Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Остона ба Нурсултон иваз шуд. Мақомот: қонун поймол нашуд


Остона расман ба Нурсултон табдили ном кард
Остона расман ба Нурсултон табдили ном кард

Қосимҷомарт Тоқаев, иҷрокунандаи вазифаи президенти Қазоқистон, номи Остонаро расман ба Нурсултон иваз кард. Қарор дар ин бора рӯзи 23-юми март содир шуд.

Табдили номи пойтахти Қазоқистон ба Нурсултон рӯзи 20—уми март аз тарафи Қосимҷомарт Тоқаев садо дод ва дарҳол аз тарафи порлумон ҳимоят ёфт.

Тоқаев баъди ба истеъфо рафтани Нурсултон Назарбоев, президенти нахустини Қазоқистон, муваққатан идораи ҳукуматро дар ин кишвари ғанӣ аз нафти Осиёи Марказӣ ба даст гирифт. Ӯ рӯзи 20-уми март ба ҳайси президент қасам ёд кард.

Нурсултон Назарбоев баъди сӣ сол дар мақоми раҳбари Қазоқистон, рӯзи 19-уми март, ғайриинтизор истеъфо дод. Аммо ӯ ҳамчун раиси Шӯрои амнияти Қазоқистон ва раҳбари ҳизби “Нур Отан” мемонад. Инчунин, духтари калониаш Дариға Назарбоева раиси Сенат интихоб шуд, ки амалан шахси дувум дар ҳукумати он кишвар ба шумор меравад.

Табдили номи пойтахти Қазоқистон ислоҳи Қонуни асосиро дар пай дорад, чун номи Остона дар банди нӯҳуми он зикр шудааст. Аммо бино ба моддаи 48-уми Қонуни асосии Қазоқистон, президенти муваққатӣ ҳаққи ворид кардани чунин ислоҳро надорад.

Шӯрои Конститутсионии Қазоқистон хулоса дод, ки ҷараёни табдили номи Остона ба Нурсултон бе қонуншиканӣ сурат гирифт. Вазорати адлияи Қазоқистон ҳам ба ин фикр аст.

Аммо табдили номи Остона бо вокунишҳои тунд дар ҷомеаи Қазоқистон рӯбарӯ шуд. Рӯзҳои 21 ва 22-юми март даҳҳо нафар дар Остонаву Алмаато ва Шимкент ҳангоми норозигӣ ба табдили номи пойтахт дастгир шуданд.

XS
SM
MD
LG