Дар шаҳри Кӯлоб пули зиёди фарсуда дар гардиш аст, ки баъзан мояи баҳс ва ҷанҷоли фурӯшандаву харидор мешавад.
Беҳтар мебуд, ки бештар тангаҳоро ба муомилот мебароварданд
Мақомот мегӯянд, соли гузашта ба хазинаи Бонки Миллии Тоҷикистон дар Кӯлоб беш аз 13 миллион сомонӣ пули фарсуда ворид шуда, дар иваз пулҳои нав ба муомилот баромад. Аммо ҳанӯз ҳам пулҳои фарсуда дар дасти мардум мегарданд.
Ронандаҳои нақлиёти мусофирбар шикоят доранд, ки бонкҳои Кӯлоб пеш аз қабули пулҳои фарсуда шарти худро мегузоранд.
Сайфиддин Назриев, ронандаи мусофиркаш рӯзи 26-уми феврал гуфт, “барои мисол, таъкид мекунанд, ки садто пули фарсуда биоред, баъд иваз мекунем. Мо ҳар рӯз вақти холӣ надорем, ки ба пушти дари бонкҳо равем.”
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Бино ба қонунҳои Тоҷикистон, бонкҳо муваззафанд, ки пулҳои фарсударо бидуни шарт ва маҳдудсозӣ аз мардум бигиранд ва ва ба ҷои он пулҳои нав диҳанд.
Нурмуҳаммад, сокини Кӯлоб, дар масири рақами чаҳори шаҳр, мусофир мекашад. Роҳкиро ҳамеша бо пулҳои фарсуда пардохт мешавад. Тибқи муқарарот, ӯ ӯҳдадор аст ва ин пулҳоро бипазирад.
Вай мегӯяд, гоҳе бо ин пулҳо бақияро медиҳад, ки норозигии мусофиронро ба миён меорад. “Роҳкиро бо 1 сомонӣ ва 3 сомонӣ пардохт мешавад ва бештари пулҳои фарсуда низ ҳаминҳоянд. Беҳтар мебуд, ки тангаҳоро ба муомилот мебароварданд”, - афзуд ҳамсуҳбати мо.
Бонки Миллии Тоҷикистон низ дар оғози имсол аз сокинони кишвар хост, ки танга ё дирамҳои филизии худро дар хона захира накарда, ба муомилот бароранд.
Бо ин ҳол, тоҷирону ронандаҳо, ки барои муштарӣ дар Кӯлоб дар рақобати шадид қарор доранд, мегӯянд, гоҳе доштани пулҳои даридаву чиркин ҳам “давлати бузург аст”.
Дар бозори Тоҷикистон аз ҳама бештар пули хурд дар муомилот аст. Барои намуна теъдоди пули 1 сомонӣ дар бозор беш аз 40 миллион дона ва ё 19 дар сади умумии пулҳо будааст.