест ки баъзан вақт ҳамин қиматро ҳам пардохт карда наметавонаму қарз мегирам. Илтимос ҳамин ҳоло ҳам барвақт аст, лағв кунед.»

Назари коршиносон: "Норизоии корбаронро дарк мекунем"

Коршиносоне, ки Радиои Озодӣ бо онҳо суҳбат кард, гуфтанд, дар воқеъ норизоятии мардум, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ дида мешавад, дарк кардан мумкин аст, зеро ба ҷайби онҳову ояндаи фарзандонашон таъсири манфӣ мегузорад.

Асомуддин Атоев, мутахассиси тоҷики муқими Бишкек дар як посухи катбӣ дар бораи қарори боло бурдани қиматҳо ба Радиои Озодӣ навишт, «Дар умум аз ин қарор, тамоми ҷомеа ва тамоми кишвар зарар мебинанд. Ин қарор ҳамчунин монеи амалӣ шудани Стратегияи рушди миллии Тоҷикистон то соли 2030 мешавад. Ду ҳадафи афзалиятноки стратегия табдил додани Тоҷикистон ба маркази транзитии коммуникатсионӣ дар Осиёи Марказӣ аст, ки барои он зарур аст, шароити кор фароҳам карда шавад.»

Талъат Нӯъмонов
Талъат Нӯъмонов

Талъат Нӯъмонов, мудири иҷроияи созмони ғайриҳукумати "Маркази технологияҳои иттилоотӣ - коммуникатсионӣ” ба Радиои Озодӣ гуфт, боло бурдани қимати истифода аз Интернет ба маънии маҳрум кардани насли ҷавон аз як манбаи муҳими дониш ва илм аст.

«Мутаасифона, ин бар зарари ҷавонон аст. Махсусан бар зарари онҳое, ки мехоҳанд, аз илму технологияҳои муосир хабардор бошанд ва баҳра баранд. Дуввум ин ки иртибот бо онҳое, ки дар хориҷ ҳастанд, мушкилтар мешавад» - гуфт, ӯ.

Джони, яке аз хонандагони вебсайти Радиои Озодӣ ҳам айни ақидаро баён карда ва навиштааст, «То кай ин мардум ҷафо мекашида бошанд. Дигар аз ин ғарибӣ бо фарзандон ҳам суҳбат карда намешавад, пас чаро онҷо зиндаги карду онро ватан хонд, ҷое ки зиндагӣ ба гӯр мубадал шудааст.

Дар ҳамин ҳол чанде аз шореҳон дар ҳошияи матлаби дирӯзаи Радиои Озодӣ навиштаанд, ки онҳо аз боло рафтани харҷи Интернет ва зангҳои телефонии интернетӣ пуштибонӣ мекунанд. Аммо онҳо нагуфтаанд, ки ҳимояташон аз қарори мазкур чӣ далел ё далелҳо доранд.

Қаблан раиси Кумитаи андози Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода гуфта буд, ки ҳадафи ин иқдом "ҷилавгирӣ аз кам шудани маблағҳои андоз аст. Кишварҳои дигар аз соли 2013 ба ин иқдом даст задаанд. Аз ҷумла, Юнону Испания, Фаронса, Русияву Беларус ва ҳатто ҳамсояи мо – Қирғизистон", -- шарҳ дод ӯ ва афзуд, -- "aндози ширкатҳои мобилии Тоҷикистон дар соли 2018 дар муқоиса ба як соли қабл беш аз 120 миллион сомонӣ камтар" шудааст.

Аммо мухолифони қарор мегӯянд, бештар аз як миллион нафар аз аҳолии Тоҷикистон дар хориҷ кору иқомат мекунанд ва ягона василаи иртиботи онҳо бо волидайн, ё фарзанд, Интернет ва василаҳои иртиботӣ ба мисли Вайберу ИМО-ву, Вотсапп аст.

Даромади ширкатҳои мобилӣ ва молиёт кам мешавад?

Бисёре аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ва хонандагони вебсайти Радиои Озодӣ навиштаанд, ки мумкин аст, баъд аз ин даромади ширкатҳои мобилӣ ва ҳамингуна молиёт ба буҷаи давлат кам шавад.

Аммо як мусоҳиби Радиои Озодӣ, дар яке аз бузургтарин ширкатҳои мобилӣ ҳадди аққал як моҳ лозим аст, «то бубинанд, ки қарор ба даромади онҳо чӣ гуна таъсир мегузорад.»

Хадамоти зиддиинҳисорӣ ва Кумитаи андози Тоҷикистон аз пешниҳодкунандагони аслии боло бурдани қиматҳо ҳеҷ шарҳе дар бораи боло рафтани қиматҳо надодаанд, ба ғайр аз шарҳҳои пешин гуфтаанд, ки барои боло бурдани даромад ба буҷа бояд, қимати Интернету гуфтугуҳои телефонӣ ҳам боло бурда шавад.

Пешниҳоде, ки онро як корбари Фейсбук «Ғорати аср» номида ва чунин пешниҳод кардааст: «Пешниҳод мекунам, ки ба таври хаттӣ норозигии мардумро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси олӣ ва Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода шавад! Бигузор роҳбарияти олии кишвар оиди зулмҳои бешумори Кумитаи андоз, Хадамоти алоқа ва хадамоти зиддиинхсори пеши мардум ҷавоб гуяд, чунки онҳо бояд дар хизмати халқ бошанд ва на халқ дар хизмати онҳо! Агар масъулини Кумитаи андоз Хадамоти алоқа ё хадамоти зидди инхисори аз уҳдаи кор набароянд бигузор ба ин руирост иқрор шаванд. Набояд халқ ба сиёсати нодурусти масъулини соҳа ҷавоб гӯяд!

https://www.facebook.com/groups/1850530778525172/permalink/2341102169468028/

Шумо ҳам назару андешаҳои худро бинависед ва дар зери ҳамин мақола ва ё ба шумораи +420 724 053 959 аз тариқи ИМО, Вайбер, Вотсапп ва Телеграмм бифристед.

XS
SM
MD
LG