Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

27-уми март -- рӯзе, ки қарор аст нархи интернет як баробар боло равад


Бо вуҷуди талоши Анҷумани ширкатҳои мобилӣ ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ қарор аст сар аз имрӯз, 27- уми март дар Тоҷикистон бо қарори Хадамоти зиддиинҳисорӣ нархи интернет боло бурда шавад.

Бархе аз ширкатҳои мобилии кишвар ҳам бо нашри эълони кӯтоҳ дар сомонаҳои расмии худ аз тағйир ёфтани нархномаи алоқаи мобилӣ ва интернет сар аз 27-уми март хабар додаанд. Онҳо ҳамчунин нусхаи қарори Хадамоти зиддиинҳисориро ҳам пешниҳоди муштариёни худ намудаанд.

Қарори ду баробар боло бурдани нархи интернет ба вокунишҳои тунд дар ҷомеаи Тоҷикистон рӯбарӯ шуд.

Бино ба иттилои Анҷумани ширкатҳои мобилӣ, нархномаи нави хизматрасонии интернети мобилӣ рӯзи 27-уми уми март тавассути сомонаи ин ширкатҳо пешниҳоди мардум хоҳад шуд. Қаблан ширкатҳои мобилии Тоҷикистон аз Хадамоти зиддиинҳисорӣ расман хоста буданд, ки боло бурдани нархи интернетро бозбинӣ ва ё то 1-уми майи имсол ба таъхир гузошта шавад. Чун онҳо ҳанӯз барои иҷрои ин қарор омода нестанд. Аммо ин дархости ширкатҳо қабул нашуд.

Бар асоси қарори нави Хадамоти зиддиинҳисорӣ, нархи интернети мобилӣ аз 27-уми март ду баробар гарон хоҳад шуд. Ҳоло нархи як гигабайт интернет аз 30 то 35 сомонист. Дар сурати ба иҷро даромадани қарори нав, қимати он ба беш аз 60 сомонӣ, муодили тақрибан ҳафт доллари амрикоӣ мерасад. Инчунин, нархи гуфтугӯҳои телефонӣ даҳ баробар гарон хоҳад шуд.

Ғафурҷон Эркаев, раҳбари Анҷумани ширкатҳои мобилӣ.
Ғафурҷон Эркаев, раҳбари Анҷумани ширкатҳои мобилӣ.

Тасмими боло рафтани нархи интернет дар Тоҷикистон ҳам дар ҳолест, ки ахиран Вазорати адлияи Тоҷикистон дар посух ба муроҷиати Анҷумани ширкатҳои мобилии Тоҷикистон оид ба қарори боло бурдани нархи интернет гуфтааст, фармони Хадамоти зиддинҳисорӣ барои санҷиш ва ба қайдгирӣ ба ин вазорат ворид нашудааст.

Ғафурҷон Эркаев, раҳбари Анҷумани ширкатҳои мобилӣ рӯзи 26-уми март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, посухи расмии Вазорати адлия рӯзи 20-уми март ба дасти онҳо расид. Дар он таъкид шудааст, ки фармони Хадамоти зидиинҳисорӣ аз 4-уми марти соли равон "Дар бораи тарифҳои алоқаи барқӣ" барои санҷиш ба ин ниҳод ирсол нашуда ва "дар феҳрасти баҳисобгирии давлатии санадҳои меъёри ҳуқуқӣ" ба қайд гирифта нашудааст.

Ба гуфтаи Ғафурҷон Эркаев, онҳо қаблан бо муроҷиат ба Вазорати адлия хостанд аниқ кунанд, ки оё тибқи талаботи қонун фармони мазкур дар феҳрасти давлатӣ ба қайд гирифта шудааст ё на. Эркаев мегӯяд, ҳоло онҳо бояд сари ин масъала кор кунанд ва посухи Хадамоти зиддиинҳисориро бифаҳманд.

Номаи Хадамоти зиддиинҳисорӣ ба ширкатҳои мобилӣ дар бораи боло бурдани нархи интернет.
Номаи Хадамоти зиддиинҳисорӣ ба ширкатҳои мобилӣ дар бораи боло бурдани нархи интернет.

Рӯзи 19-уми март дар Хадамоти зиддиинҳисорӣ ба Радиои Озодӣ гуфта буданд, фармоиш дар бораи тағйир додани нархи Интернет қабул шудааст ва касе онро бекор накардааст. Масъулини ин ниҳод таъкид карданд, ки сар аз 27-уми март нархи Интернет тағйир меёбад ва дар оянда мебинанд, ки чӣ натиҷа медиҳад.

Аммо масъулини Анҷумани ширкатҳои мобилӣ Ғафурҷон Эркаев мегӯяд, бо вуҷуди ба иҷро даромадани қарори Хадамоти зиддинҳисорӣ аз рӯзи 27-уми март онҳо талоши худро барои бозбинӣ ё ҳадди ақал ба таъхир гузоштани ин тасмим идома хоҳанд дод.

Қарори ду баробар боло бурдани нархи интернет ба вокунишҳои тунд дар ҷомеаи Тоҷикистон рӯбарӯ шуд. Ҳамчунин 9 созмон ба намояндагӣ аз ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон аз Хадамоти зиддиинҳисорӣ талаб карданд, ки қарори боло бурдани нархи Интернет ва гуфтугӯҳои телефониро бекор кунад.

Онҳо гуфтаанд, боло бурдани нархи Интернет "бо вазъи иҷтимоӣ ва сатҳи даромади сокинон мувофиқ нест" ва ҳуқуқи бунёдии мардум, аз ҷумла озодии баёнро маҳдуд мекунад.

XS
SM
MD
LG