Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чӯпони тоҷик: "Илоҷи фирор набуд, чун аз чор тараф силоҳ доштанд"


Тӯрахон Нурматов тақрибан ду моҳ асири қочоқбарони афғон буд ва аввали ҳафта озод шуд. Чӯпони 42-солаи тоҷик рӯзи 28-уми феврал дар суҳбат бо Радиои Озодӣ нақл кард, ки ӯро дар ин муддат дар хонаи тангу тор ва зери фишори равонӣ нигоҳ доштаанд.

Намедонам, ки дар кадом деҳа ё минтақаи Афғонистон дар асорат будам. Аммо, ҳамеша аз забони онҳо номи “шаҳри Бузурги Бадахшонро” мешунидам. Ҳеч имкони фирор набуд

Нурматов, ки дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин (Шӯрободи собиқ) чорвои як хонаводаро бонӣ мекард, рӯзи якуми январи имсол аз тарафи афроди ношинос рабуда шуд.

Баҳси 40 ҳазор доллар аз куҷост?

Қочоқбарон ба ивази озодии ӯ аз моликони чорво 40 ҳазор доллар талаб карданд ва онро пули маводи мухаддире донистанд, ки гӯиё чаҳор сол пеш ба онҳо дода буданд.

"Иҷоза набуд, ки ба берун бароям. Бисёр ҳақорат мекарданд ва мегуфтанд, бигӯ пулро биоранд ва мо туро озод мекунем. Баъди беш аз 50 рӯз фармондеҳи афғон бо номи Башир маро аз дасти қочоқбарон озод кард ва ба мақомоти Тоҷикистон супурд", - нақл кард ӯ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.

"Чаҳор сол пеш буд"

Чӯпони тоҷик мегӯяд, муддате мақомоти Тоҷикистон ҳам ӯро бозпурсӣ карданд ва ҳоло дар озодӣ аст. Қаблан Хушвахт Машрабзода, додситони шаҳри Кӯлоб, дар як нишасти хабарӣ гуфта буд, ки бино ба иттилои дарёфтии онҳо эҳтимол чӯпон низ бо қочоқбарон муомила дорад.

Аммо Тӯрахон Нурматов гуфт, бо қочоқбарон ҳеч робита надошт ва ин масъаларо ба мақомоти Тоҷикистон ҳам гуфтааст. Ӯ афзуд, ду сол боз чорвои хонаводаи Саймуддин Қурбоновро дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин бонӣ мекунад. Аммо баҳси чиҳил ҳазор доллар ва маводи мухаддир, ба қавли ӯ, ба чаҳор соли пеш бармегардад.

Худи Саймуддин Қурбонов, ки дар ин ҳодиса "қаҳрамони асосӣ" ба шумор меравад, се сол пеш бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир ба 17 соли зиндон маҳкум шудааст. Аъзои хонаводаи вай то ба ҳол ба ин қазия ва инчунин иддаои қочоқбарони афғон посух надодаанд.

"Бо "баллони" трактор аз дарё гузаронданд"

Тӯрахон Нурматов мегӯяд, ӯ аз ҷараёни муомилаи маводи мухаддир ва чиҳил ҳазор доллар ҳеч дарак надошт ва маҷбурӣ аз тарафи қочоқбарон асир гирифта шуд. Дар шарҳи ҳодисаҳои рӯзи 1 январи имсол Нурматов гуфт, машғули чаронидани чорво буд, ки ба наздаш чор нафар афғонҳо омада сӯҳбат карданду баъдан бо таҳдиди силоҳ ӯро бо худ бурданд. Нурматов гуфт:

"Ман ба нигоҳубини чорво машғул будам. Аз чаҳор тараф ба сӯям силоҳро рост карда ба марз бурданд ва ба "балони" трактор шинондаву аз дарё гузаронданд. Намедонам, ки дар кадом деҳа ё минтақаи Афғонистон дар асорат будам. Аммо ҳамеша аз забони онҳо номи “шаҳри Бузурги Бадахшонро” мешунидам. Ҳеч имкони фирор набуд", - гуфт ӯ.

Марзи Тоҷикистону Афғонистон
Марзи Тоҷикистону Афғонистон

Нурматов мегӯяд, каме хаста шудааст, вале дар маҷмӯъ вазъи саломатиаш хуб буда, феълан дар назди хонавода дар ноҳияи Восеи вилояти Хатлон қарор дорад.

Тӯрахон Нурматови 42-сола сокини ҷамоати Тугараки ноҳияи Восеи вилояти Хатлон аст, вале солҳои охир дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин кор мекард.

Ноҳияи девор ба девор бо Афғонистон

Ноҳияи Шамсиддини Шоҳин (Шӯрободи собиқ) бо Афғонистон беш аз 100 километр марзи муштарак дорад ва яке аз минтақаҳои осонгузари сарҳади Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Аз кишвари ҳамсоя, ки бузургтарин тавлидкунандаи маводи мухаддир аз ҷумла ҳероин дар ҷаҳон аст, аз ин роҳ афюну тарёку ҳероин ба кишварҳои дигар меравад.

Дар гузашта ҳодисаҳои аз ҷониби сокинони Афғонистон ба он сӯи марз бурда шудани шаҳрвандони Тоҷикистон ҷой доштааст. Бештари ин ҳодисаҳо ба “додугирифти маводи мухаддир" рабт мегирифт.

XS
SM
MD
LG