Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муқоисаи нарх ва суръати Интернет дар Тоҷикистону Қирғизистон


Дар ҳоле ки Тоҷикистон қимати интернетро боло бурд, Қирғизистон бо доштани интернети арзони мобилӣ дар ҷаҳон дар панҷгонаи аввал аст. Тибқи таҳлилҳои ширкати бритониёии Cable, Қирғизистон аз рӯи интернети арзони мобилӣ пас аз Ҳинд дар мақоми дувум меистад.

Моҳи гузашта раиси Кумитаи андози Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода иттилоъ дод, ки пардохти андоз аз ширкатҳои мобилӣ дар соли 2018 дар муқоиса бо соли 2017 то 123 миллион сомонӣ ё 12 дар сад кам шудааст.

Ширкати Cable арзиши миёнаи як гигабайт интернети мобилиро дар 230 кишвари ҷаҳон дар моҳҳои октябр ва ноябри соли 2018 ҳисоб кардааст.

Бар асоси маълумоти ширкат, дар Қирғизистон арзиши миёнаи 1 гигабайт интернети мобилӣ 27 сент ё 18 соми қирғизӣ (беш аз ду сомонӣ)-ро ташкил додааст. Аз ҳама арзонтарин таъруфа 8 сент ва аз ҳама гаронтарин 48 сентро барои як 1 гигабайт дар бар гирифтааст.

Дар панҷгонаи кишварҳои дорои арзонтарин интернети мобилӣ баъд аз Ҳинду Қирғизистон, Қазоқистону Украина ва Руанда ҷой гирифтаанд.

Интернети ройгони маҳвораӣ

Ба ҷуз аз интернети арзон, дар оянда Қирғизистон метавонад яке аз аввалин кишварҳое дар минтақа шавад, ки дастрасӣ ба интернети ройгони моҳвораӣ пайдо мекунад. Ахиран кишвар яке аз шаш кишваре шуд, ки метавонад узви лоиҳаи интернети моҳвораии ширкати бритониёии OneWeb гардад.

Ин ширкат 28-уми феврал бори аввал ба фазо шаш моҳвораро фиристод ва барномарезӣ кардааст, ки аз моҳвораҳои он мактабҳои навоҳии дастрасияшон мушкили 6 кишвар – Амрико (иёлати Аляска), Эквадор, Руанда, Гондурас, Непал ва Қирғизистон интернети ройгон дарёфт мекунанд.

Дар Қирғизистон тасмим доранд, ҳоло танҳо як мактаби қирғизӣ, воқеъ дар минтақаи дастрасияш мушкили деҳаи Котур-Сууи вилояти Норинро то соли 2020 ба интернети ройгони ширкати OneWeb пайваст кунанд.

Дурнамои рушд барои хонандагони навоҳии дурдаст

Дар ҳоли ҳозир, тибқи маълумоти Вазорати маорифи Қирғизистон ҳудуди 86 дар сади мактабҳо ба интернет дастрасӣ доранд. 35 мактаби дигар дар минтақаҳои мушкили кӯҳӣ ҷойгиранд, ки гузаронидани интернет тавассути хатти нахи нурӣ ва ё интернети бесим хеле мушкил аст. Тасмим гирифтаанд, ки маҳз чунин мактабҳоро тариқи лоиҳаи иҷтимоии OneWeb ба интернет васл кунанд.

Таланд Султонов, коршиноси соҳаи фанновариҳои иртибототӣ аз Қирғизистон гуфт, ин тарҳ сарфи назар аз ҳазинаи болояш метавонад барои мактабҳои манотиқи куҳӣ хеле ояндадор бошад.

“Барои нуқтаҳои дурдаст, барои киштиҳо дар уқёнусҳо чунин навъи тамос бисёр зарур аст ва ин тарафи тиҷории лоиҳа аст, дар ҳоле ки пайваст кардани мактабҳо як кори ғайритиҷоратӣ мебошад”, - гуфт коршинос рӯзи 9-уми март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ. Ба гуфтаи ӯ, дар чанд муддати дигар маълум мешавад, ки то куҷо ин кор муассир аст ва аз лиҳози фаннӣ оё ин тарҳ иҷроӣ мешавад ё не.

Шарҳи мақомот. Чаро интернет дар Тоҷикистон гарон шуд?

Дар ҳамин ҳол, дар Тоҷикистон мушкили дастрасӣ ба интернет раванди рӯ ба бадшавӣ дорад. Ахиран Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон аз ширкатҳои мобилӣ талаб кард, ки арзиши як мегабайт интернетро на кам аз 5 дирам муайян кунанд. Ва як гигабайт – 50 сомонӣ (ҳудуди 6 доллар) ва бо назардошти андоз аз арзиши изофашуда (НДС) – 18 дар сад ва аксиз – 5 дар сад на кам аз 63 сомонӣ.

Фармони Хадамоти зиддиинҳисорӣ “Дар бораи таъруфаҳои алоқаи барқӣ”, ки нусхаи он дар ихтиёри Радиои Озодӣ аст, 27-уми март ба иҷро медарояд. Дар ҳоли ҳозир 1 гигабайт Интернет ба ҳисоби миёна 30-35-сомонӣ арзиш дорад.

Раҷабалӣ Маҷидов, корманди Хадамоти зиддиинҳисорӣ бар ин назар аст, ки фармон “Дар бораи таъруфаҳои алоқаи барқӣ” бо мақсади “истифодаи дурусти интернет аз ҷониби бошандагони маҳаллӣ” содир шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, “аксари мардум интернетро барои тамошои филмҳо сарф мекунад ва ин барои саломатӣ зараровар аст”. Дувум, ширкатҳои мобилӣ солҳои ахир фанновариҳои навин, аз қабили NGN-ро ворид карданд, ки тавассути онҳо ба муштариён таъруфаҳои арзонтар пешниҳод мешавад. Гуфтугӯҳои овозӣ, яъне тариқи телефон кам гардид ва ин ба андозбандӣ, сарфи назар аз ин ки шумораи муштариён зиёд мешавад, таъсири манфӣ расонд.

Моҳи гузашта раиси Кумитаи андози Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода иттилоъ дод, ки пардохти андоз аз ширкатҳои мобилӣ дар соли 2018 дар муқоиса бо соли 2017 то 123 миллион сомонӣ ё 12 дар сад камтар шудааст.

Тибқи маълумоти Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Тоҷикистон, ҳоло аз шумораи беш аз 6,2 миллион муштарии алоқаи мобилӣ, интернет, аз ҷумлаи интернети мобилиро 2,5 миллион нафар истифода мекунад.

“Ташаббусе, ки бозорро вайрон мекунад”

Муҳаммадӣ Ибодуллоев
Муҳаммадӣ Ибодуллоев

Раиси Бунёди ҷамъияти “Ташаббуси шаҳрвандӣ ва сиёсати интернет” Муҳаммадӣ Ибодуллоев мегӯяд, чунин тасмим пайомадҳои баде ҳам барои ширкатҳои мобилӣ ва ҳам барои корбарони интернет дорад.

“Ин метавонад таъсири бад барои ба миён омадани хидматрасониҳои нави телекоммуникатсионӣ ва тавонмандии ҳузури корбарон дар интернет бигузорад”, - гуфт Ибодуллоев. Ба қавли ӯ, чунин тасмим оҳиста-оҳиста бозорро вайрон мекунад, зеро ба ҳамон андозае, ки нарх боло бурда шавад, ба ҳамон андоза корбарон камтар мешаванд ва мутаносибан даромадҳо ба будҷа коҳиш меёбад.

Чаро дар Қирғизистон интернет арзон аст?

Далели аслсии паст будани арзиши интернет дар Қирғизистонро коршиносон дар боз будани бозор, рақобат ва боз будани каналҳои транзитӣ ба ин кишвар медонанд.

Чанде пештар дар суҳбат бо Радиои Озодӣ коршиносон ба сифати далелҳои аслии арзиши гарони интернет дар Тоҷикистон вуҷуди Маркази ягонаи коммутатсиониро ном бурда буданд, ки аз ҳуқуқи инҳисории харид ва тақсими интернет бархӯрдор аст ва ширкати монополӣ дар бозор ба ҳисоб меравад. Ва ҳамчунин андози 5% (аксиз) барои интернет, ки чунин навъи андоз дар дигар кишварҳо вуҷуд надорад.

Дар гузориши соли 2017 Бонки ҷаҳонӣ бо номи “Фоидаҳои рақамӣ” ба Тоҷикистон тавсия дода шуда буд, ки рақобат дар бахши телекоммуникатсияро беҳтар ва ҳамчунин дар соҳаи ислоҳоти фарогир гузаронад, то интернетро барои мардум ва ширкатҳо дастрастар намояд.

Ин созмон изҳори омодагӣ карда буд, ки барои иҷроӣ кардани дастурҳои рӯзи рақамӣ, тақвияти пойгоҳи қонунӣ, эҷоди зарфияти танзими меъёрӣ ва беҳтар кардани дастрасӣ ба фанновариҳои иттилоотиву иртибототӣ дар манотиқи дурдаст, мусоидат намояд. Вале бо гузашти ду сол вазъ дар ин соҳа тағйир накардааст.

Моҳи январи соли 2019, муовини раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ изҳор дошта буд, ки аз оғози баҳор интернет дар кишвар арзон мешавад ва тибқи тавофуқҳои бадастомада шабакаи паҳноибонди он то 50 гигабайт дар сония афзоиш дода мешавад. Аммо тасмими Хадамоти зиддиинҳисорӣ комилан бар хилофи ваъдаи ин мансабдори Хадамоти алоқа воқеъ шуд.

Бар пояи радабандии Speedtest Global Index дар моҳи январи соли 2019 аз рӯйи суръати интенети мобилӣ, Тоҷикистон дар рӯйхати 137 кишвари ҷаҳон дар мақоми аз ҳама охирин қарор гирифт, ки суръати интернети мобилии мо 5,04 Мбит/с ҳисоб шудааст. Барои муқоиса Қазоқистон дар ин радабандӣ мақоми 85, Қирғизистон 111 ва Узбекистон 129-ро доштанд.

XS
SM
MD
LG