Шарофиддин Гадоев, яке аз фаъолони мухолифон дар хориҷ, гуфт, ки Додситонии Ҳолланд дар робита ба қазияи "дар Маскав рабуда ва ба Тоҷикистон бурда шудани ӯ" парванда боз кардааст ва таҳқиқро идома медиҳад.
Дар Русия тақрибан ду миллион шаҳрванди Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд. Соли 2020 дар Тоҷикистон ду интихобот мегузарад ва барои мухолифон муҳим аст, ки дар Русия бо муҳоҷирон кор кунанд
Ӯ рӯзи 7-уми март ва чанд лаҳза пеш аз нишасти матбуотиаш дар Амстердам ба хабарнигорони Радиои Озодӣ гуфт, дар Русия низ вакил мегирад ва мақомоти он кишварро ба чолиш мекашад.
Гадоев рӯзи 13-уми феврали имсол, ба гуфтаи худаш, бо нияти мулоқот бо "мақомоти баландпояи амниятии Русия" ба Маскав рафт ва субҳи 15-уми феврал дар Душанбе пайдо шуд. Чанд навори гуфтугӯи ӯ бо пулис, аъзои пешини "Гурӯҳи 24" ва хонаводааш нашр шуд, ки дар ин наворҳо Гадоев мегуфт, "озод аст" ва "ихтиёрӣ ба Тоҷикистон баргаштааст".
Ин наворро мақомот нашр карданд:
"Ихтиёрӣ" буд. ё "маҷбурӣ"?
Мақомоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон низ гуфтанд, ки ӯ "бо ибрози пушаймонӣ ба ватан баргаштааст". Вале Паймони миллӣ, эътилофи созмонҳои мухолифон дар хориҷ, навори қабл аз сафари ӯро нашр кард, ки дар онҷо Гароев мегӯяд, "худро ба ҳукумат таслим карданӣ нест".
Созмону кишварҳои ғарбӣ аз Тоҷикистон тақозо карданд, ки Гадоевро билофосила озод кунад. Шарофиддин Гадоев субҳи 2-юми март аз Тоҷикистон ба Аврупо баргашт ва ҳоло дар Ҳолланд қарор дорад. Ӯ паноҳандаи сиёсӣ дар ин кишвари аврупоист.
Ӯ рӯзи панҷшанбе гуфт, таҳти фишори мақомот изҳорот дода буд, ки "ихтиёрӣ" ба Тоҷикистон баргаштааст. Дар ҳоле ки, ба қавли ӯ, "дар дохили ҳавопаймо латту кӯб шуд ва зарбу лат дар Раёсати кофтукоби ҷиноии Вазорати корҳои дохилӣ идома кард".
Гадоев дар даст як куртаи сафеди хунолудро ҳам дошт ва иддао кард, ки "ин натиҷаи ҳамон латту кӯб аст". Баъдтар дар ҷараёни суолу ҷавоб Гадоев гуфт, "ин курта аз назари мақомот дур монд ва ӯ тавонист онро бо худ ҳамчун далел биёрад".
Мақомоти Тоҷикистон баъди ба Аврупо расидани Шарофиддин Гадоев ҳеч изҳорот надодаанд. Танҳо як намояндаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфта буд, ки ӯ афв шуда ва сипас, ҳаққи сафар ба Аврупоро ба даст овардааст.
Нишасти хабарӣ дар Амстердам
Нишасти хабарии Шарофиддин Гадоев рӯзи панҷшанбе дар Амстердам баргузор шуд.
"Мақомоти Тоҷикистон тақрибан ҳафт сол боз талош доранд, ки маро ба ватан баргардонанд. Бори аввал соли 2014 дар Испания дастгир шудам. Вале Додгоҳи Испания баъди ним сол истирдоди маро рад кард. Пас аз нокомиҳо, ҳукумат дар ҳамдастӣ бо Русия бо роҳи фиреб маро ба Маскав бурда ва аз онҷо дуздиданд. Намояндаи онҳо ба Олмон омада буд ва мо сӯҳбат кардем. Ҳадафи асосӣ ман набудам. Ҳадафи асосӣ Муҳиддин Кабирӣ буд”, - гуфт ӯ дар оғози нишасти матбуотӣ.
Чаро ба Русия рафтан муҳим буд?
Гадоев афзуд, ба Русия рафтани ӯ сабаб дорад ва он ҳам ба "фаъолияти озоди мухолифон" дар он кишвар рабт мегирад. Гадоев гуфт, тобистони соли гузашта ба онҳо аз Русия паём расида буд, ки ин кишвар ҳозир аст, ба мухолифони тоҷик иҷозаи фаъолияти сиёсӣ диҳад. Аммо нагуфт, ки ин паём аз кадом мақоми Русия ва ба кӣ расидааст.
"Дар Русия тақрибан ду миллион шаҳрванди Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд. Соли 2020 дар Тоҷикистон ду интихобот мегузарад ва барои мухолифон муҳим аст, ки дар Русия бо муҳоҷирон кор кунанд”, - афзуд ӯ.
Ин фаъоли мухолифин нақл кард, ки бори аввал моҳи ноябри соли гузашта бояд ба Калинингради Русия мерафт, вале дар Варшава боздошт шуд, чун дар рӯйхати Интерпол буд. Дафъаи дувум охири моҳи ноябри соли 2018 аз Амстердам ба Маскав рафта, бо мақомоти амниятии Русия мулоқот кардааст. Наворе, ки мухолифин замони дар Тоҷикистон будани Гадоев нашр карданд, пеш аз сафари моҳи ноябраш ба Русия сабт шудааст.
Ин наворро мухолифон нашр карданд:
Вай мегӯяд, "дар онҷо нафаре бо номи Максим суҳбатҳои маро бо мақомоти Русия ҳамоҳанг мекард". Гадоев мегӯяд, рӯзи 13-уми феврал ба Маскав рафт ва рӯзи 14-уми феврал "дар роҳ ба мулоқот бо намояндагони Шӯрои амнияти Русия аз тарафи шаш-ҳафт нафар гирд карда шуд ва ӯро скотч печонда, ба фурудгоҳ бурдаанд".
Дар Душанбе чӣ гуфтанд?
Ин фаъоли мухолифин дар идома иддао кард, ки дар фурудгоҳ ҳуҷҷатҳояшро гирифта, дар бахши "бизнес-класс"-и ҳавопаймои "Сомон Эйр" ҷо кардаанд ва дар ҳоле, ки ба гуфтаи худаш мехост фарёд занад, ӯро латту кӯб намудаанд.
Гадоев гуфт, баъди онки ба Душанбе расиданд, ӯро аз фурудгоҳ ба таҳхонаи Раёсати кофтукоби ҷиноии Вазорати корҳои дохилӣ бурдаанд.
"Дар он ҷо се пешниҳод карданд. Якум. Аз омадани ман касе хабар надорад ва метавонанд, кушанд. Дувум. Чизе, ки зарур аст, аз тариқи шиканҷа мегиранд ва хуб раҳм кунанд, 25 сол зиндонӣ мекунанд ё ки умрбод. Сеюм. Бо онҳо ҳамкорӣ кунам ва маро нимаозод мегузоранд. Ман гуфтам, ки сари пешниҳоди сеюми шумо фикр мекунам."
Ба иддаои Гадоев, вақте пешниҳоди севумро пазируфт, аз ӯ хостаанд, ки "дар назди дурбин эътироф кунад, мухолифон аз созмони Сорос пул мегиранд ва ҲНИ дар Мозандарони Эрон "лагер" дорад".
"Хаста шудам ва чизе мегуфтанд, такрор мекардам. Хоб накарда будам. Зери латту кӯб ҷисману рӯҳан хаста будам. Тоби ҳарфҳои онҳоро надоштам. Се генерал режиссёр буданд ва ман актёр будам", - афзуд ӯ.
Гадоев иддао кард, ки гӯё шаби 16-уми феврал бо раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ҳам суҳбат кардааст. Аммо тасдиқи гуфтаҳои ӯ аз манбаъҳои дигар имкон надорад. Ва мақомот низ то ба ҳол ба иддаои Гадоев ҳеч вокуниш накардаанд.