Шероз Ҳайдаров, афсари нерӯҳои марзбонӣ, ки дар дидбонгоҳи "Баҳорак"-и ноҳияи Шамсиддини Шоҳини вилояти Хатлон ифои вазифа мекард, дар марги ҳамкораш майор Суханвар Олимиён муттаҳам шуд.
- Олимиён рӯзи 4-уми январ дар амалиёти ҷустуҷӯи чӯпони рабудашудаи тоҷик дар наздикии марз бо Афғонистон аз паҳлӯи шикамаш тир хӯрд ва бар асари хунравии зиёд ҷон бохт. Он замон манобеъ гуфта буданд, ки маълум нест, тир аз куҷо ва чӣ гуна ба ӯ расидааст.
Раҳбари гуруҳ бо номи Собир ба ҳамсари чӯпон телефонӣ гуфтааст, ки Саймуддин Қурбонов аввал 30 ҳазор доллари ӯро бидиҳад, сипас чӯпонро бармегардонанд
Як манбаъ дар Додситонии минтақаи Кӯлоб рӯзи 8-уми январ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки лейтенант Шероз Ҳайдаров он рӯз ҳамроҳи шаш нафари дигар дар паҳлӯи Суханвар Олимиён буд ва тири ӯ "нохост ба майори нерӯҳои марзбонӣ расидааст".
Ҳоло нисбат ба Шероз Ҳайдаров бар асоси қисми дуи моддаи 387- и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон – "Вайронкунии қоидаҳои муносибат бо яроқ, ки аз беэҳтиётӣ боис ба марги ҷабрдида гардидааст" – парванда боз шуда, худи ӯ дар боздошт қарор дорад. Ин моддаи қонуни ҷиноӣ то 5 соли маҳрумият аз озодиро пешбинӣ мекунад.
Тафсилоти аз ин бештари парванда маълум нест. Манобеъ ба хотири халал ворид накардан ба ҷараёни тафтишот аз шарҳи ҳодиса, ки чӣ гуна тири Шероз Ҳайдаров ба шиками Суханвар Олимиён бархӯрд, худдорӣ мекунанд. Ҳамчунин, маълум нест, ин ҳодиса дар ҳолати оромӣ ё даргирӣ бо силоҳбастони он сӯи марз иттифоқ афтодааст.
Шероз Ҳайдаров 23-сола ва ноҳияи Рӯшони вилояти Бадахшон аст.
Суханвар Олимиёни 35-сола аз ноҳияи Мастчоҳ тақрибан чаҳор моҳ пеш дар дидбонгоҳи "Баҳорак"-и ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба кор сар карда буд. Ӯро рӯзи панҷуми январ дар зодгоҳаш дафн карданд.
Дар ҷамоати Мастчоҳи ноҳияи Мастчоҳ гуфтанд, ки майор Суханвар Олимиён Академияи Хадамоти федеролии амнияти Русияро хатм карда буд ва аз ӯ ду фарзанд ятим мондааст.
Ин ҳодиса ҳангоми ҷустуҷӯи чӯпони тоҷик Тӯрахон Нурматов иттифоқ афтодааст, ки рӯзи якуми январи имсол аз тарафи гуруҳи силоҳбадасти афғон ба раҳбарии Собир ном шахсе рабуда шуд. Нурматови 42-сола рамаи мутааллиқ ба Саймуддин Қурбонов, як сокини ноҳияи Шамсиддин Шоҳинро бонӣ мекард.
Бино ба иттилои манобеъ дар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, "раҳбари гуруҳ бо номи Собир ба ҳамсари чӯпон телефонӣ гуфтааст, ки Саймуддин Қурбонов аввал 30 ҳазор доллари ӯро бидиҳад ва сипас чӯпонро бармегардонад".
Тоҷикистон бо Афғонистон 1400 километр марз дорад ва мақомоти тоҷик мегӯянд, аз назари амниятӣ ва таҳдиди гурӯҳҳои қочоқбар ва ифротӣ марз осебпазир боқӣ мемонад.
Моҳи декабри соли 2017 дар даргирӣ бо гурӯҳе аз қочоқбарони афғон полковники нерӯҳои марзбонӣ Хайриддин Аҳтамов кушта шуд. Тобистони соли гузашта низ дар наздикии марз бо Афғонистон ду ҷанглабони тоҷик ҳадафи тири афроди силоҳбадаст қарор гирифтанд.