Як афсари нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар наздикии сарҳад бо Афғонистон кушта шудааст. Мақомоти расмии Тоҷикистон то ба ҳол ин иттилоъро тасдиқ ё рад накарданд.
Ҷасади афсари тоҷик шаби гузашта ташхис ва сипас барои дафн ба зодгоҳаш – ноҳияи Мастчоҳ – фиристода шудааст
Вале як манбаъ дар ниҳодҳои интизомии вилояти Хатлон рӯзи 5-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, майор Суханвар Олимиён (Ҳамидзода) аз ноҳияи Мастчоҳ буда, тақрибан чаҳор моҳ пеш дар дидбонгоҳи "Баҳорак"-и ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба кор сар кардааст.
"Ҳодиса нимирӯзи 4-уми январ рух додааст. Бар асоси таҳқиқи ибтидоӣ, Суханвар Олимиён дар мавзеи "Дубеда" ҳадафи тир қарор мегирад", - афзуд мусоҳиби мо.
Ӯ гуфт, Суханвар Олимиён аз тарафи рости шикам тир хӯрда ва бар асари хунравии зиёд фавтидааст: "Номаълум аст, кӣ ва аз куҷо паррондааст. Ҳозир ҷустуҷӯ доранд. Ҳамроҳонаш ҷойи ҷароҳатро баста, то беморхонаи Саричашма овардаанд, вале табибон гуфтанд, ӯ дар роҳ ҷон додааст."
Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, ҳодиса замоне рух додааст, ки Суханвар Олимиён ва ҳафт ҳамроҳи дигараш чӯпони рабудашудаи тоҷик Тӯрахон Нурматов аз тарафи гуруҳи силоҳбадастонро дар марз ҷустуҷӯ мекарданд.
- Нурматови 42-сола, ки рамаи мутааллиқ ба Саймуддин Қурбонов, як сокини ноҳияи Шамсиддин Шоҳинро бонӣ мекард, рӯзи якуми январ аз ҷониби гурӯҳи силоҳбадастони афғон ба раҳбарии шахсе бо номи Собир рабуда шудааст. "Собир ба ҳамсари чӯпон телефонӣ гуфтааст, ки "Саймуддин Қурбонов 30 ҳазор доллари маро диҳад, чӯпонро бармегардонам", - гуфт як манбаи Радиои Озодӣ дар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ.
Ҷузъиёти аз ин бештари ҳодиса дастрас нест. Танҳо гуфта мешавад, ҷасади афсари тоҷик шаби гузашта ташхис ва сипас барои дафн ба зодгоҳаш – ноҳияи Мастчоҳ – фиристода шуда, Додситонии ҳарбӣ низ ба таҳқиқи ҳодиса оғоз кардааст.
Ҳамсуҳбатони мо дар мақомоти низомии Мастчоҳ хабари ҳалокати Суханвар Олимиёнро дар марз тасдиқ карда, вале гуфтанд, сабабҳояшро намедонанд. "Бале, ҷасадро аз ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба инҷо фиристодаанд, вале ҳанӯз дар роҳ аст. Дар сурати дастрас кардани ҷасад, ба хонаводааш месупорем", - гуфтанд онҳо.
Суханвар Олимиён 35 сол дошта, зодаи деҳаи Эсизи ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд аст.
Як масъули ҷамоати Мастчоҳи ноҳияи Мастчоҳ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, майор Суханвар Олимиён бегоҳи ба хок супурда шуд. “Ӯ Академияи Хадамоти федеролии амнияти Русияро низ хатм карда буд. Аз афсар ду фарзанд ятим мондааст”, - афзуд ҳамсуҳбати мо, ки нахост номаш бурда шавад.
Тоҷикистон бо Афғонистон 1400 километр марз дорад ва мақомоти тоҷик мегӯянд, аз назари амниятӣ ва таҳдиди гурӯҳҳои қочоқбар ва ифротӣ марз осебпазир боқӣ мемонад.
Моҳи декабри соли 2017 дар даргирӣ бо гурӯҳе аз қочоқбарони афғон полковники нерӯҳои мазбонӣ Хайриддин Аҳтамов кушта шуда буд. Тобистони соли гузашта низ дар наздикии марз бо Афғонистон ду ҷанглабони тоҷик ҳадафи тири афроди силоҳбадаст қарор гирифтанд.