Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Собиқ афсари вазорати дифои Русия ба 19 соли зиндон маҳкум шуд


Додгоҳи низомии ҳавзавии Қафқози Шимолӣ дар Ростови лаби Дон рӯзи 2 апрел собиқ афсари вазорати дифои Русия Денис Хисамовро барои ширкат дар гурӯҳи мамнӯи “Давлати исломӣ” ба 19 соли зиндони низомаш сангин маҳкум кард. Хисамов аз ҷониби ходимони раёсати ФСБ дар минтақаи Краснодар боздошт шуда буд. Оҷонсии ТАСС гуфт, ки Хисамов бар асоси моддаҳои “Таълим бо ҳадафи анҷоми фаъолиятҳои террористӣ” ва “Ширкат дар созмоне, ки аз ҷониби қонунгузории Русия террористӣ шинохта шудааст” гунаҳгор дониста шуд.

Дар парвандаи Хисамов гуфта мешавад, ки ӯ иқрор шудааст, ки солҳои 2015-2016 дар 10 амалиёти “Давлати исломӣ” дар хоки Сурия иштирок кардааст. Дар яке аз ин ҳамлаҳо ҳангоми ғасби маҳаллаи Ар-Рай 8 нафар кушта ва 13 нафар маҷрӯҳ шуд. Хисамов эътироф кардааст, ки шахсан дар куштори чор нафар даст дорад. Дар хабар гуфта намешавад, ки оё дар ҷараёни додгоҳ Хисамов ба иттиҳомоти ворида иқрор шудааст ё на ва то куҷо бо хулосаҳои додгоҳ розӣ аст.

Дар хабари расмӣ гуфта мешавад, ки капитан Хисамов соли 2009 бо хоҳиши худ аз вазорати дифои Русия хориҷ шуда тиҷорати худро боз кард. Баъдан гӯё дар масҷиде бо як шаҳрванди Тоҷикистон шинос шуд, ки бо фурӯши пулҳои қалбакӣ машғул буд. Моҳи маи соли 2015 дар Владимир ҳамроҳ бо ин шаҳрванди Тоҷикистон боздошт ва бо пардохти 500 ҳазор рубл пеш аз баргузории мурофиаи судӣ озод шуд. Вале декабри соли 2015 ба Сурия рафт.

Бар асоси иттилои расмӣ, Хисамовро соли 2017 полиси Туркия боздошт кард ва азбаски дар даст шиносномаи шаҳрванди Тоҷикистонро дошт, ба Душанбе истирдод шуд. Мақомот гуфтанд, ки шиносномаи ӯ тақаллубӣ буд. Баъдан Тоҷикистон Хисамовро ба Русия таслим кард.

XS
SM
MD
LG