Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии мунтахаби Русия дар Ekaterinburg Grand Slam 2019


Мусобиқаи байналмилалии Ekaterinburg Grand Slam 2019 оид ба ҷудо, ки рӯзҳои 15-17-уми март дар шаҳри Екатеринбурги Русия баргузор шуд, дар ҳисоби умумидастаӣ бо пирӯзии мизбонон ба поён расид.

Ба иттилои Федератсиони байналмилалии ҷудо (IJF), дар Ekaterinburg Grand Slam 2019 дар рақобатҳо 353 варзишгар (202 мард ва 151 зан) аз 47 кишвари дунё иштирок дошт.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҳафт гуштигир шомил буд. Аз байни онҳо танҳо Беҳрӯзи Хоҷазода, соҳиби медал гардид. Ӯ дар рақобатҳо дар вазни зери 73 кило панҷ қувваозмоӣ анҷом дода, дар чортоаш ғолиб омад.

Беҳрӯз дар даври аввал ба Роберт Бармиг аз Олмон, баъдан ба Георгидос Маркарян аз Юнон пирӯз шуд, вале дар даври севум аз Томми Масиас аз Шветсия мағлуб гашт. Паҳлавони тоҷик дар даври тасаллобахш ба варзишгари Молдова Виктор Стерпу дастболо гардид.

Беҳрӯз барои медали биринҷӣ ба Эдуардо Барбоса аз Бразилия ғалаба кард ва барои ҷойи севум ба ҷуз медалу имтиёзи олимпӣ бо ҷоизаи молӣ ба маблағи 1500 доллар сарфароз гашт.

Ба ғайр аз Беҳрӯзи Хоҷазода дар вазни то 73 кило Сомон Маҳмадбеков қувваозмоӣ кард. Ӯ дар даври аввал Ҳамсат Исоеви олмониро шикаст дод, вале дар даври дувум аз Фабио Басиле аз Италия мағлуб шуд.

Панҷ варзишгари дигари тоҷик - Далер Қурбонҷонов ва Комрон Мамадназаров(ҳарду дар вазни то 60 кило), Саидҷалол Саидов (дар вазни то 100 кило) ва Шакармамад Мирмамадов (дар вазни беш аз 100 кило) дар рақобатҳо миёни мардон ва Шоҳида Қаландарова (дар вазни то 57 кило) миёни занон - дар даври муқаддамотӣ шикаст хӯрданд.

Ғолибони Ekaterinburg Grand Slam 2019: мардон - 60 кг: ЛХВАГВАҶАМСУРЕН Униболд (Муғулистон). 66 кг: ЛЕ БЛОШ Килиан (Фаронса). 73 кг: МАСИАС Томми (Шведсия). 81 кг: МУКИ Саги (Исроил). 90 кг: ВАН Т ЭНД Ноел (Нидерланд). 100 кг: АДАМЯН Арман (Русия). +100 кг: БАШАЕВ Тамерлан (Русия). Занон – 48 кг: ПАРЕТО Паула (Аргентина). 52 кг: КОХЕН Гили (Исроил). 57 кг: ДЕГУЧИ Кристиа (Канада). 63 кг: ДАВИДОВА Даря (Русия). 70 кг: ГАҲИ Мари Ив (Фаронса). 78 кг: ИЗУМИ Мао (Ҷопон). +78 кг: АЛЗЕМАН Мария (Бразилия).

Дар Ekaterinburg Grand Slam 2019 дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Русия бо касби 7 медал (3 тилло, 2 нуқра ва 4 биринҷӣ) ҷойгоҳи аввалро азони худ кард. Исроил бо касби 5 медал (2 тилло, 1 нуқра ва 2 биринҷӣ) дар ҷойгоҳи дувум қарор гирифт. Фаронса бо касби 3 медал (2 тилло ва 1 нуқра) ҷойгоҳи севумро ишғол намуд. Тоҷикистон бо як медали биринҷӣ дар байни 47 кишвар 20-ум шуд.

Ғолибон ва ҷоизадорони Ekaterinburg Grand Slam 2019 ба ҷуз медал бо ҷоизаҳои молӣ сарфароз шуданд. Барои ҷойи аввал 5000 доллар, барои ҷойи дуюм 3000 доллар ва барои ҷойҳои сеюм 1500-долларии ИМА супурда шуд.

Зимнан, Ekaterinburg Grand Slam 2019, ки баъди Grand Prix дар Телавиви Исроил, Grand Slam дар Парижи Фаронса, Grand Slam дар Дюсселдорфи Олмон ва Grand Prix дар Марокаш панҷумин чорабинии имсола аз силсилаи мусобиқоти ҷаҳонии ҷудо ба шумор мерафт, ба варзишгарон имкон дод ҷиҳати дарёфти роҳхатҳо ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2020 дар Токио дар рейтинги ҷаҳониву олимпӣ имтиёзҳо ба даст биёранд. Ҳар як ғолиби «Тоскӯлоҳи бузург» 1000 имтиёз, ҷоизадори нуқра – 700 имтиёз, ҷоизадори биринҷӣ – 500 имтиёз гирифтанд.

Мусобиқаи ояндаи «Силсилаи ҷаҳонӣ» оид ба ҷудо тибқи тақвими соли 2019 «Гран-при» дар маркази Гурҷистон, шаҳри Тифлис, мебошад, ки рӯзҳои 29-31-уми март баргузор мешавад.

XS
SM
MD
LG